Главная / Гуногун / Кудаки ва чавонии Мухаммад С.А.В

Кудаки ва чавонии Мухаммад С.А.В

Устод, шумо хар чо – хар чо доир ба дини Ислом, тамаддуни исломи ва гайрахо чи дар китобхоятон ва чи дар мурочиатномаву маколахоятон ба дини Ислом даст мезанед. Банда дар бораи Мухаммад (а) бисёр чизхо хондааму вале дар бораи кудаки ва чавонии он кас маълумоти аник надорам. Баъзе наклхои ачоибу гароиб мешунавам, ки онхо чандон боварибахш нестанд.

  Чавоб:  20 апрели соли 570 дар Макка, вокеъае рух дод, ки форсхо, юнонихо, арабхо, якудихо, римихо ва хабашу африкоихоро ба хайрат гузошт.

Вале хеч кас асрори ин шаби сехрангезро боз карда наметавонист, ба чуз хайрат!

  Барои он, ки Шумо ба накли мо бовари хосил кунед, мо ин вокеъаро айнан аз китоби файласуфи забардаст ва диншиноси маъруфи асри XIX –и рус Владимир Соловьёв бо унвони «Мухаммад» муаррифи мекунем. Вале кабл аз он ки мо гуфтахои уро хотирнишон кунем, аввал вокеае, ки он шаби таърихи дар Империяи сосониён рух дод ва ин вокеъа чун хаводиси таърихи дар китоби банда зикр гардидааст, таваккуф мекунем: Пешхизматони – Ануширвони Одил хабар доданд, ки абиссинхои насронии Яман якчоя бо хабашхои зархарид, бо яроки зиёд ва филхои чангии африкои, ки бо кумаки юнониён ба даст овардаанд, ба мукобили Империяи Форс равон шуданд.

  Бегохии шаби 20 апрели соли 570 барои Ануширвони Одил дахшатангезтарин шаб гардид; чи сон пеши рохи душманро гирифт аспхо ба мукобили филхои бадбуи африкои истодагари карда наметавонанд. Хатто Искандари Макдуни бо артеши чандхазораи худ ба мукобили филхои шохи Хинд Поро тоб оварда натавониста окибнишини карда буд.

  Поси шаб гул-гулаи овозхо Ануширвони Одилро аз чойгах берун овард ва хамоно супориш дод бифахманд, ки чи ходиса рух додааст. Ба зудди ду нафар сарбози Форс ба пеши пои шох ба замин афтотанд. Шох пурсид: Чи ходиса? Гуфтанд: – Шохам аз Истахр хабар омад, ки ногахон оташи оташкадаи зардуштиёни Истахр хомуш гардид

  Ва дере нагузашта шабчароги дарбор бо хаячон хабар дод, ки кувваи номаълум асбобхои чиннивор ва мисину тилогинро аз рафхо афтонида мешикананд. Дархо бастаанд, дар он чо касе нест.

  Ин шаби пурасрор руз шуд ва руз ба киём нарасида хабар омад, ки артеши чандхазорнафараи абиссинхои Яман, ки дируз шахри Маккаро ихота карда гирифта буданд, ба вабо гирифтор шуда, то поси шаб ним зиёдашон бо филхои чанги халок гардида, бокимонда дар рохи гурез аз дасти бедуинхо кушта шудаанд.

Хеч кас, на дар Макка ва на дар берун намефахмид, ки ин чи ходиса аст.

Инак китоби Владимир Соловьев «Мухаммад»-ро аврок мезанем: Соли 570 –и мелоди барои харду империяи бузург, ки дунёи онрузаро ба ду кисми бахам мухолиф чудо мекарданд, соли дахшатнок гардид. Хокими мутлаки Рим Юстини Ду ва шаханшохи Тайсафун Ануширвони Одил харду хам ин вокеъаи хайратоварро ба тарзи гуногун маънидод мекарданд.

