Главная / Гуногун / Кўдакӣ ва ҷавонии Муҳаммад С.А.В

Кўдакӣ ва ҷавонии Муҳаммад С.А.В

Устод, шумо ҳар чо – ҳар ҷо доир ба дини Ислом, тамаддуни исломӣ ва ғайраҳо чи дар китобҳоятон ва чи дар муроҷиатномаву мақолаҳоятон ба дини Ислом даст мезанед. Банда дар бораи Муҳаммад (а) бисёр чизҳо хондааму вале дар бораи кўдакӣ ва ҷавонии он кас маълумоти аниқ надорам. Баъзе нақлҳои аҷоибу ғароиб мешунавам, ки онҳо чандон боварибахш нестанд.

  Ҷавоб:  20 апрели соли 570 дар Макка, воқеъае рух дод, ки форсҳо, юнониҳо, арабҳо, якудиҳо, римиҳо ва ҳабашу африқоиҳоро ба ҳайрат гузошт.

Вале ҳеҷ кас асрори ин шаби сеҳрангезро боз карда наметавонист, ба ҷуз ҳайрат!

  Барои он, ки Шумо ба нақли мо боварӣ ҳосил кунед, мо ин воқеъаро айнан аз китоби файласуфи забардаст ва диншиноси маъруфи асри XIX –и рус Владимир Соловьёв бо унвони «Муҳаммад» муаррифӣ мекунем. Вале қабл аз он ки мо гуфтаҳои ўро хотирнишон кунем, аввал воқеае, ки он шаби таърихӣ дар Империяи сосониён рух дод ва ин вокеъа чун ҳаводиси таърихӣ дар китоби банда зикр гардидааст, тавақкуф мекунем: Пешхизматони – Ануширвони Одил хабар доданд, ки абиссинҳои насронии Яман якҷоя бо ҳабашҳои зархарид, бо яроқи зиёд ва филҳои ҷангии африқоӣ, ки бо кўмаки юнониён ба даст овардаанд, ба муқобили Империяи Форс равон шуданд.

  Бегоҳии шаби 20 апрели соли 570 барои Ануширвони Одил даҳшатангезтарин шаб гардид; чи сон пеши роҳи душманро гирифт аспҳо ба муқобили филҳои бадбўи африқоӣ истодагарӣ карда наметавонанд. Ҳатто Искандарӣ Мақдунӣ бо артеши чандҳазораи худ ба муқобили филҳои шоҳи Ҳинд Поро тоб оварда натавониста оқибнишинӣ карда буд.

  Поси шаб ғул-ғулаи овозҳо Ануширвони Одилро аз ҷойгаҳ берун овард ва ҳамоно супориш дод бифаҳманд, ки чи ҳодиса рух додааст. Ба зуддӣ ду нафар сарбози Форс ба пеши пои шоҳ ба замин афтотанд. Шоҳ пурсид: Чи ҳодиса? Гуфтанд: – Шоҳам аз Истаҳр хабар омад, ки ногаҳон оташи оташкадаи зардуштиёни Истахр хомўш гардид

  Ва дере нагузашта шабчароғи дарбор бо ҳаяҷон хабар дод, ки қувваи номаълум асбобҳои чиннивор ва мисину тилогинро аз рафҳо афтонида мешикананд. Дарҳо бастаанд, дар он ҷо касе нест.

  Ин шаби пурасрор рўз шуд ва рўз ба қиём нарасида хабар омад, ки артеши чандҳазорнафараи абиссинҳои Яман, ки дирўз шаҳри Маккаро иҳота карда гирифта буданд, ба вабо гирифтор шуда, то поси шаб ним зиёдашон бо филҳои ҷанги ҳалок гардида, боқимонда дар роҳи гурез аз дасти бедуинҳо кушта шудаанд.

Ҳеҷ кас, на дар Макка ва на дар берун намефаҳмид, ки ин чи ҳодиса аст.

Инак китоби Владимир Соловьев «Муҳаммад»-ро авроқ мезанем: Соли 570 –и мелодӣ барои ҳарду империяи бузург, ки дунёи онрўзаро ба ду қисми баҳам мухолиф ҷудо мекарданд, соли даҳшатнок гардид. Ҳокими мутлақи Рим Юстини Ду ва шаҳаншоҳи Тайсафун Ануширвони Одил ҳарду ҳам ин воқеъаи ҳайратоварро ба тарзи гуногун маънидод мекарданд.

  Ҳанўз Юстини Пешина ва Юстиниан, бо форсҳо ҷанг карда, қарор дода буданд, ки барои аз худ дур кардани нерўи номақбул (яъне форсҳо) бо шоҳигарии насронии дури худ-дар Ҳабашистон ва Яман муносибатҳои дипломатӣ барқарор кунанд. Зеро гузаштагони онҳо ҳанўз аз давраҳои пеш кўшиш мекарданд, ҳукмронии худро дар соҳили Баҳри Сурх барқарор карда, ба кунҷи ҷанубу ғарбии нимҷазираи Араб соҳиб шаванд ва намояндагии худро дар он ҷо гузоранд. Мақсади асосии онҳо ба самти шимолу шарқии. Арабистон соҳиб шудан буд, зеро бартарии форсҳо ва қисмҳои ҳарбии пурзўри онҳо дар он ҷо эътироф карда мешуд. Барои иҷрои ин нақша соли 570 намоянда – сарвари абиссинҳои Яман-Абраҳ лашкари ихтиёрии бисёре бо филҳои зиёди ҷангии африқоӣ ба ҳаракат даровард, ки чунин ҷанги ваҳшиёнаро то кунин арабҳо надида буданд. Ин қисми ҳарбӣ аз Яман ба воситаи Ҳиҷоз ба шаҳри Ятриб (Мадина) ва аз он ҷо бояд ба сарҳади Форс мегузашт. Дар Рим дар бораи ин ҷанг (бо Форсҳо) барвақт мединистанд ва аз ин ҷанг ба манфиатҳои калон соҳиб шуданро пешбинӣ мекарданд. Вале дар роҳи байни Яман то Форс бояд ба воситаи шаҳри Макка мегузаштанд, ки ин ҷо маркази мустақили қабилаҳои араб ба шумор мерафт.

  Дарвозаи Маккаро боз намудан барои қисмҳои ҳарбии абиссинҳо маънои соҳиб шудани қабилаҳои дигари араб ба тамоми Арабистонро дошт.

Барои ба ин соҳиб шудан ҷанг бояд кард. Бартарии абиссинҳо бо филҳои ҷангӣ маълум буд. Тасаввурот дар бораи ин ҷанг ба дараҷае бузург буд, ки соли «570» -ро «соли фил» номиданд. Абиссинҳо Маккаи муқаддасро пурра иҳота карданд. Вале шаби аввал дар ўрдугоҳи онҳо касалии гўшношунид – вабо пайдо шуд, ки дар поси авали шаб ним зиёди лашкару филҳоро ба доми худ фурўъ бурд. Боқимонда роҳи гурезро пеша намуда, ба сўи Яман гурехтанд, вале дар роҳи гурез қабилаҳои бедуин онҳоро тамоман қир карданд.

  Ин ҳодиса на фақат ба қувваҳои ҳарбии абиссинҳо зарбаи ҳалокатовар гардид, балки давлати пуриқтидори Яманро тамоман аз байн бурд  ва бо ҳамин иттифоқчии Рим дар ҷануби Арабистон барҳам хўрд.

  Гарчанде шаҳаншоҳи Форс аз ноомади иттифоқчиёни африқоии Рим истифода карда, онҳоро аз Яман ронд ва ҳукмронии  ҳудро дар як вақти номаълум дар он ҷо барқарор кард, бо вуҷуди он, соли 570 барои ў ҳам аломати бад дошт. Он шаби даҳшатнок гарчанде дасти ғайри инсонӣ иттифоқчиёни душмани ўро маҳв карданд, худи ў, аз гуфти муаррихон, аз зарбаи фавкултабиии номаълум дар ҳайрат монда буд; ҳамаи зарфҳои дар дарбор буда, чаппа карда шикаста шуданд ва оташи хомўшнашавандаи оташкада – рамзи дини зардўштӣ якбора хомўш гардид, яъне Парвардигор дини Зардуштро ҳамчун оташпараст, на Худопараст рад кард.

Агар юнониён аз маҳв шудани иттифоқчиёни худ андўҳгин шуда бошанд, агар императори Рим ба таҳлука афтода бошад, агар шаҳаншоҳи Форс аз садамаи номаълум ба дини Зардўштӣ дар истироб афтода бошад, вале на ба ину на ба он, асрори ин шаби ҳайратангез маълум набуд. Зеро онҳо дониста наметавонистанд, ки ин шаби пурасрор дар хонаи шахси камбағалтарини шаҳри Макка – Абдуллоҳ фарзанди Абдул – Муталлиб, писар ба дуне омад, ки қувваи нави рўҳонӣ-сиёсиро ташкил кардан ва ҳалқҳои Шарқро муттаҳид намудан ва ба ҳукмронии ҳазорсолаи юнониён, импераияи бузурги Сосон ва Рим зарбаи ҳалокатовар задан насиби ў мегардад. Ин кўдак Муҳаммад (а.с.) буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …