Мўҷиби ифтихор, таҳсин ва сипоси бекарон аст, ки миллати мо бо шарофати Президенти кишвар, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфт, соҳиби марзу бум гашт ва билохир ба истиқлолияти ҳақиқӣ расид. Ва имрўз дар ҷумҳурӣ ҳаёт бо ҷўшу хурўш пеш меравад. Кас аз пешрафт ва тарақиёти рўзафзуни ҷумҳурӣ басо шод мегардад. Чунин пешрафт ва тараққиёт дар ҳама соҳаҳо равшан ба назар мерасад. Арҷ гузоштан ба сарватҳои маънавию фарҳангӣ низ рў ба рушду густариш дорад. Дар ин ҷода ҳамарўза кўшишҳое ба харҷ дода мешавад. Ва дар ин самт зиёиёни кишвар, бахусус адибон пешсаф буда, саҳми арзанда мегузоранд.
Қобили зикр аст, ки Сайидалӣ Маъмур дар ин ҷода заҳмати зиёде ба харҷ дода, матолиби тоза ва пурарзише дар ихтиёри хонандагон гузоштааст. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2004 ба муносиҳати 60-солагии шоир бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёташ китоби дастҷамъии “Одам ба одам зиндааст” ба табъ расид, ки аз сўи аҳли адаб ва хонандагон бо истиқболи гарм мувоҷеҳ шуд. Ва инак, китоби нави шоир чун ҷавоб ба меҳрномаи дўстон бо унвони “Сухан аз дўстон ва устодон” дар хидмати хонандагони гиромии кишвар қарор гирифт. Китоб бо банду басти зебо, бо теъдоди 500 нусха нашр шудааст. Бояд тазаккур дод, ки мутолиаи китоб муҳаббати хонандаро ба адабиёт, бузургони сухан ва дўстону устодон афзун мекунад. Аз ин рў бо боварӣ метавон гуфт, ки китоб арзиши баланде дорад. Маҷмўа аз панҷ қисм: “Намуна аз мақолаҳо ва тақризҳо”, “Сафарнома”, “Шеърҳо дар боби сухан ва суханварон”, “Ба дўстон, аз дўстон” ва “Хотираҳо” фароҳам омада наваду се мақолаю шеърро дар бар мегирад, ки солҳои гуногун эҷод гашта, бори нахуст дар шакли маҷмўаи алоҳида ба табъ мерасанд. Китоб меҳрномаи шоири болиғназар ба дўстон ва устодон аст, ки дар сурати мақола, тақриз, сафарнома, шеър ва хотираҳо ба қалам омадааст. Чун китобро ба даст гирифтам мисраҳои шоири тавоно Низомии Ганҷавӣ ба ёд омад:
“Сухан к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд”.
Агар аз рўи ин меъёр баҳо диҳем, ҳар як асари китоб на танҳо аз сари андеша, балки бо меҳру ихлос, сидқу сафо ва ишқу вафо иншо шудааст.
Таронаи дирўз, имрўз ва фардои муҳаббату садоқати як дилдодаи сухан аст. Бале, чунон ки Шайх Саъдӣ мефармояд:
“Дилам хонаи меҳри ёр асту бас,
Аз он менағунҷад дар ў кини кас”.
Ҳаққо, ки дилро ба дил раҳест!
Китоби “Сухан аз дўстон ва устодон” аз он ҷиҳат маро шоду сарфароз кард, ки дар ҳар сатри онҳо ихлосу меҳру муҳаббати бекарони ў нисбати фарзандони сарбаланди тоҷик ва ҳар ваҷаб хоки диёр эҳсос карда мешавад.
Ҳароина, пос доштани нону намак, сухани нек гуфтан, қадршинос будан амри басо хайр ва савоб аст. Аз дуруди ҳазрати қудс-ул Амирҷонам ин хитоб ба забон меояд:
“Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар ўро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод
Нависандаи ин сатрҳо солиёни зиёде ба ин тараф шоҳиди талош ва заҳамоти Сайидалӣ Маъмур дар майдони сухан мебошам. Аслан, дар майдони адабиёт на ҳар қаламкаш мавқеи хоса ва устувор пайдо карда метавонад. Қаламкашоне буданд ва ҳастанд, ки бо шўру ғавғо ба майдони сухан ворид мегарданд, вале роҳи худро наёфта, роҳгум мезананд ва хомўш мешаванд. Сайидалӣ Маъмур бошад дар майдони сухан роҳи худро дарёфтааст. Чакидаҳои қаламаш низ ба роҳу равиши худи ў сурат мегирад. Ин буд, ки ба комёбиҳои чашмгире даст ёфтааст. Аммо ҳеҷ гоҳ хоксориву фурўтаниро аз даст надодааст. Бубинед, ки Ҳаким Фирдавсӣ чӣ мефармояд:
“Фурўтан бувад, ҳар кӣ дорад хирад,
Сипеҳри ҳаме дар хирад парварад”.
Зимнан бояд ёдовар шуд, ки Сайидалӣ Маъмур тақдири худро бо дастони худ сохтааст. Хатти қисмати вай пурпечу душворгузар ва ибратомўз аст. Ва ин хатро фармудаи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъбаст мекунад:
“Зи ҳафтоду ду миллат кард Ҷомӣ рў ба ишқи ту,
Вале ошиқ надорад мазҳабе ҷуз тарки мазҳабҳо”.
Бале, ўро ишқи Ватан пуштибону раҳнамост!
Ҷои таҳсин аст, ки китоб бо мақолаи “Бибии қиссагўям”, ки ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонова бахшида шудааст, оғоз мегардад. Муҳаққиқ дар бораи эҷози сухани шоира ва мақому мартабаи ў сухан меронад. Ин хеле рамзист. Зеро, аввалан, шоира тамоми умр барои бачагон шеър эҷод кардааст. Сониян, бачаҳо меваи ҳаёти мо ва ояндаи кишварамон ҳастанд.
Сайидалӣ Маъмур як нуқтаи бисёр ҷолибро хотирнишон месозад: “…бачагони имрўз аз бачагони солҳои пешин фарқ мекунанд. Онҳо зиёдтар зираку кунҷкоб буда, ҳама чизро донистан мехоҳанд. Акнун онҳоро бо қиссаи мушу гурба, заргўшу хирсак, бузаки ҷингилапо ба ҳайрат оварда намешавад”.
Дар ин радиф Сайидалӣ Маъмур хеле саривақт ва дуруст қайд мекунад, ки дар китобҳои дарсӣ шеърҳое дохил шудаанд, ки бофтаҳои хушку холӣ буда, ба завқи хонанда ҷавобгў нестанд. Барои тасдиқи фикри худ чунин мисол меорад: “…Боре чунин ҳодиса рўй дод: муаллима (аз рўи прогараммаи синфи дуюм) шеъреро дар бораи Ватан азёд додааст. Писарам Масрур, ки то ин дам ба осонӣ ҳар шеърро азёд менамуд, ҳарчанд зўр зад, аммо азбар карда натавонист. Талаб кардам, ки батакрор хонад. Субҳи дигар пурсидам. Шеърро қариб азёд кардааст. Лек ба мазмуну гуфтаҳои худ сарфаҳм намерафт. Калимаҳои барои хонандаи хурдсол душфорфаҳм кам набуданд”.
Аз ин рў барои бачагон шеър гуфтан то чӣ дараҷа мушкил ва дар айни замон бошараф аст. Ва табиист, ки на ба ҳар шоир даст медиҳад, ки барои бачагон шеър гўяд. Шоир Гулчеҳра Сулаймоноваро аз ҷумлаи хушбахтон мешуморад ва сурудаҳои дили зебову меҳрпарвари ўро ба риштаи таҳқиқ мекашад.
Аз нигоҳи Сайидалӣ Маъмур шеъри Гулчеҳра Сулаймонова аз дигар адибони барҷаста, ки тамоми эҷодиёти худро ба ҳаёти бачагон бахшидаанд, бо равонӣ, хушоҳангӣ ва мазмуннокӣ фарқ мекунад. Воқеан ҳам Гулчеҳра Сулаймонова ба шеъри бачаҳо ҳаёт ва ҳаракату нерў бахшид. Аз ин рў шеърҳои ў ба як хондан азбар мешавад. Меҳри бачаҳо ба падару модар, хоҳару додари худ бештар шуда, ба Ватани зебои худ дил мебанданд. Ин аст, ки шеърҳои ў аз забон ба забон, аз дил ба дил мегузаранд. Ва то имрўз на танҳо вирди забони бачагон, балки калонсолон ҳам мебошад.
Бешубҳа, ин бахти бузург аст барои эҷодкор.
Дар мақолаи “Кори хайр” оиди тарҷума сухан меронад. Дар он нукоте арзишманд баён мешавад. Воқеан ҳам тарҷума кори хайр аст ва вазифааш пайвандгари дилҳо мебошад. Оре, тарҷума ҳамеша аҳамияти фавқулъода калони адабию эстетикӣ дошт, дорад ва хоҳад дошт. Зеро, аввалан хонандагони тоҷик ба туфайли тарҷума бо маданияту адабиёти ҷаҳон аз наздик ошно мегарданд. Сониян, барои инкишоф ёфтани тафаккуру завқи онҳо зиёд кўмак мерасонад. Таҳлили сирру асрори тарҷумаро танҳо Сайидалӣ Маъмур барин шоирони заҳматқарин ба ўҳда гирифта метавонанд. Зеро то имрўз бо хоҳишу фармони дили худ тарҷумаи бисёреро анҷом додааст. Тавассути тарҷумаҳои ў мо ба дурдонаҳои назми симоҳои барҷастаи адабиёти дунё – Федерико Гарсиа Лорка, Иннокентий Анненский, Яков Полонский, Абдулло Орифов, Аннабердӣ Оғобоев, Рыгор Бородулин, Танзила Зумақулова, Людмила Шипахина, намунаҳои назми булғору муғул ва ғайраҳо шинос шудем. Ва дар ин ҷода комёб ҳам гардидааст. Далели ин гуфтаҳои шоираи балқар Танзила Зумақулова мебошад: “Бар ивази ин ҳама некиҳоят аз ман набинӣ, аз Худо бин”.
Магар аз ин мукофоти баланд ҳаст!?
Сайидалӣ Маъмур тарафдори тарҷумаест, ки ба манфиати адабиёт ва суди адиб бошад. Ин аст, ки бо сўзи дил мегўяд: “Дилам ба шоире месўзад, ки шеъраш бад тарҷума шудааст”.
Ў аз аввалин тарҷумонҳое ёдовар мешавад, ки сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷудаи аҳди худ, дар амри тарҷума кардану дастраси мардум гардонидани беҳтарин осори бадеии нависандагони дунё нақши бузург бозидаанд. “Намунаҳои хуби тарҷумаро устодон Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Муҳиддин Аминзода мерос гузоштаанд”.
Мо ба ин гуфтаҳои Сайидалӣ Маъмур ҳамназирии комил дорем: “Шеърро бояд шоир тарҷума кунад. Имрўз ҳоҷат ба исботи ин фикр намондааст. Тадқиқотчиён қайд кардаанд, ки дар Россия аз Пушкину Жуковский то Ахматоваю Мартинов ба тарҷумаи бадеӣ пеш аз ҳама шоирони бузург ва хуб машғул буданд”.
Муаллиф дар ин замина қайд мекунад, ки маҷмўаи шеърҳои “Гулафшон”-и Сергей Есенин, ки онро шоирон Лоиқ ва Бозор Собир тарҷума кардаанд, чун намунаи беҳтарин тарҷумаи бадеӣ дар назм шинохта шудааст.
Инчунин дар мақола зикр шудааст, ки дар кишвари мо ба тарҷума баҳои шоиста намедиҳанд, нашрияҳо асарҳои тарҷумашударо хеле кам ба чоп мерасонанд. Мисолҳои тарҷумаи бади шеърҳои хубро меорад. Бар замми ин ҳама, бо таассуф қайд мекунад, ки асарҳои тарҷумашуда хеле кам тақриз карда мешаванд.
Мақолаи “Тадқиқ дониши амиқ металабад” ба танқиди адабӣ бахшида шуда, аз ҷиҳати ҳаҷм калонтарин мақолаи китоб мебошад. Ва албатта, ин табиист. Зеро танқиди адабӣ нерўест, ки рушду камоли адабиётро таъмин менамояд. Аз тарафи дигар ин мақола барои он қобили эътибору қайд аст, ки имрўз китобҳои зиёди бесарунўг ва бемаъниву бемазмун интишор мегардад. Вале дар баробари ин таҳлилу тадқиқ, танқиди адабӣ хеле коста гаштааст. Ба қавле ҳар касеро сареву савдое. Дар ҳамин давроне, ки танқиди адабӣ чун обу ҳаво зарур аст, диққати хонандаро ба ин масъалаи бағоят муҳим ҷалб кардани шоир аз адолатпарварии ў бармеояд. Сайидалӣ Маъмур аз он, ки мунаққидон ба шеърҳои ў нодуруст баҳо медиҳанд, ғам мехўрад ва тавассути ин мақола онҳоро ба инсоф даъват мекунад. Бале, ў мехоҳад, ки тадқиқ беғаразона ва ба фоидаи адабиёт бошад. Аз ин рў ин масъаларо аз рўи адолат таҳлилу ҷамъбаст намуда, ҳам мураккабии онро воқеъбинона нишон медиҳад. Ва ҳамзамон аҳамияти танқидро таъкид карда, изҳор менамояд, ки барои тадқиқи амиқ – дониши амиқ лозим аст. Боиси таассуф аст, ки мунаққидон бо “ба назар чунин мерасад”, “яқин аст” барин тахминҳо шоирро айбдор мекунанд. Шоир дуруст қайд мекунад, ки дар қадамҳои аввал шоирон ба суханварони номӣ пайравӣ мекунанд, меомўзанд, гоҳо аз шеъри онон илҳом ҳам мегиранд. Бешак, ин амри табиист. Худи шоир ҳам иқрор мешавад: “Банда ҳам иқрорам, ки бо эҷодиёти шоирони хурду бузург шиносоӣ дорам, пайваста меомўзам, илҳом мегирам ва баъзан пайравӣ ҳам мекунам”. Инчунин ў аз эҷодиёти Мўъмин Қаноат, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Қутбӣ Киром, Бозор Собир мисолҳо оварда муқоиса мекунад. Дар ин мисолу муқоисаҳо мақсаду мароми шоир равшану комилтар ба зуҳур меояд.
Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки шоир таъсири байниҳамдигарии адабиётҳоро яке аз мавзўъҳои муҳим номида, комилан саҳеҳ мефармояд: “Дар ҳамаи давру замонҳо назми ҳақиқӣ самараи ҷустуҷў буд. ҷустуҷў бошад аз анъанаҳо ҷудо нест. Он бо эҷодиёти шифоҳии халқ, адабиёти классикӣ, адабиёти рус ва дигар ҷумҳуриҳои бародар, халқҳои ҷаҳон пайванди ногусастание дорад. Адибон аз ҳамаи ин сарчашмаҳо омўхтаанд, таъсир ва баҳраҳо бардоштаанд. “Ҳар миллат метавонад ва бояд аз дигарон омўзад”, – гуфтааст Карл Маркс дар асари машҳури худ “Капитал”. Ҳамзамон бо дарду алам қайд мекунад, ки ин равия то ҳол дар илми адабиётшиносии тоҷик ба таври бояду шояд тадқиқ нашудааст.
Аз нигоҳи Сайидалӣ Маъмур фатҳи кайҳон яке аз мўъҷизаҳои асри бист мебошад. Ва ў боз як нуқтаи ҷолибро хотирнишон месозад: “Шоирон ҳам ба иборае кайҳоннаварданд. Мақсаду мароми онҳо фатҳи осмони дилҳои мардум аст. Тасхири он ба Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва даҳҳо суханварони бузурги форсу тоҷик, ки доди суханро дода буданд, муяссар гардидааст”.
Ин ҷо табъан саволе матраҳ мешавад, ки: “Оё баъди он қадар суханварони бузурги гузаштаи худ шоири тоҷик шудан осон аст?”.
Бале, осон нест!
Ҳароина, маҳз ҳамон суханваре пирўз мешавад, ки аввалан, истеъдоди Худодод дошта бошад ва сониян нерўи тавонои меҳнатқариниро соҳиб бошад.
Аз ин манзар дар мақолаҳои “Қадри сухан”, “Ғаввоси дарёи шеър”, “То ранг мегирад сухан”, “Бўи бунафша” ва “Бори шабҳои бехобӣ” тафаҳҳус ва пажўҳиш пиромуни осори суханвароне чун Гулназар, Гулрухсор, Камол Насрулло, Озод Аминзода сурат мегирад.
“Аз шоирӣ умедам на шўҳрат асту давлат”, – мегўяд Гулназар”. Гуфтаи ўро ба Гулрухсор, Камол Насрулло ва Озод Аминзода низ нисбат додан мумкин аст. Ва қасди ҳамаи онҳо аз шоирӣ фатҳи дилҳост. Ин аст, ки онҳо аз мушкилиҳо наҳаросида, бо ҳисси масъулияти зиёд қаламкашӣ намуданд ва ба комёбиҳо ноил гардиданд.
Бешак, назми муосири тоҷикро имрўз бе эҷодиёти Гулназар, Гулрухсор ва Камол Насрулло тасаввур кардан мушкил аст. Зеро онҳо дар қатори дигар шоирони шинохтаву баркамол дар инкишофу равнақи шеъри имрўзаи мо саҳми арзандае гузоштаанд.
Дар мақолаҳои зикршуда нукоте арзишманд баён мешавад ва сухан дар бораи кашфи қобилиятҳо ва навпардозиҳо меравад. Сайидалӣ Маъмур дуруст тазаккур медиҳад, ки онҳо бе мақсад қалам ба даст намегиранд, номи шоириро азиз медоранд, аз ҳарзагўиҳо нанг мекунанд. Пеш аз ҳама Ватанро азиз медонанд ва мепарсатанд. Танҳо ду мисол:
Аз Гулназар:
“…Бе Ватан ҳаргиз мукаммал нест
инсони мукаммал,
Бе Ватан кўр аст ҳар инсони бино,
Бе Ватан лол аст ҳар инсони гўё,
Ту ҳиҷоям,
Ту забонам”.
Аз Камол Насрулло:
“Ман ту ҳастам, ту ман, эй Ватан, эй Ватан,
Ман равонам, ту тан, эй Ватан, эй Ватан”.
Ҳамзамон Сайидалӣ Маъмур аз айбҳо ва нуқсҳои шеъри адибони номбурда чашм намепўшад ва бо далоил ва қарони гўё иддаои худро ба субут мерасонад.
Дар мақолаи “Таровиши қатраҳо” оиди нахусткитоби шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло сухан меравад. “Ба хукми як ниҳоли навбарам”, – мегўяд шоири ҷавон Ҳабибулло Файзулло. “Қатраи борон” бори нахустини ўст. Шоир қайд мекунад, ки Ҳабибулло Файзулло ба кори душвор, вале шарофатманди эҷодкорӣ дил бохтааст. Ва шеърҳои “Қатраи борон” маҳсули таппиши аввалини дили ошиқ мебошанд. Шоири ҷавон роҳи худро меҷўяд, овози хоси худро баланд мекунад:
“Бувад ишқу ҷавонӣ ҳамраҳи ман,
Ба ҳар пайроҳаи он мешитобам.
Ки шояд аз ҳамин пайроҳаҳо ман
Раҳи ояндаи худро биёбам”.
Вале сад афсўс, ки 8 июни соли 1980 тасодуми мошин ўро ба роҳи охират бурд.
Дар ин бахш мақолаи ҷолибе ҳаст бо унвони “Ҷони ширин, дўсти ман”. Пеш аз ҳама ин мақола аз он дарак медиҳад, ки шоир дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт масъулиятшинос аст. Масъулият дар назди давлату ҷамъият, масъулият дар роҳи дўстию бародарӣ. Ин аст, ки дар душвортарин лаҳзаҳо як нусха китоб ва ҳаққи қалами шоири рус Станислав Золотсевро мефиристад. Ва аз ў номаи ҷавобӣ мегирад. Ин нома гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ танҳо набуд ва нест. Ва дар симои Станислав Золотсев пуштибонии халқи рус бараъло намоён мегардад. Шоир бори дигар дили бузург, ҳиммату саховат, инсоннавозию дурандешии халқи русро нишон медиҳад.
Шоир менависад: “Фоҷиа, мусибат, бадбахтӣ – ҷанги гражданӣ… Дилам барои замини тоҷик, кишвари дўстон, ки ин қадар дўсташ доштам, месўзад. Аз қисмати шумо, аз ҳаёти фарзандони шумо дар ташвишам… Ман бошам ҳамеша ба ақли солим ва дили наҷиби халқи тоҷик бовар доштам ва имрўз ҳам бовар дорам: одамон қудрати куштани оташи бародаркуширо дар замини худ доранд.
Ман ҳар рўз вақте ба ибодатгоҳ меравам, барои ҳамаи шумо ҳам нўгча мемонаму барои наҷоти шумо ҳам ибодат мекунам.
Туро ба оғўш мегирам: ҷони ширин, дўсти ман”.
Ва боз ҷолибтар он аст, ки ҷумлаи охир бо забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Барои он, ки гурўҳи мансабталоше мехоҳад риштаи дўстиро барканад дили ду шоир – тоҷику рус реш-реш мегардад ва ба фиғон меояд: “Мабод, ки пайванди ошноии мо гусаста гардад”. Ва шоир дилгармонаву дурбинона мегўяд: “Мехоҳам минбаъд ҳам дўстони худро гарм ба оғўш гирам, мисли онҳо “ҷони ширин, дўсти ман” гўям”.
Дар бахши “Шеърҳо дар боби сухан ва суханварон” маҳсули заҳмати пайваста ва бисёрсолаи ў гирд оварда шудааст. Ҳангоми мутолиаи шеърҳо мисраҳои Хоҷа Ҳофиз ба ёд омад:
“Мо қиссайи Сикандару Доро нахондаем,
Аз мо ба ҷуз ҳикояти меҳру вафо мапурс”.
Бале, шеърҳои ин бахш саропо қиссаи ишқи дили ўст. Аз ҳар як вижа самимият ва меҳру ихлос эҳсос мегардад.
Ин бахш бо шеъри “Баъд аз ҳазор сол” оғоз меёбад. Барҳақ шоир суоли бамаврид мегузорад: “Баъд аз ҳазор сол кӣ мемонад?”. Ва яқин мегўяд, ки на ту донию на ман. Зеро ки чархи ин ҷаҳонро на ту гардонию на ман. Бо вуҷуди ин Синову Рўдакӣ ва Камолу Ҳофизу Саъдӣ бимонд.
“Ному нишон намонд зи шоҳони тахтшин,
“Шаҳнома” монду қимати ҳарфи расо бимонд”.
Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки имрўз бархе даъвии паямбарӣ мекунанд. Шоир дар шеъри “Пеш аз мо” ба онҳо ҷавоб мегўяд. Ва Рўдакиро дар мулки шеър султону сарвар мехонад. Дар шеъри “Боз барои Фарзона” мегўяд:
“Эй Бухоро, шоиронат зиндаанд,
Умрбахши Мўлиёнат зиндаанд”.
Лоиқи зикр аст, ки Сайидалӣ Маъмур ихлосманди шеъри Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукўҳиву Ҳабиб Юсуфӣ, Мўъмин Қаноату Ашўр Сафар, Лоиқ Шераливу Бозор Собир аст. Вай он қадар ба онҳо арҷ мегузорад ва ба шеъру мактаби онҳо содиқ аст, ки шеърҳои зиёде дар васфашон гуфтааст. Инчунин ба Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҳошим, Сайдалӣ Вализода, Қутбӣ Киром, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Ҳабибулло Файзулло, Ибод Файзулло, Султон Шоҳзода шеърҳо бахшидааст.
Дар баробари ин таъкид мекунад, ки мо бояд роҳи кўҳна напўем, ҳарфи кўҳнаро нагўем. Зеро ҳарфҳои ногуфта ва роҳҳои нарафта хеле бисёр аст. Аз ин рў моро мебояд ҳарфҳои нагуфта ва ганҷҳои нуҳуфтаро ҷўё шавем. Зеро ки сухани нав ва тару тоза ҳарорату ҳаловате дорад. чунон ки Фаррухӣ гуфта: “Сухан нав ор, ки навро ҳаловатест дигар”.
Ҳамзамон шоир онҳоеро, ки сабукмағзу сабукборанд ва қадри суханро намедонанд, фаромўш намекунад. Ба ин қабил одамон ду шеър бахшидааст. Ба суханбозон мегўяд, ки шумо бори суханро бардошта наметавонед, зўри беҳуда зада, миёни худро осон мешиканед. Сухан бозӣ нест, агар бозие хоҳед, дар дунё чӣ бисёр аст бозӣ. Аз ин рў суханро бар суханварон гузошта, паи бозии дигаре шавед. Вагарна:
“Ҳар кӣ месозад суханро хору зор,
Мешавад хори сухан, зори сухан”.
Дар бахши “Ба дўстон, аз дўстон” шеърҳое ҳастанд, ки шоир ба дўстони бурунмарзиаш бахшидааст. Дар охири ин қисмат шеърҳои ба ба худи Сайидалӣ Маъмур бахшида оварда шудааст. Мисраҳои ин шеърҳо аз оташи дил равшан гаштааст. Ин аст, ки Сайидалӣ Маъмурро дар маснади хеле баланд ҷой медиҳанд.
Гулрухсор:
“Дўстам, дар мазраъи сабзи сухан,
Бехазон хоҳам қаламбофи туро”.
Ҳақназар Ғоиб:
“Дар сухан нақшест аз имрўзу аз фардои мо,
Дар сухан сабз аст нахли қомати барнои мо”.
Басир Расо:
“Баъди садсолаҳо аз ў монад,
Шеъри волову хонаи маъмур”.
Раънои Мубориз:
“Бигзор зи нури рўи нуронии ту,
Рўшан раҳи сад ҳазор Раъно гардад”.
Хосият Вализода:
“Чун боди сабо навозишам месозад,
Ҷои падарам чу бинамат, эй додар”.
Набиҷон Маҳмуд:
“Саҳарро чеҳраи пок аст, эй дўст,
Тўи мисли саҳар поку мубарро”.
Дар бахши “Хотираҳо” Сайидалӣ Маъмур аз Аминҷон Шукўҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Мастон Шералӣ, Баҳром Фирўз, Мавҷуда Ҳакимова ва Мутеулло Наҷмиддинов ёд мекунад, аз онҳое ёд мекунад, ки барои адабиёти тоҷик хизматҳои шоиста ба анҷом расонидаанд ва осори гаронбаҳое ба мерос гузоштаанд.
Шоир бо самимият аз ёрию дастгирӣ ва пандҳои устод Аминҷон Шукўҳӣ сухан меронад, ки шоистаи таҳсин аст. “Боре дар як шеъре, ки ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида будам, калимаи “камон”-ро истифода бурдам. Муаллим дар поёни он шеър навиштанд: “Бо камон ҷанг кардан ибораи кўҳна аст. Ҳозир бо камон ҷанг кардан хандаовар менамояд”. Дар шеъри дигар ибораи “шабҳои сиёҳгашта”-ро кор фармудам. Муаллим он мисраъро чунин ислоҳ карда буданд: “Биёяд баъди шабҳои сияҳ субҳи ҷаҳонафрўз”. Ҳоло ҳар гоҳ, ки ба умеди шеъргўӣ қалам ба даст мегирам, пандҳои Аминҷон Шукўҳӣ ба ёдам меояд”.
Чунин қадршиносӣ мавқеи шоирро дар олами адаб мустаҳакам мекунад, мақом ва обрўю эътиборашро баланд мебардорад.
Шоир дар сафарномаи “Қадамгоҳи суханварони бузург” менависад: “Волга дарёи бузург аст. Он шаҳрҳои зиёдеро ба ҳам мепайвандад, ба хонаҳо нур медиҳад, ба “тани берўҳ”-и даштҳои ташналаб “ҷон” мебахшад.
Суханварони номӣ низ дар бузургӣ беҳамтоянд. Онҳо бо эҷодиёти худ торҳои дили миллионҳо одамонро менавозанд, қувваю ғайрат мебахшанд ва ба корнамоиҳои нав ба нав ҳидоят мекунанд”.
Метавон гуфт, ки китоби “Сухан аз дўстон ва устодон” арзиши зиёде дорад ва бешубҳа, мақбули хонандагон мегардад ва ҷаҳони тозаро дар дили онҳо боз месозад.
12 июни соли 2007