  Хануз Юстини Пешина ва Юстиниан, бо форсхо чанг карда, карор дода буданд, ки барои аз худ дур кардани неруи номакбул (яъне форсхо) бо шохигарии насронии дури худ-дар Хабашистон ва Яман муносибатхои дипломати баркарор кунанд. Зеро гузаштагони онхо хануз аз даврахои пеш кушиш мекарданд, хукмронии худро дар сохили Бахри Сурх баркарор карда, ба кунчи чанубу гарбии нимчазираи Араб сохиб шаванд ва намояндагии худро дар он чо гузоранд. Максади асосии онхо ба самти шимолу шаркии. Арабистон сохиб шудан буд, зеро бартарии форсхо ва кисмхои харбии пурзури онхо дар он чо эътироф карда мешуд. Барои ичрои ин накша соли 570 намоянда – сарвари абиссинхои Яман-Абрах лашкари ихтиёрии бисёре бо филхои зиёди чангии африкои ба харакат даровард, ки чунин чанги вахшиёнаро то кунин арабхо надида буданд. Ин кисми харби аз Яман ба воситаи Хичоз ба шахри Ятриб (Мадина) ва аз он чо бояд ба сархади Форс мегузашт. Дар Рим дар бораи ин чанг (бо Форсхо) барвакт мединистанд ва аз ин чанг ба манфиатхои калон сохиб шуданро пешбини мекарданд. Вале дар рохи байни Яман то Форс бояд ба воситаи шахри Макка мегузаштанд, ки ин чо маркази мустакили кабилахои араб ба шумор мерафт.

  Дарвозаи Маккаро боз намудан барои кисмхои харбии абиссинхо маънои сохиб шудани кабилахои дигари араб ба тамоми Арабистонро дошт.

Барои ба ин сохиб шудан чанг бояд кард. Бартарии абиссинхо бо филхои чанги маълум буд. Тасаввурот дар бораи ин чанг ба дарачае бузург буд, ки соли «570» -ро «соли фил» номиданд. Абиссинхо Маккаи мукаддасро пурра ихота карданд. Вале шаби аввал дар урдугохи онхо касалии гушношунид – вабо пайдо шуд, ки дар поси авали шаб ним зиёди лашкару филхоро ба доми худ фуруъ бурд. Бокимонда рохи гурезро пеша намуда, ба суи Яман гурехтанд, вале дар рохи гурез кабилахои бедуин онхоро тамоман кир карданд.

  Ин ходиса на факат ба куввахои харбии абиссинхо зарбаи халокатовар гардид, балки давлати пуриктидори Яманро тамоман аз байн бурд  ва бо хамин иттифокчии Рим дар чануби Арабистон бархам хурд.

  Гарчанде шаханшохи Форс аз ноомади иттифокчиёни африкоии Рим истифода карда, онхоро аз Яман ронд ва хукмронии  худро дар як вакти номаълум дар он чо баркарор кард, бо вучуди он, соли 570 барои у хам аломати бад дошт. Он шаби дахшатнок гарчанде дасти гайри инсони иттифокчиёни душмани уро махв карданд, худи у, аз гуфти муаррихон, аз зарбаи фавкултабиии номаълум дар хайрат монда буд; хамаи зарфхои дар дарбор буда, чаппа карда шикаста шуданд ва оташи хомушнашавандаи оташкада – рамзи дини зардушти якбора хомуш гардид, яъне Парвардигор дини Зардуштро хамчун оташпараст, на Худопараст рад кард.

Агар юнониён аз махв шудани иттифокчиёни худ андухгин шуда бошанд, агар императори Рим ба тахлука афтода бошад, агар шаханшохи Форс аз садамаи номаълум ба дини Зардушти дар истироб афтода бошад, вале на ба ину на ба он, асрори ин шаби хайратангез маълум набуд. Зеро онхо дониста наметавонистанд, ки ин шаби пурасрор дар хонаи шахси камбагалтарини шахри Макка – Абдуллох фарзанди Абдул – Муталлиб, писар ба дуне омад, ки кувваи нави рухони-сиёсиро ташкил кардан ва халкхои Шаркро муттахид намудан ва ба хукмронии хазорсолаи юнониён, импераияи бузурги Сосон ва Рим зарбаи халокатовар задан насиби у мегардад. Ин кудак Мухаммад (а.с.) буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …