Главная / Илм / МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН

МАЙЗАДАГИИ МУЗМИН

mayzadagii-muzminМАЙЗАДАГИИ МУЗМИН, бемориест, ки аз сабаби мунтазам ва беэътидол истеъмол кардани нушокихои спиртдор инкишоф меёбад. Нишонахои аввалини он: одам микдори муайяни машруботи спиртдорро менушад, вале захролуд намешавад, шароб ба дили у намезанад ва кай намекунад. Дар айни замон нисбати машрубот шавки носолиме пайдо хохад шуд (доимо дар бораи он фикр мекунад, аз фикри шаробнуши хушхол мешавад ва г.). Факат дар холати масти алокаманди ва хушхоли эхсос мегардад. Агар шароб набошад, дар вазъияти бехтарин низ парешонхолию асабоният рух менамояд, кобилияти кори паст мешавад. Баъди нушидани микдори одатии шароб авзоъ бехтар мегардад, фаъолияти рухи баркарор ва хотир чамъ мешавад.
Бо мурури замон ин иштиёки носолим дар шакли кушиши пайгирона барои ба даст овардани шароб зохир гашта, ба хама рафтору кирдори бемор рахнамои мекунад. Иштиёк ба дарачаи гуруснаги ва ташнагии сахт мерасад, дар ин хол гавхараки чашм калон мешавад, одамро арак зер мекунад. Мастигари мунтазам ва доими мегардад, таъсири оромбахши шароб кам ва баръакс, таъсири ангезишовари он меафзояд. Майзада дар хушёри ланч, парешонхотир ва рухафтода аст; дар масти фаъолу серхаракат мебошад. Аммо чунин болидарухи зуд ба ошуфтаги, бадхашми ё афсурдарухи иваз мешавад. Рашк ва хисси ранчиши беасос, чангчуи, интиком ба вучуд меоянд. Хангоми масти хофиза халал меёбад, чузъиёти вокеахои аз сар гузашта фаромуш мешаванд ё майзада баъди хушёр шуданаш, хеч чизро ба ёд оварда наметавонад.
Алоими хумор тадричан, одатан, баъди 4 – 10 соли бемори инкишоф меёбад. Аввалхо эхсоси норохати ва бехоли пайдо мешавад, нишонахои сабуки вегетативи – хамёзакаши, варача, исхол руй медиханд. Вакте ки аломати хумор ба авчи аъло мерасад, зухуроти он гуногун мешавад (васеъ шудани гавхараки чашм, серараки, варача, хамёза, тарангии мушакхо, ларзиши дастон, ихтилоли харакат, баланд гаштани фишори хун, дилзани, бехоби, гум шудани иштихо). Баробари авч гирифтани иштиёки пайгирона ба шароб хумори пагохи (сабухи) ба мастии рузона мегузарад. Тадричан ба он ночурихои чиддии рухи илова мешаванд. Илова ба нишонахои мукаррари (бехоби, ошуфтаги, авзои мушаддад) вахми номуайян, изтироб, рухафтодаги, хисси гунахгори ба вучуд меоянд. Баъзан ташаннуч ва психози шадид, ки шакли маъмултарини он доулхамр («васвоси майзадаги») мебошад, мушохида мегардад. Психози шадид ва ташаннуч кобилияти зехнии беморро кохиш медиханд.
Бо мурури тул кашидани бемори зухуроти майзадаги низ тагйир меёбад. Майзада аз микдори хеле ками шароб маст мегардад, дар сурати андаке маст шудан хам, заъфи хофиза руй медихад. Баъзан мастигари даври мешавад, яъне майхорагии хакики ба амал омада, бемор руз аз руз камтар менушад, майхораги бо заъфи вазнини рухиву чисмони ва дигар истеъмоли карда натавонистани шароб хотима меёбад. Тадричан алоими хумор хам дигаргун мешавад, хавфи он барои хаёти бемор меафзояд. Дар холати хумор майзадахо ба душвори кадам мезананд, ланч, бехавсала ё рухафтода буда, баъзан худкуши мекунанд. Гохо дар давраи аз хад гузаштани майзадаги психозхои музмин (васвоси рашк, галлютсиноз, камаклии алкухули), ихтилоли шуур, фалач ва г. руй медиханд.
Окибати биологию ичтимоии М. м. барои бемор ва чамъият вазнин аст. Окибатхои биологии он ихтилоли руху тан мебошад. Дар аввал нишонахои астенияви (хастаги, сусти, номувозинати инфиоли) ба амал омада, бо бехоби, беиштихои, ихтилоли гуногуни вазифави чараён мегиранд. Майзадаги тадричан боиси заъфи интеллект (парешонхотири, паст гаштани кобилияти эчоди ва хатто камакли), ноустувори, дагали, тундмизочи, беинтизоми, бетокати, парешони, тагйироти шахсият (махдуд шудани доираи муошират ва машгулият, бархам хурдани шавку хавас, нест шудани талабот ба инкишофи маънави, дониш, такмили ихтисос, ихтилоли акидахои ахлоки, бепарвои нисбат ба карордодхои мухими пешина, гум кардани хисси эхтиром нисбат ба обруву эътибор ва шахсияти инсон) мегардад. Ихтилоли тан гуногун аст. Бештар силсилаи дилу рагхо ва дастгохи гувориш осеб мебинанд. Хусусан, чигар сахт осеб меёбад. М. м. сабаби асосии сиррози чигар мебошад. Ихтилоли гуногуни системаи асаб низ аз окибатхои ногувори М. м. аст: танзими асаби кулли организм халал меёбад, харакат ва рафтор бесомон мегарданд, невритхои гуногун пайдо мешаванд. Хусусан неврити асаби чашм хавфнок буда, окибат боиси заъфи босира, танг гаштани доираи биниш, рангкури мегардад. Хангоми нушидани шароби суррогат билкул нобино шудан мумкин аст.
Умри беморони М. м. кутох буда, онхо бисёр вакт дар синни 30-солаги халок мешаванд. Сабабхои бевоситаи марг иллати дилу рагхо, ходисахои нохуш, нотавонии чигар, панкреатити шадид, сармо задан, худкуши, психози шадид ва г. мебошанд.
Мухолифати майзада бо чамъият тагйироти шахсият (пастравии маънавию ахлокии у) – ро метезонад. Вай мачбур мешавад дуруг гуяд, худро сафед кунад. Ин холатро заъфи рузафзуни интеллекти у вазнинтар менамояд. Тадричан мавкеи ичтимоии у таназзул меёбад: ихтисос, кор ва оилаи худро гум мекунад. Майзадаги расман ба оилавайрони наоварад хам, ба хаёт ва саломатии камаш ду насл зарари калон ворид месозад. Дар насли майзадахо беморихои саръ, олигофрения, нуксонхои гуногуни инкишоф нисбатан бештар вомехуранд. Шароити вазнине, ки дар оилаи майзада мавчуд аст, сабаби тарбия ва инкишофи нодурусти кудак мешавад. Густариши М. м. ахлокро бад карда, ба инкишофи чинояткори оварда мерасонад.
Муоличаи майзадагии музмин. Натичаи солхои зиёд аз шароб захролуд шудани организм ин аст, ки дар катори дигар ночурихо фаъолияти биологи низ сахт тагийр меёбад ва пархез аз шароб дер давом кунад хам, хангоми дубора ба майнуши шуруъ кардан, бемайлон боз ба мастигари мебарад. Мухлати пархез хар кадар кам бошад, хохиши масти хамон кадар зудтар ва сахттар пайдо мешавад. Бинобар ин, дар сурати риоя накардан ба пархез хамеша хавфи он аст, ки беморон ихтиёри худро аз даст диханд. Максади табобат катъ кардани майнуши, бартараф сохтани алоими хумор, баркарор намудани вазифаи узв, маглуб сохтани рагбат ба шароб, тамоили устувор ба зиндагии хушёрона аст.
Худи бемор бе мадади духтур рафти маризиро боздошта наметавонад. Факат дар даврахои аввали бемори мастигариро бошуурона катъ кардан мумкин аст. Беморе, ки шахсияти у тагйир наёфтааст, агар хатари вазъияти ба вучуд омада (ихтилофхо дар оила, дар кор ва г.)-ро бифахмад, рагбати ба шароб доштаи худро бартараф карда метавонад. Худ ба худ катъ гардидани мастигари, одатан, баъди психози сахти алкухули ба вукуъ пайваста, баъзан зиёда аз ним сол давом мекунад. Дар бисёр холатхо ба табобати беруна дахолат бояд кард. Дар ин маврид махсусан роли оила калон аст. Шакли бемори гирифтани мастигариро одамони наздик нисбатан зудтар пай мебаранд, бо окибати вазнини М. м. аввалин шуда онхо ру ба ру мешаванд.
Муолича хар кадар бештар ба таъхир андохта шавад, окибатхои хавфноки бемориро бартараф кардан хамон кадар мушкилтар мегардад. Дер мурочиат кардан ба духтур бисёр вакт натичаи надонистани нишонахои ибтидоии бемори аст. Муддати мадид, хатто вакте ки кайхо рагбати носолим ба шароб пайдо шудаасту шахс барои нушидан хар гуна бахона мечуяд ва барои ин хамфикрон хам дорад, М. м.-ро хамчун мастигарии мукаррари ва таъсири дустон мепиндоранд. Майзада ва наздикони у тахти губори тахаюлот монда умед ба он мебанданд, ки дар мавриди зарурат «аклро ба кор андохтан» ва мастигариро катъ кардан мумкин аст.
Муддати зиёд наздикон ба ваъдахои майзада дар бораи катъи майнуши ё баэътидол нушидан бовар мекунанд. Ин савгандхо чиддианд ва худи бемор низ ба ичрои онхо бовар дорад, вале рагбати носолим боз ва боз аз ниятхои у зуртар мебарояд. Барои исботи кудрати иродаи худ майзада чанд вакт пархез кардани худро мисол меоварад. Вале мохияти далелхои у ин аст, ки аз хад зиёд нушидан ходисаи доими буда, пархез муваккатист. Илова бо нодуруст бахо додан ба вазъи майзада, наздикони бемор боз сахви дигаре мекунанд: онхо умед мебанданд, ки бо иродаи худ мастигариро ба тартиб меандозанд ва ба ин максад майнуширо дар хона ташкил мекунанд («то ки дар куча нанушад»), дар рузхои истирохат бисёр нушиданро ичозат медиханд («то ки дар рузхои кори нанушад»). Вале махсусияти бемори, яъне гайриимкон будани назорат ва пешгири карда натавонистани истеъмоли шароб, ин тадбирхоро беманфиат мегардонанд. Хатто баъди он ки тамоми чорахо андешида шуданд, наздикон ба духтур мурочиат карданро кашол медиханд, аз тарси нарезондани обруи аракхур ба инкишофи бемори мусоидат мекунанд. Ягона рохи имконпазиру дуруст дар мавриди ба бемории майзадаги гирифтор шудани яке аз ахли оила пайгирона талаб кардани катъи мастигари ва хангоми натичаи дилхох надодани пархез мурочиат ба духтури нарколог аст. Бисёр вакт беморон ба газаб эътироз мекунанд, аз муолича ру метобанд. Дар ин мавридхо дар хотир бояд дошт, ки хар кадар бемори инкишоф ёбаду ихтилоли рухи ва тагийроти шахсият амиктар гардад, кахру газаб ва эътирози майзадахо хавфноктар мешавад.
Агар бемор зери таъсири атрофиён «акнун ман ба шароб рагбат надорам, мисли дигарон солим хастам ва нушида метавонам…» гуфта, боз нушад, бемори мумкин аст аз нав хуруч кунад. Баъди ин дар оила ба бемор хамчун ба шахси аз бемории вазнин шифоёбанда муомила бояд кард. Вай бояд речаи катъии кор ва истирохат дошта бошад, саривакт гизо хурад, чунки гуруснаги иштиёкро ба нушокии спирти бедор месозад. Эхсоси тезу тунд ва андух ба авч гирифтани бемори мусоидат мекунанд. Муолича хар кадар дер сар шуда бошад, хамон кадар эхтимоли зиёд меравад, ки иштиёки носолим бе сабаби анике аз нав руй медихад. Бисёр вакт бемор ин рагбатро хис намекунад ё онро бешуурона рафъ месозад, вале худ асабони мешавад. Нишонахои шиддат гирифтани бемори такозо мекунанд, ки зуд ёрии тибби расонда шавад. Беморро бисёр вакт дар беморхона хобондан лозим меояд. Ба ташкили истирохат ва фарогати майзадахое, ки муолича карда шудаанд, кумак расондан зарур аст.
Ад.: Болотова З. Н., Алкоголизм – общественное зло, Киев, 1982; Гудвин Д. У., Алкоголизм, М., 2002; Лапин И. П., Стресс. Тревога. Депрессия. Алкоголизм. Эпилепсия, СПб., 2004.

Г. К. Мирочов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …