Главная / Илм / ЛуБИЁ

ЛуБИЁ

lubiyoЛуБИЁ (Phascolus vulgaris), растаниест яксола. Пояаш печони сершохча, баргаш сермуяк, гулаш гулоби, бунафш, зардтоб ё сафеди сабзча, гилофакаш дароз (2 – 10 тухм дорад).
Л. зироати гизои ва шифобахш аст. Дони онро ба таом меандозанд, дар саноати консерву таббохи истифода мебаранд. Дар таркиби дони Л. сафеда, равган, охар, канд, витаминхо А, В, С мавчуд аст. Аз баргаш чавхари лиму ва чанд хел дору тайёр мекунанд.
Бино ба маълумоти Абумансури Муваффак Л. неруро меафзояд. Л.-и сурх чанини фавтидаро аз бачадон хорич месозад, хунравии баъд аз таваллудро бозмедорад. Абуалии Сино Л.-ро барои сина ва шуш муфид хисобидааст. Бино ба маълумоти Мухаммад Хусайни Шерози Л. хосияти поксози дорад, сангро хал мекунад, дони он пешобро меронад. Л.-и сафед дамишовар буда, дер хазм мешавад, сина ва шушро нарм, чисмро фарбех месозад. Истеъмоли аз меъёр зиёди Л. боиси хобхои дахшатнок мегардад.
Дар тибби халки накеъи гилофак ё гули хушки Л.-ро хангоми иллати гурда ва масона, беморихои дилу рагхо (галаёни хун, заъф ва илтихоби дил), барои муоличаи диабети канд, тарбод ва никрис истифода мебаранд. Рузе пеш аз таом 3 – 4 маротиба истеъмол намудани 0,5 истакон накеъи гули Л. дарди санги гурда ва талхадонро нафъ мебахшад. Хокаи гилофаки Л.-ро ба шукуфа, захмхои сухтаи обдор, чарохатхои фасоднок, саромос мепошанд. Орди Л.-ро хамир карда ба чарохат, хафтпуст, хасмол мебанданд. Таоми лубиёдорро ба сифати гизои нерубахши меъда тавсия медиханд. Истеъмоли Л. боднок, дерхазм буда, аз он дар бадан моддаи гализ пайдо мешавад, узвхои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, мани ва шир пайдо менамояд, бохро ба харакат меоварад, баданро фарбех месозад, пешоб ва хайзро равон мекунад. Агар Л.-ро бо каме канд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад, бачаро аз шиками занони хомила меафтонад.
Табибони халкии олмони чушоби гилофак, поя ва пусти хушки дони Л.-ро давои беморихои гурда, обхура, саръ, диабети канди мехисобанд.
Дар тибби муосир Л. ба сифати гизои пархези ва давои истифода мешавад. Чавхари аз пусти дони Л. тайёркарда микдори канди хунро кам мекунад. Бинобар ин, онро барои беморони гирифтори диабети канди тавсия медиханд.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …