Главная / Гуногун / Маркази Савдои Тоҷикистон (СУМ) дар ш. Душанбе

Маркази Савдои Тоҷикистон (СУМ) дар ш. Душанбе

Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки бо номи кӯтоҳшудаи руссии худ “ЦУМ” маъруф аст, дар пойтахти Тоҷикистон дар  хиёбони Рӯдакӣ, 83 ҷойгир аст. Номи бино ба забони тоҷикӣ “Маркази Савдои Тоҷикистон” аст.
СУМ- муассисаи давлатӣ аст ва бинои он аз 3 ошёна иборат аст, ки солҳои 1970 сохта шудааст. Масоҳати умумии бино 7500 кв. м, ки паҳнои он 25 ва дарозӣ 125 метр аст.

Маркази Савдои Тоҷикистон
Сурати бинои Маркази Савдои Тоҷикистон (СУМ) дар чоррохаи Кучаи Фотех Ниёзи ва хиёбони Рудаки

Солҳои охир (2010-2020) дар ошёнаи якуми Универмаги марказӣ асосан смартфонҳо фурӯхта мешаванд ва дар ин робита, ин маркази савдо асосан ҳамчун як макони харидории телефонҳо маъруф аст, ки миқёси он дар саросари кишвар ҳамто надорад.

Тақрибан 20% майдони ошёнаи 1-ум  молҳои дигар, аз ҷумла компютерҳо, камераҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва телефонро мефурӯшад.

Дар ошёнаи дуюми бино молҳои гуногуни рӯзгор барои хона фурӯхта мешаванд ва дар ошёнаи сеюм офисҳо ҳам кушода ва ҳам пӯшида ба иҷора дода мешаванд. Нархи иҷора дар ошёнаи сеюм нисбат ба дигар биноҳои ҳамсоя 2-3 маротиба камтар аст.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Тамос -телефон:

(+992) 98-839-4004
(+992) 985-557-273

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …