Главная / Илм / «МуЧАЗУ-Л-КОНУН»

«МуЧАЗУ-Л-КОНУН»

muchazu-l-konun«МуЧАЗУ-Л-КОНУН», асари Алоуддин Али ибни Абилхазми Кураши, маъруф ба Ибни Нафиси Димишки (1200 – 1288). Китоб мухтасари «Ал-Конун»-и Ибни Сино буда, аз чахор фан иборат аст: фанни аввал дар баёни коидахои чузъии тиб аз чихати илмию амали ба таври умум; фанни дуввум дар баёни дорухо ва гизохои муфрад ва мураккаб; фанни севвум дар баёни беморихои хоси хар як андом; фанни чахорум дар баёни беморихое, ки хоси ягон узв нестанд ва сабабу аломатхо ва тарзи муоличаи онхо. «М.» аз чихати мухтаво дар миёни китобхои тиббии мухтасару муфассал аз хама бехтару муътабартар буда, минбаъд бар матни он шарххои зиёде таълиф шудаанд, ки баъзе аз онхо ба карори зайл аст: «Халлу-л-Мучаз» – таълифи Чамолиддин Мухаммад ибни Мухаммади Оксарои (ваф. 1369); «Шарху-л-Мучаз» – асари Нафис ибни Ивази Кирмони, ки с. 841 х. дар Самарканд таълиф кардааст; «Хошия бар «Шархи нафиси» – таълифи Гарсуддин Ахмад ибни Иброхими Халаби (ваф. 1563); «Шарху-л-Мучаз» – таълифи Шихоб Мухаммади Ичиа Булбули; «Шарху-с-садиди» – таълифи Садидуддини Козаруни; «Ал-Мучаз» – шархи бисёр муфассал ва дар ду мучаллад буда, аз таълифоти раиси табибон Махмуд ибни Мухаммади Амшоти (ваф. 1407) мебошад; Шархе бо номи «Ал-Мугни» – аз муаллифи номаълум.
Ба гайр аз ин «М.»-ро Ахмад ибни Камол ном табиб ба забони турки тарчима кардааст.
Ад.: Хочихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ч. 2, Лубнон, 2007.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …