Главная / Чамъият / МАКТУБ БА РАИСИ ШАХРИ ДУШАНБЕ

МАКТУБ БА РАИСИ ШАХРИ ДУШАНБЕ

Мактуб ба Раиси шахри Душанбе тарики онлайн шахрвандони Точикистон, истикоматкунандагони пойтахти кишвар ва дилхох кас навишта метавонанд ки сурогааш http://dushanbe.tj/chairman/letter/ аст.

Ин шароити мусоидро соли 2017-мухаё карда шудааст ва то ин дам тарики почтаи электрони (E-mail)  ба сурогаи dushanbe80@yahoo.com  ба амал мебароварданд.

oilaАгар мактуб тарики онлайн ирсол карда шавад пас нусхаи мактуби ирсолшуда дар почтаи шумо нигохдори карда намешавад ва шумо тасдик карда наметонед, ки мактубатон кай ирсол шудааст ва ё на.

Барои он шахсоне, ки почтаи электрони надоранд куллай аст ки тарики онлайн мактуб нависанд ва дар сахифаи дар болозикршуда хуб зикр шудааст, ки бояд кадом намуди маълумотхо дар мактуб зикр шаванд.

Ба хотири стандарти навиштани мактуб ба Раиси шахри Душанбе риоя кардан намунаи нома-мактуб дар поён оварда шудааст ва тавсия мешавад, онро риоя кард. Ин имконият медихад, ки хукумати шахр мактубхои воридшударо коркард карда тавонанд ва ба унвонии мурочиаткунанда посухи расми ирсол намоянд.

Тибки ин стандарт чунин талаботхо гузошта шудаанд:

  1. Мактуб бояд ба забони давлати (точики) навишта шавад;
  2. Шрифти мактуб бояд Palatino Linotype ва бо андозаи 14 бошад;
  3. Сурогае ки ба он шумо мактуб менависед. Яъне ба номи Раиси шахри Душанбе ва ё номи рохбари ин ё он шуъбаи Дастгохи идоракунни шахр;
  4. Ному насаби пурраи шахи мактубро навишта;
  5. Сурогаи зизти шахси мактубро навишта;
  6. Ракамхои телефонии мурочиаткунанда ва агар бошад сурогаи электронии у;
  7. Нихоятан матни мактуб ки дар он сабаби мурочиат фахмо ва сахех навишта шавад;
  8. Маълумоти иловаги ба сифати сурат, хуччат ва гайра хангоми лозим будан.

Намунаи мактуб ба Раиси шахри Душанбе

 Ба Раиси Шахри Душанбе

Мухтарам Акбари Сабури

Аз номи истикоматкунандаи

Шахри Душанбе, махалаи 46,

Кучаи Н. Карабоев, 25, хучари 46.

Рачабова Садбарг Намозовна

Тел: 905-77-88-99

АРИЗА

Ба маълумоти Шумо эхтиромона мерасонам, ки ман хамчун зани фаъоли шахри Душанбе дар назди бинои хонаи истикоматии худамон ки дар бинои 5-ошёна карор дорем иборат аз 20 нихоли дарахтро 5-сол инчониб коридаам, ки алхол хаммаи онхо сабзида хеле комат афрохтаанду хусни шахро боз хам зеботар мекунанд.

Бинобар сабаби корхои сохтмони ин дарахтон аз чониби корхонаи вохиди хочагию комунали канда гирифта ба чойи номаълум бурда шудаанд ва дар чойи дарахтон холо чизе нест.

Аз ин хотир бо ин нома аз шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки мурочиати маро чихати халли мусби ёфтан яъне дар масъалаи дарёфти дарахтон кумак намоед.

Умедворам мактуби манн ки ба номи Раиси шахри Душанбе ирсол шудааст бе чавоб нахохад монад.

Бо камоли эхтиром,

Садбарг Намозовна

22.10.2049 сол.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …