Главная / Варзиш / МАШҚВАРЗИ БАРОИ ХИСЛАТ ВА АҚЛИ СОЛИМ

МАШҚВАРЗИ БАРОИ ХИСЛАТ ВА АҚЛИ СОЛИМ

Имрӯз, пагоҳ, пасфардо мебояд корҳои гуногунро иҷро намуд, бисёр чизҳоро омӯхт. Чй тавр ба ҳамаи ин вақт ёфтан мумкин аст? Дарсҳоро тайёр кардан, ба корҳои хона ёрӣ расонидан, сайр кардан, бо корхои гуногун машгул шудан. Сирри ин одӣ аст – вақти худро бояд дуруст тақсим кард, яъне реҷаи рӯзро риоя намуд.

Пеш аз хама ба ҳар рӯз барвақт аз хоб хестан одат кунед. Дар ҷойгах бисёр хоб накунед, вагарна ба ҳама кор вақт намерасад.

Ҳатман машқи пагоҳирӯзиро иҷро кунед. Он на танҳо саломатии шуморо мустаҳкам месозад, балки ҷисматонро ба фаъолияти меҳнатӣ омода мегардонад.

Барои тамошои барномаҳои телевизионӣ вақтатонро бисёр сарф накунед (на камтар аз 1 соату 20 дақиқа). Шахсе, ки дар назди телевизион соатҳои зиёд менишинад, на танхо вақти худро барои корҳои фоида- бахш мегирад, балки саломатии худро низ гум мекунад (пеш аз ҳама чашмҳоро).

Ҳатман, машғулиятҳоро бо дамгирӣ иваз кунед. Масалан, тайёр кардани дарсҳоро бо дақиқаҳои ҷисмонй.

Фаромӯш накунед, ки танҳо хоби бароҳат (на камтар аз 8 соат) дар хонаи ҳавояш тоза қувваҳои шуморо барқарор мекунад.

Агар ба реҷаи рӯз қатъиян риоя кунед, шумо на танҳо ҳама корҳои ба нақша гирифтаатонро иҷро мекунед, балки шахси боирода, ташак- кулёфта, серталаб ва боақл мешавед.

Реҷаи тахминии хонандаи синфи 1 ба реҷаи рӯзи хонандагони синфҳои 2-4 монанд аст. Танҳо ба он хоби рӯзона пас аз хӯроки нисфирӯзӣ илова мегардад.

Реҷаи намунавии руз. Басти 1-ум

123

Реҷаи намунавии руз. Басти 2-юм

1234

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …