Главная / Маданият ва санъат / Мазмуни манзумаи «Тӯҳфаи Дӯстон»

Мазмуни манзумаи «Тӯҳфаи Дӯстон»

Маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» дуюмин асари калони Шоҳин буда, дар пайравии «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ таълиф шудааст. Ин асар нотамом аст. Шоҳин онро дар мавзӯи панду андарз, мавъизату насиҳат ва умуман тарбияи инсон хостааст эҷод намояд. Вале шоир мебинад, ки тавассути андарз сиёсатмадорони асрро бо роҳи рост ҳидоят кардан маҳол ва ҳатто номумкин аст. Шояд аз ҳамин сабаб шоир асарро ба поён намерасонад. Маснавӣ бо хоҳиши устод ва роҳнамоиҳои пири маънавии Шоҳин- Зарири Ҷӯйборӣ дар чунин шакл тарҳрезӣ гардида будааст:

Боби аввал: Дар адл.

Боби дуюм: Дар эҳсон.

Боби сеюм: Дар ишқ.

Боби чорум: Дар тавозӯъ.

Боби панҷум: Дар ризо.

Боби шашум: Дар қаноат.

Боби ҳафтум: Дар тарбият.

Боби ҳаштум: Дар шукр

Боби нуҳум: Дар сабр

Боби даҳум: Дар хотима

layli-majnun-2Дареғо, ки аз ин нақшаи мураттабсохта танҳо муқаддима ва фасли аввали боби нахустини « Тӯҳфаи дӯстон»-ро Шамсуддин Шоҳин навиштаасту халос.

Дар асоси ҳамин бахшҳои сомондодаи Шоҳин метавон ба натиҷае омад, ки шоир авзои сиёсӣ, ҳолати рӯҳии зимомдорони аср, равиши ҷамъияти онрӯза, муносибати дарбор бо илму фарҳанг, шеъру адабиёт, эҷодкорону қувваҳои зеҳнию фикрӣ, раъиятро хеле хуб таҳлил кардааст. Ин таҳлилу мушоҳидаҳо шоирро водор сохтааст, ки баъдан фикри дигар кунад. Аз ин рӯ, шоир бо таълифи муқаддимаву қисме аз нахустбоб қаноат кардааст.

Ӯ зоҳиран амир Музаффар ва Абдулаҳадро васф ҳам кардааст ва аз тарзи муносибат бо тасвирҳои офаридааш, онҳоро сахт танқид низ кардааст. Яъне Музаффарро ба Ҷамшед ва Абдулаҳадро ба Заҳҳок монанд мекунад:

Чу гетӣ зи Ҷамшед пардохт тахт,

Бар он тахт Заҳҳок андохт рахт.

Шукӯҳе дар ойини давлат намонд,

Ба Тӯронзамин зебу зиннат намонд.

Ба ҳамин тариқ, Шоҳин ин асари ахлоқии худро аз шикваю танқиди замонааш оғоз менамояд:

Маро шиква поён надорад гузор,

Ки худ шиква баҳре бувад беканор.

Фиғон, к-ин ҳарифони кинозмой,

Ба меҳр андар оранд халқе зи пой.

Чу фарзанд аз онат ҳамепарваранд,

Ки чун гурба фарзанди худ мехуранд.

Ман идбор дидам, ту фирӯз бош,

Зи аҳволи ман ибратомӯз бош.

Ё худ дар фасли «Дар гузориши айёми нофарҷом ва шикояти хосу авом» меорад:

Ду-се рӯз ҷӯёи эҳсон шудам,

Сарояндаи мадҳи дунон шудам.

Бибурдам ба ороиши назм ранҷ

В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ.

Кафи хушки эшон, к-аз он нам нарехт

Ва гар рехт ҷуз хуни мардум нарехт.

Сагеро, ки ҷома даридӣ ба дев,

Фаришта аз ӯ даргирифтӣ ғирев.

Чунон барзадам сирати мардумӣ, Ки гӯӣ назода чу ӯ одамӣ.

Забони маснавӣ, шеваи таълиф ва услуби эҷоди Шоҳин дар «Тӯҳфаи дӯстон» хеле дилнишин аст. Дар ин ҳикоят, ки ҷавоне пиреро мегӯяд, ки чаро ниҳол парвариш мекунӣ? Охир, ин шояд пас аз чандин сол самар диҳад, вале ба ту чӣ фоида? -Пир мегӯяд, ки пешиниён шинонданд, мо хӯрдем, мо ҳам мешинонем, то ки ояндагон бихӯранд:

Яке аз салотини дерингаҳе,

Гузар карда бар нахлаи анбуҳе.

Ки биншонда пиреш аз нав ба хок,

Ба теғе ҳамекардаш аз ҳашв пок.

Бад-ӯ гуфт: ай марди деринасол,

Бад-ин умр кай бар хурӣ з-ин ниҳол.

Худ ин нахлро отдат ин аст кор,

Пас аз бист сол оварад баргу бор.

Чунин гуфт деҳқони донишвараш,

Ки гар ман нахурдам, хурад дигараш.

Чу худ хурдаӣ барги пешинагон,

Дарахте пасояндагонро нишон.

Ҳикояти мазкур моҳияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, дар он инсондӯстӣ ва некӯкорӣ ба тасвир омадааст. Дар симои ҷавон бошад, худхоҳӣ ва кӯтоҳназарӣ баён шудааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …