Главная / Маданият ва санъат / Мазмуни манзумаи «Тухфаи Дустон»

Мазмуни манзумаи «Тухфаи Дустон»

Маснавии «Тухфаи дустон» дуюмин асари калони Шохин буда, дар пайравии «Бустон»-и Саъдии Шерози таълиф шудааст. Ин асар нотамом аст. Шохин онро дар мавзуи панду андарз, мавъизату насихат ва умуман тарбияи инсон хостааст эчод намояд. Вале шоир мебинад, ки тавассути андарз сиёсатмадорони асрро бо рохи рост хидоят кардан махол ва хатто номумкин аст. Шояд аз хамин сабаб шоир асарро ба поён намерасонад. Маснави бо хохиши устод ва рохнамоихои пири маънавии Шохин- Зарири Чуйбори дар чунин шакл тархрези гардида будааст:

Боби аввал: Дар адл.

Боби дуюм: Дар эхсон.

Боби сеюм: Дар ишк.

Боби чорум: Дар тавозуъ.

Боби панчум: Дар ризо.

Боби шашум: Дар каноат.

Боби хафтум: Дар тарбият.

Боби хаштум: Дар шукр

Боби нухум: Дар сабр

Боби дахум: Дар хотима

layli-majnun-2Дарего, ки аз ин накшаи мураттабсохта танхо мукаддима ва фасли аввали боби нахустини « Тухфаи дустон»-ро Шамсуддин Шохин навиштаасту халос.

Дар асоси хамин бахшхои сомондодаи Шохин метавон ба натичае омад, ки шоир авзои сиёси, холати рухии зимомдорони аср, равиши чамъияти онруза, муносибати дарбор бо илму фарханг, шеъру адабиёт, эчодкорону куввахои зехнию фикри, раъиятро хеле хуб тахлил кардааст. Ин тахлилу мушохидахо шоирро водор сохтааст, ки баъдан фикри дигар кунад. Аз ин ру, шоир бо таълифи мукаддимаву кисме аз нахустбоб каноат кардааст.

У зохиран амир Музаффар ва Абдулахадро васф хам кардааст ва аз тарзи муносибат бо тасвирхои офаридааш, онхоро сахт танкид низ кардааст. Яъне Музаффарро ба Чамшед ва Абдулахадро ба Заххок монанд мекунад:

Чу гети зи Чамшед пардохт тахт,

Бар он тахт Заххок андохт рахт.

Шукухе дар ойини давлат намонд,

Ба Туронзамин зебу зиннат намонд.

Ба хамин тарик, Шохин ин асари ахлокии худро аз шикваю танкиди замонааш огоз менамояд:

Маро шиква поён надорад гузор,

Ки худ шиква бахре бувад беканор.

Фигон, к-ин харифони кинозмой,

Ба мехр андар оранд халке зи пой.

Чу фарзанд аз онат хамепарваранд,

Ки чун гурба фарзанди худ мехуранд.

Ман идбор дидам, ту фируз бош,

Зи ахволи ман ибратомуз бош.

Ё худ дар фасли «Дар гузориши айёми нофарчом ва шикояти хосу авом» меорад:

Ду-се руз чуёи эхсон шудам,

Сарояндаи мадхи дунон шудам.

Бибурдам ба ороиши назм ранч

В-аз он кардам офокро пур зи ганч.

Кафи хушки эшон, к-аз он нам нарехт

Ва гар рехт чуз хуни мардум нарехт.

Сагеро, ки чома дариди ба дев,

Фаришта аз у даргирифти гирев.

Чунон барзадам сирати мардуми, Ки гуи назода чу у одами.

Забони маснави, шеваи таълиф ва услуби эчоди Шохин дар «Тухфаи дустон» хеле дилнишин аст. Дар ин хикоят, ки чавоне пиреро мегуяд, ки чаро нихол парвариш мекуни? Охир, ин шояд пас аз чандин сол самар дихад, вале ба ту чи фоида? -Пир мегуяд, ки пешиниён шинонданд, мо хурдем, мо хам мешинонем, то ки ояндагон бихуранд:

Яке аз салотини дерингахе,

Гузар карда бар нахлаи анбухе.

Ки биншонда пиреш аз нав ба хок,

Ба теге хамекардаш аз хашв пок.

Бад-у гуфт: ай марди деринасол,

Бад-ин умр кай бар хури з-ин нихол.

Худ ин нахлро отдат ин аст кор,

Пас аз бист сол оварад баргу бор.

Чунин гуфт дехкони донишвараш,

Ки гар ман нахурдам, хурад дигараш.

Чу худ хурдаи барги пешинагон,

Дарахте пасояндагонро нишон.

Хикояти мазкур мохияти тарбияви-ахлоки дошта, дар он инсондусти ва некукори ба тасвир омадааст. Дар симои чавон бошад, худхохи ва кутохназари баён шудааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …