Главная / Илм / КРИПТОРХИЗМ

КРИПТОРХИЗМ

kriptorhizmКРИПТОРХИЗМ (Cryptorchismus), нуқси модарзоди инкишофи ҷинсӣ, ки ҳангоми он як ё ҳар ду хояи ношуд (ноқис) ба хоядон нафуромада, дар қадкашак ё дар шикам андармон мемонад. Вобаста ба ҷойгирии хоя К. қадкашакӣ ва батнӣ мешавад.
Бунёд ва ташаккули хояҳои ҷанин дар девораи ақиби шикам дар шафати гурдаҳо сурат мегирад. Дар баробари рушди ҷанин хояҳо бо ёрии бандакҳо поён кашида шуда, тавассути нои қадкашак ба хоядон мефуроянд. Баъзан ба хоядон фуромадани хоя ба таъхир афтода, то синни 12 – 13-солагӣ тӯл мекашад. Ба хоядон нафуромадани ҳар ду хоя яке аз сабабҳои асосии бенаслии мардҳо мебошад.
Дар ҳар мавриди К. волидонро зарур аст, ки кӯдакро ба духтур нишон диҳанд. К.-ро дар хурдсолӣ бо доруҳои махсус, ки ба ташаккули мӯътадили хоя ва бофтаҳои атрофи он мадад мерасонанд, муолиҷа мекунанд. Бо вуҷуди ин бисёр вақт усули ҷарроҳиро ба кор мебаранд. Ҷарроҳиро чӣ дар мавриди андармонии хоя ва чӣ ҳангоми нодуруст фуромадани он дар ҳар синну сол, вале на дертар аз 12-солагӣ анҷом медиҳанд. Ҷарроҳӣ дар 7 – 10-солагии кӯдак айни муддаост. Дар мавриди оризаҳои гуногун, аз ҷумла ҳангоми печидан ва ё фишурда шудани хояи ба хоядон нафуромада (дар натиҷаи сахт таранг шудани мушакҳои шикам, зарба хӯрдани шикам, афтодан ва ҷаҳидан рӯй медиҳад), сарфи назар аз синну сол, дахолати ҷарроҳӣ зарур аст. Ҳангоми андаруни шикам дармондани хоя дарде пайдо мешавад, ки онро аз дигар дардҳои дар мавриди бемориҳои шадиди узвҳои шикам (мас., аппендитсит) рухдиҳанда бояд фарқ кард. Дар чунин мавридҳо дар кӯдак вуҷуд доштани К.-ро гумонбар шудан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …