Главная / Ҷамъият / МАКТУБ БА РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАКТУБ БА РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мактуб ба Раиси шаҳри Душанбе тариқи онлайн шаҳрвандони Тоҷикистон, истиқоматкунандагони пойтахти кишвар ва дилхоҳ кас навишта метавонанд ки суроғааш http://dushanbe.tj/chairman/letter/ аст.

Ин шароити мусоидро соли 2017-муҳаё карда шудааст ва то ин дам тариқи почтаи электронӣ (E-mail)  ба суроғаи dushanbe80@yahoo.com  ба амал мебароварданд.

oilaАгар мактуб тариқи онлайн ирсол карда шавад пас нусхаи мактуби ирсолшуда дар почтаи шумо нигоҳдорӣ карда намешавад ва шумо тасдиқ карда наметонед, ки мактубатон кай ирсол шудааст ва ё на.

Барои он шахсоне, ки почтаи электронӣ надоранд қуллай аст ки тариқи онлайн мактуб нависанд ва дар саҳифаи дар болозикршуда хуб зикр шудааст, ки бояд кадом намуди маълумотҳо дар мактуб зикр шаванд.

Ба хотири стандарти навиштани мактуб ба Раиси шаҳри Душанбе риоя кардан намунаи нома-мактуб дар поён оварда шудааст ва тавсия мешавад, онро риоя кард. Ин имконият медиҳад, ки ҳукумати шаҳр мактубҳои воридшударо коркард карда тавонанд ва ба унвонии муроҷиаткунанда посухӣ расмӣ ирсол намоянд.

Тибқи ин стандарт чунин талаботҳо гузошта шудаанд:

  1. Мактуб бояд ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) навишта шавад;
  2. Шрифти мактуб бояд Palatino Linotype ва бо андозаи 14 бошад;
  3. Суроғае ки ба он шумо мактуб менависед. Яъне ба номи Раиси шаҳри Душанбе ва ё номи роҳбари ин ё он шуъбаи Дастгоҳи идоракунни шаҳр;
  4. Ному насаби пурраи шахи мактубро навишта;
  5. Суроғаи зизти шахси мактубро навишта;
  6. Рақамҳои телефонии муроҷиаткунанда ва агар бошад суроғаи электронии ӯ;
  7. Ниҳоятан матни мактуб ки дар он сабаби муроҷиат фаҳмо ва саҳеҳ навишта шавад;
  8. Маълумоти иловагӣ ба сифати сурат, ҳуҷҷат ва ғайра ҳангоми лозим будан.

Намунаи мактуб ба Раиси шаҳри Душанбе

 Ба Раиси Шаҳри Душанбе

Муҳтарам Акбари Сабурӣ

Аз номи истиқоматкунандаи

Шаҳри Душанбе, маҳалаи 46,

Кучаи Н. Қарабоев, 25, ҳуҷари 46.

Раҷабова Садбарг Намозовна

Тел: 905-77-88-99

АРИЗА

Ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонам, ки ман ҳамчун зани фаъоли шаҳри Душанбе дар назди бинои хонаи истиқоматии худамон ки дар бинои 5-ошёна қарор дорем иборат аз 20 ниҳоли дарахтро 5-сол инҷониб коридаам, ки алҳол ҳаммаи онҳо сабзида хеле қомат афрохтаанду ҳусни шаҳро боз ҳам зеботар мекунанд.

Бинобар сабаби корҳои сохтмонӣ ин дарахтон аз ҷониби корхонаи воҳиди хоҷагию комуналӣ канда гирифта ба ҷойи номаълум бурда шудаанд ва дар ҷойи дарахтон ҳоло чизе нест.

Аз ин хотир бо ин нома аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муроҷиати маро ҷиҳати ҳалли мусбӣ ёфтан яъне дар масъалаи дарёфти дарахтон кумак намоед.

Умедворам мактуби манн ки ба номи Раиси шаҳри Душанбе ирсол шудааст бе ҷавоб нахоҳад монад.

Бо камоли эҳтиром,

Садбарг Намозовна

22.10.2049 сол.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

shariat

ШАРИАТ – МАҶМЎИ ҚОНУНҲОИ ИСЛОМӢ

Шариат чист? ШАРИАТ маънии роҳи дуруст, қонун, маҷмўи қоидаҳоро, ки иҷрояшон ҳатмӣ аст, дорад. Он …