Главная / Илм / КРИПТОРХИЗМ

КРИПТОРХИЗМ

kriptorhizmКРИПТОРХИЗМ (Cryptorchismus), нукси модарзоди инкишофи чинси, ки хангоми он як ё хар ду хояи ношуд (нокис) ба хоядон нафуромада, дар кадкашак ё дар шикам андармон мемонад. Вобаста ба чойгирии хоя К. кадкашаки ва батни мешавад.
Бунёд ва ташаккули хояхои чанин дар девораи акиби шикам дар шафати гурдахо сурат мегирад. Дар баробари рушди чанин хояхо бо ёрии бандакхо поён кашида шуда, тавассути нои кадкашак ба хоядон мефуроянд. Баъзан ба хоядон фуромадани хоя ба таъхир афтода, то синни 12 – 13-солаги тул мекашад. Ба хоядон нафуромадани хар ду хоя яке аз сабабхои асосии бенаслии мардхо мебошад.
Дар хар мавриди К. волидонро зарур аст, ки кудакро ба духтур нишон диханд. К.-ро дар хурдсоли бо дорухои махсус, ки ба ташаккули муътадили хоя ва бофтахои атрофи он мадад мерасонанд, муолича мекунанд. Бо вучуди ин бисёр вакт усули чаррохиро ба кор мебаранд. Чаррохиро чи дар мавриди андармонии хоя ва чи хангоми нодуруст фуромадани он дар хар синну сол, вале на дертар аз 12-солаги анчом медиханд. Чаррохи дар 7 – 10-солагии кудак айни муддаост. Дар мавриди оризахои гуногун, аз чумла хангоми печидан ва ё фишурда шудани хояи ба хоядон нафуромада (дар натичаи сахт таранг шудани мушакхои шикам, зарба хурдани шикам, афтодан ва чахидан руй медихад), сарфи назар аз синну сол, дахолати чаррохи зарур аст. Хангоми андаруни шикам дармондани хоя дарде пайдо мешавад, ки онро аз дигар дардхои дар мавриди беморихои шадиди узвхои шикам (мас., аппендитсит) рухдиханда бояд фарк кард. Дар чунин мавридхо дар кудак вучуд доштани К.-ро гумонбар шудан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …