Главная / Илм / МАГЗЧА

МАГЗЧА

magzchaМАГЗЧА (Cerebellum), майнача, як кисми магзи сар. М. дар координатсияи харакат, хифзи холату вазъи тан, тонус ва мувозанати бадан ширкат меварзад. Дар чукураки кафои чумчума дар болои магзи дарозруя ва пули Варолио мавкеъ гирифтааст. Дар болои М. хиссахои пасисарии майна мавкеъ ёфтаанд; дар байни онхо ва М. шохаи сахти майнапарда (чодари майнача) чой дорад.
М. аз хиссаи мобайни ё батни майнача ва ду нимкурра (хар кадом бо чуякчахо ба се хисса таксим мешавад) иборат аст. М. аз дохил бо моддаи сафед ва аз берун ба кабати тунуки моддаи хокистарранг (кишри М.) фаро гирифта шудааст. Моддаи сафеди нимкуррахои М. ба моддаи сафеди батни он мепайвандад. М. хамчунин чанд ядро дорад, ки мухимтарини онхо ядрои дандонашакл (дар нимкуррахои М.) ва ядрои чодар (дар батни М.) мебошанд. М. бо кисмхои хамшафати магзи сар ба тавассути бандчаи торхо – поячаи М. тамос дорад; поячахо М.-ро бо пули Варолио, магзи дарозруя ва магзи мобайни пайваст мекунанд.
Вазифаи асосии М. танзим намудани фаъолияти ахлонаи мушакхои скелет аст. М. дар хамбастаги бо кишри майнаи калон дар танзими харакатхои ихтиёри иштирок менамояд. М. хамчунин бахри нигох доштани мувозанати бадан хангоми рох рафтан ва харакатхои фаъол ахамияти калон дорад. Дар сурати осеб ёфтани М. тамоми харакатхои одам берабт гашта, нутк ва хусни хат вайрон мешавад, бемор калавида рох меравад, нистагм, сарчархи ба вучуд меояд.
Ад.: Механизмы деятельности мозга человека, Л., 1988; Анатомия человека, М., 1997; Лысов П. К., Анатомия, М., 2003.
КЛ
Расми 1. Поячахои магзча ва муносибати онхо бо сохторхои танаи магзи сар: 1 – таламус; 2 – теппачаи поёни; 3 – магзча; 4 – поячаи болоии магзча; 5 – поячаи поёнии магзча; 6 – нимкурахои магзча; 7 – зайтун; 8 – асаби сетора; 9 – рохи пеши хароммагзу магзча; 10 – рохи болопушу хароммагз; 11 – халкаи миёнчои; 12 – дастаки теппачаи поёни; 13 – поячаи магзи сар.
Расми 2. Накшаи кабатхои хучайравии кишри магзча: 1 – кабати молекулави; 2 – кабати нейронхои мурудшакл; 3 – кабати дона-дона; 4 – моддаи сафед; 5 – хучайрахои глиали бо султон (торхои Бергамон); 6 – хучайраи калони асаб (хучайраи Голчи); 7 – хучайраи халташакли асаб; 8 – нейротситхои хурд; 9 – хучайрахои Пуркинйе; 10 – астротсит.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …