Главная / Илм / МЕЛАНОМА

МЕЛАНОМА

melanomaМЕЛАНОМА (Melanoma; юн. melas, melanos – сиёх ва … ома), меланобластома, меланокарсинома, меланосаркома, меланоситома, невокарсинома, омоси бадфарчом, ки аз хучайрахои пигментофар – меланоситхо ташаккул меёбад. М. бисёр вакт дар пуст ба мушохида мерасад, вале он метавонад дар руда (асосан рудаи борик ва рост), пардаи майна ва хароммагз, шабакия, чисми мижгоншакл, карния низ ба вучуд ояд. М.-и пуст дар бештарин холатхо дар заминаи хол ё меланози пуст инкишоф меёбад. Аксаран занхо бемор мешаванд; омос дар онхо бештар дар пой (дар мардхо дар тан) ба мушохида мерасад. Ба пайдоиши М.-и пуст радиатсияи баланди офтоб, осеб ёфтани хол ва г. мусоидат мекунанд.
М. дар ибтидо имкон дорад дар шакли папилома, захм ё чизи дигар ба вучуд ояд; ранги он сиёхтоб, баъзан умуман беранг аст. Рушди манбаи аввалияи бемори аз афзоиши андозаи холи пигменти ё дар пуст пайдо шудани доги рангин огоз меёбад. Ба зухуроти аввалини М. баъзан тагйир ёфтани ранги хол, хамчунин аз андак осеб захмину хуншор шудани он мансуб мебошанд. Манбаи аввалини хурди омос, ки меланин надорад (М.-и бепигмент), мумкин ба назар чандон намоён нагардад. Бо мурури рушди омоси аввалин дар атрофи он дар пуст догхои пигменти ва дар укдахои лимфавии канори метастазхо ба вучуд меоянд. Метастазхо мумкин аст дар шуш, чигар, майна, устухон, руда ва диг. узвхою бофтахо низ пайдо шаванд. М.-ро бо усули ситологи ва гистологи ташхис мекунанд.
Муолича ва пешомади бемори ба давраи густариши он вобаста аст. Дар даврахои аввал бурида дур сохтани манбаи бемори натичаи дилхох медихад. Дар мавриди дар укдахои лимфави вучуд доштани метастаз онхоро бурида мепартоянд, химиотерапия ё иммунотерапия мегузаронанд. Метастази укдахои лимфа ва узвхои дарун окибати хуб надорад.

М. С. Исоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …