Ба машғулиятҳои мустақилона на танҳо иҷрои машқҳои варзишӣ дар дарс ва хона, балки назорати ҳаррўза ба ҷисми худ, аҳволи саломатӣ, машғулиятҳо, иҷрои машқҳои алоҳида, инчунин тайёрӣ ба супоридани меъёрҳои таълимӣ ва инфиродӣ низ дохил мешаванд.
Назорати худ аз рўи ҷадвали 4 мумкин аст. Агар шумо машқро иҷро намоед, ба хоначаи мувофиқ нишона гузоред.
Чӣ тавр боварӣ ҳосил мекунед, ки машғулияти машқҳои варзиш сифатҳои ҳаракатии шуморо беҳтар намудааст?
Барои ин зарур аст, ки машқҳои санҷишии махсусро иҷро намоед:
1) давидан ба 30 м аз ҳолати рост; 2) қувваи панҷаро бо ёрии динамометри панҷа чен кардан; 3), 4) партофтани тўби вазнаш 1 кг аз ҳолати нишаст 5) хаму рост ва хам кардани дастон дар ҳоли такяи хоб дар курсии гимнастикӣ.
Тести панҷумро вақте истифода мебаранд, ки динамометри дастӣ мавҷуд набошад. Ин тестҳоро дар ҳамаи синфҳо истифода бурдан тавсия дода шудааст. Яъне, аз як синф ба синфи дигар гузашта, дидан мумкин
аст, ки чӣ қадар ё ба кадом андоза талаба ҷисман инкишоф ёфтааст. Чунин назоратро дар дарсҳои мактаб дар моҳҳои сентябр ва май (баъзан моҳи январ) мегузаронанд.
Назорати хуб бо ёрии чор тести асосӣ мумкин аст ва мустақилона дар ҳавлӣ, дар толори варзиш, майдончаи варзиш.
Динамометр дар дасти муаллими варзиш ё ҳамшираҳои тиббӣ мавҷуд аст.
Дафтари назорати худиро тартиб диҳед ва дар он натиҷаҳои худро аз ҳар таҷрибаҳои санҷишӣ қайд намоед.
Шакли дафтари худсанҷишӣ Ҷадвали 4 Намудҳои машғулиятҳо ва натиҷаҳои санҷиши таҷриба
Машқҳо барои қомат Танаффуси варзишӣ Дақиқаи варзишӣ
Худмашғулиятгузаронӣ
Машқҳои инкишофдиҳандаи умумӣ
Паридан
Давидан
Сайру гашт
Таҷрибаҳои санҷишӣ
Дав ба 60 м
Қувваи панҷаи даст (кг)
Ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой м., см.
Партофтани тўби сахт 1 кг, м., см.
Ҳолати саломатӣ
Хуб
Қаноатбахш
Тоқатфарсо
Идоракунии худро ёд гирифтан хеле муҳим аст. Машғулиятҳо бо машқҳои ҷисмонӣ фақат дар ҳамон ҳолат фоида меоваранд, ки агар пайдарҳам гузаронида шаванд. Ин душвор аст, аммо назорати худӣ барои риояи чунин шароит ёрӣ мерасонад.