Главная / Илм / МЕЛАНОЗИ ПуСТ

МЕЛАНОЗИ ПуСТ

melanozi-pustМЕЛАНОЗИ ПуСТ (Melanosis cutis; юн. melas, melanos – сиёх), меланодермия, меланопатия, бемориест, ки бинобар дар таркиби пуст бисёр гун шудани пигмент (асосан пигменти меланин) рух менамояд. М. п., одатан, дар натичаи тамоси бардавоми саноати (баъзан маиши) бо карбогидридхо (махсули тактири нефт, ангиштсанг, сланетс ва г.), ки хангоми нафас кашидани хавои ифлос ё аз рохи меъдаю рудахо ва пуст ба организм ворид мешаванд, падид меояд. Ба инкишофи бемори захролудии музмин, ихтилоли эндокрини (гипокортисизм), баланд будани хассосияти пуст ба таъсири нури офтоб ва г. мусоидат мекунанд.
Дар огози бемори дар чойхои кушодаи пуст (руй, гардан, даст) андаке сурхи, баъд догхои сиёхтоб пайдо мешаванд. Догхо тадричан диг. кисматхои пустро низ фаро мегиранд; онхо хачман афзуда ба хамдигар омезиш меёбанд ва лаккахои калонро ба вучуд меоранд. Баъзан хоришу сузиши пуст низ беморонро безобита мекунад. Пас аз чанд вакт дар пусти хами бозу папулахои хурду сершумори нугашон тез, ки бо пулакча фаро гирифта шудаанд, падид меоянд. Пусти иллати ба назар мисли когази регдор менамояд. Хамин тавр, пуст тадричан тунук шуда, ба когази гичимкардаи папирос мемонад; аз тахти он шохахои рагхои хунгузарро баръало дидан мумкин аст; ранги пуст ало шуда, пойкилодермия инкишоф меёбад.
Барои муоличаи М. п. кабл аз хама тамос бо карбогидридхо бояд катъ карда шавад; аз кортикостероидхо, витаминхои А, РР, В, кислотаи аскорбинат ва мархамхои гуногун истифода мебаранд. Дар сурати саривакти огоз кардани муолича пешомади бемори хуб аст.

Х. Ч. Усмонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …