Главная / Илм / МЕЛАНОМА

МЕЛАНОМА

melanomaМЕЛАНОМА (Melanoma; юн. melas, melanos – сиёҳ ва … ома), меланобластома, меланокарсинома, меланосаркома, меланоситома, невокарсинома, омоси бадфарҷом, ки аз ҳуҷайраҳои пигментофар – меланоситҳо ташаккул меёбад. М. бисёр вақт дар пӯст ба мушоҳида мерасад, вале он метавонад дар рӯда (асосан рӯдаи борик ва рост), пардаи майна ва ҳароммағз, шабакия, ҷисми мижгоншакл, қарния низ ба вуҷуд ояд. М.-и пӯст дар бештарин ҳолатҳо дар заминаи хол ё меланози пӯст инкишоф меёбад. Аксаран занҳо бемор мешаванд; омос дар онҳо бештар дар пой (дар мардҳо дар тан) ба мушоҳида мерасад. Ба пайдоиши М.-и пӯст радиатсияи баланди офтоб, осеб ёфтани хол ва ғ. мусоидат мекунанд.
М. дар ибтидо имкон дорад дар шакли папилома, захм ё чизи дигар ба вуҷуд ояд; ранги он сиёҳтоб, баъзан умуман беранг аст. Рушди манбаи аввалияи беморӣ аз афзоиши андозаи холи пигментӣ ё дар пӯст пайдо шудани доғи рангин оғоз меёбад. Ба зуҳуроти аввалини М. баъзан тағйир ёфтани ранги хол, ҳамчунин аз андак осеб захмину хуншор шудани он мансуб мебошанд. Манбаи аввалини хурди омос, ки меланин надорад (М.-и бепигмент), мумкин ба назар чандон намоён нагардад. Бо мурури рушди омоси аввалин дар атрофи он дар пӯст доғҳои пигментӣ ва дар уқдаҳои лимфавии канорӣ метастазҳо ба вуҷуд меоянд. Метастазҳо мумкин аст дар шуш, ҷигар, майна, устухон, рӯда ва диг. узвҳою бофтаҳо низ пайдо шаванд. М.-ро бо усули ситологӣ ва гистологӣ ташхис мекунанд.
Муолиҷа ва пешомади беморӣ ба давраи густариши он вобаста аст. Дар давраҳои аввал бурида дур сохтани манбаи беморӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Дар мавриди дар уқдаҳои лимфавӣ вуҷуд доштани метастаз онҳоро бурида мепартоянд, химиотерапия ё иммунотерапия мегузаронанд. Метастази уқдаҳои лимфа ва узвҳои дарун оқибати хуб надорад.

М. С. Исоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …