Главная / Гуногун / Ливотат (бачабозӣ чист?) – гуноҳи кабира

Ливотат (бачабозӣ чист?) – гуноҳи кабира

Ливотат (бачабозӣ). Имом Абӯҳанифа, аз Ҳаммод ибни Абӯсулаймони Фақеҳ ва ӯ аз Иброҳими Нахъӣ ривоят кардааст, ки ливотаткунанда ба манзалаи бадтар, аз зинокор аст. Ин амали ҳаром ва ғайри шаръӣ, аз феъли бад ва ғайри инсонӣ ва ҷоҳилона ва ваҳшиёна ва палидонаи қавми Лут пайғамбар (ъ-м) будааст. Худованди азимушаън хабар медиҳад, ки: «Ва Лутан из қола лиқавмиҳи иннакум латаътунал-фоҳишата: Мо сабақакум биҳо аҳадин минал-оламин». (Тарҷума: «Лут вақте, ки ба қавми худ гуфт: Ҳар оина шумо, ба амал меоред. кори беҳаёиро (яъне, ливота) пеш аз шумо накарда, ҳеҷ нафаре, аз оламиён»). Ва Расул (с) гуфт: «-Лаъаналлоҳу ман амила, амала қавма Лутин» (Яъне: «-Лаънат кунад Аллоҳ касеро, ки кори қавми Лутро анҷом бидиҳад»).

bachaboz

Дар аҳодиси набавӣ (с), чуноне ки дар ривояти Абӯдовуд ва Ҳоким, ки онро Заҳабӣ саҳеҳ гуфтаанд, омадааст:-Ман ваҷадтуҳуму яъмалу қавма Лутин, фақтулул-фоъилу вал мафъула биҳ. Яъне: «-Касеро дар ҳоле дидед, ки амали қавми Лут (литоват)-ро анҷом медиҳад, фоъил, яъне кунанда ва мафъул, яъне, касеро, ки дар вай ин амал анҷом дода мешавад, бикушед!»).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …