Главная / Илм / МАСХ

МАСХ

mashМАСХ, массаж, мачмуи усулхои механики (силакуни, соиш, молиш, фишурдан, ларзониш), ки барои рафъи дард бо ёрии даст ё олоти махсус ба чо меоранд. Таъсири М. ба организм ба чараёнхои мураккаби физиологие, ки дар онхо бисёр аъзою ачзо ширкат доранд, вобаста аст, вале макоми асосиро системаи асабхо мебозад. Вобаста ба махал, тарз, кувват ва давомоти таъсири М. вазъи фаъолияти магзи сар тагийр меёбад, хаячонпазирии умумии асабхо паст ё баланд мешавад. Дар механизми таъсири М. ба истилох омили гуморави (хилти) низ ахамияти калон дорад: тахти таъсири М. дар пуст моддахои фаъоли биологи, ки дар вокуниши хунрагхо, интиколи импулсхои асаб ва г. иштирок мекунанд, хосил гардида, ба хун дохил мешаванд. М. дар чои таъсири бевоситаи худ ба бофтахо таъсири механики (ёзиш, чойивазкуни, фишор) низ мерасонад, ки дар натича гардиши лимфа, хун ва моеъи байни бофтахо суръат мегирад. Тахти таъсири омили механики хуни бозистода ба харакат медарояд, мубодилаи моддахо ва нафаскаши ба тавассути пуст тез мешавад. Пуст таранг, муковимати он ба таъсири омилхои харорати ва механики меафзояд, фаъолияти мушакхо бехтар, харакати банду бугум зиёд мегардад. М. кори дилро сабук гардонда, хунрагхоро тамрин медихад. Ба туфайли васеъ шудани муйраг (капилляр)-хо харакати хун дар шараён ва варидхо тезтар меафзояд. Баъди анчоми як давраи М. вазъи умумии бемор бехтар шуда, хастаги аз байн меравад. Баъзе навъхои М. ба он иртиботе, ки кисматхои муайяни пуст, чарби зери пуст ва мушакхо бо узвхои даруни доранд, асос ёфтааст; аз ин сабаб хангоми М. – и ин чойхо кори узвхои мутобики даруни тагйир меёбад (М.-и рефлекси – сегменти).
М. умуми (тамоми бадан тахти М. карор мегирад) ва чузъи (як кисми бадан – мас., панчаи по, панчаи даст ва г.-ро М. мекунанд) мешавад.
Молиш усулест, ки бо он М.-ро сар карда анчом медиханд; онро инчунин пас аз анчоми хар як усули навбати ба кор мебаранд. Молиш бо нуги ангуштон, кафи даст ва пушти панча ба дарози ё ба бар (бадан, дасту пой), печдор (шикам, пушт, сурин), морпеч (шикам, банду бугумхо) ичро карда мешавад.
Соиш амалест аз молиш зуртар; хангоми он пуст бо бофтахои поёни ба хар су чойгардон ва ёзонида мешавад. Ин амалро бо ангуштон, буни каф, канори каф, бо муштхо ичро мекунанд. Соишро аз марказ ба атроф ва баръакси он охиста –охиста анчом медиханд. Соиш бофтахоро ба диг. навъи М. – фишурдан омода месозад. Соишро пайваста бо молиш ба чо меоранд.
Муштмол усули аз хама мураккаби М. мебошад. Он нафакат ба бофтахои сатхи бадан, балки ба мушакхои амики он хам асар мекунад. Ин усул аз даст гирифтан, андак боло бардоштан, зер кардан ва ё ёзондани бофтахо иборат аст. Муштмол фосиладор (канда – канда) ва бефосила (муттасил) мешавад. Онро бо ангуштони як ё хар ду даст ба чо меоранд.
Ларзониш усулест, ки хангоми он пусти ягон чои баданро ба даст ва ё олоти махсуси М. меларзонанд. Кувват, басомад, суръат ва вусъат (амплитуда)-и ларзиш гуногун аст. Ларзониш номуттасил (тап-тап задан, «кимакуни») ва муттасил (таконидан, ларзонидан ва тела додан) мешавад. Ларзонишро бо ёрии харакати навасонии ангуштон ё кафи даст ба амал меоранд. Барои ларзониши тамоми бадан ё ягон кисмати он дастгохи М. низ истифода мешавад. Ларзонишро аввал кам-кам ва охиста – охиста сар карда, баъд суръат ва вусъати онро тадричан зиёд мекунанд.
Хангоми М. бояд чои масхшавандаи бадан барахна ва мушакхо нихоят суст шуда бошанд. Шахси масхгиранда дароз мекашад ё мешинад. Амалиёти М. аз канор ба марказ равона мешавад. Агар пуст хушк ва хассос ё чои захми он дуруст карахш набаста бошад, барои мулоим ва сабук шудани М. вазелини борат мемоланд; агар пуст равганин ва серарак бошад, талк мепошанд.
Дар мавриди баморихои илтихобии шадид, амрози хун, тромбофлебит, иллатхои римноки бадан, дамидани доначахо, захмини ва озурдагии пуст, мархалаи авчи бемории сил ва омосхои саратони М. норавост. М.- и умуми дархол пас аз истеъмоли таом номатлуб аст; фурсати байни истеъмоли таом ва М. бояд камаш 1,5 – 2 соат бошад.
М.- ро массохони мутахассис ба чо меоранд. Хешу акрабои бемор факат баъди аз кормандони тиб гирифтани дастурамали махсус ва фарди М. карда метавонанд.
М. аз чунин навъхои асоси иборат аст: шифои,варзиши, бехдошти, ороиши. М. – и шифоиро духтур хангоми муоличаи комплексии амроз ва осеби чихози такяву харакат ва банду бугум, радикулит (раги куян), таранчидан ва г. таъин мекунад. Ин навъи М.-ро инчунин хангоми баъзе амрози дилу рагхо, узвхои нафаскаши ва системаи асаб, ихтилоли мубодилаи моддахо (фарбехи, никрис) ва г. ба кор мебаранд.
М. – и варзиши барои чусту чолоки, рафъи хастаги, баркарор шудани кувва мадад мерасонад. Он аз М.-и мукаддамоти, тамрини ва тачдиди иборат аст. М. – и мукаддамоти танро бардам, мушакхоро гарм, кобилияти кории чисмро баланд месозад. М. – и тачдидиро баъди анчоми кори шадиди чисмони (машкхо ё мусобикахо) барои рафъи хастаги, фуру нишондани изтироб ба кор мебаранд.
М. – и бехдошти, одатан, ба машкхои чисмони ва протседурахои оби, пеш аз хама бо варзиши пагохи, якчоя гузаронда мешавад. М. – и бехдошти кадду комати касро зебо нигох медорад, ба кас рухи тоза мебахшад. Яке аз шаклхои он худмасхкуни аст, ки осону дастрас буда, тарз ва меъёри онро метавон мувофики хол тагйир дод. Худмасхкуни ба кас неруи тоза бахшида, кобилияти кори ва тобоварии мушакхоро зиёд мегардонад, хастагиро рафъ карда, баъди машкхои чисмони барои тезтар баркарор шудани кувва ёри медихад. Хангоми худмасхкуни хамаи коидахои асосии М. риоя карда мешаванд. Дасте, ки бо он масх мекунанд, бояд аз канор ба марказ харакат кунад, масхи зери багал, хами оринч, хами зону ва дигар чойхое, ки гадудхои лимфа вокеанд мумкин нест. Дар вакти худмасхкуни вазъи бадан бояд барохат бошад, мушакхо хатталимкон суст карда шаванд, массох ба дасташ крем ё вазелини борат бимолад. Муддати худмасхкунии умуми 10 – 15 дак., кисмхои чудогонаи бадан 5 – 10 дак. мебошад. Худмасхкуниро аз панчаи по сар карда, сипас банди пой, зону, рон, сурин, китъаи камару чорбанд, тахтапушт, гардан, кисми муйдори сар, сина, шикам ва билохир дастро мемоланд.
Масхи ороиширо, ки пизишки косметолог таъин мекунад, барои таъсир расондан ба чойхои кушодаи пуст (асосан рую гардан), нарехтани муи сар ва бархам додани нуксхои гуногун ба кор мебаранд. М. – и ороиши факат дар кабинетхои пардозгари анчом дода мешавад.
Барои огох шудан аз М.-и кудакон ниг. Навзод, Ширхора.
Ад.: Ахабадзе А.Ф., Арутюнов В.Я., Практическое пособие для медицинских сеттер косметичек-массажисток, Л., 1986; Куничев Л.А., Лечебный массаж, Л., 1986; Готовцев П. И. (ва диг.), Лечебная физическая культура и массаж, М., 1987.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …