Главная / Гуногун / КОДГУЗОРИИ МАТНҲО ВА ТАСВИРҲО

КОДГУЗОРИИ МАТНҲО ВА ТАСВИРҲО

Кодгузории матнҳо. Кодгузории матнҳо бо ёрии программаҳои махсуси таблитсаҳои кодӣ анҷом дода мешаванд. Мувофиқи ин таблитсаҳо ба ҳар як символи алифбоҳои лотинӣ ва русӣ як адади 8-битаи дуйӣ мувофиқ гузошта мешавад, ки онро код ё рақами символ мегўянд.

Ҳангоми пахши ягон тугмаи клавиатура программаи махсус ба протсессор рақами он тугмаро равон мекунад. Протсессор ба таблитсаи кодӣ муроҷиат намуда, муайян менамояд, ки рақами ҳосилшуда ба коди кадом символ мувофиқ аст. Баъд коди символ бо ёрии программа ба видеокарта равон карда мешавад. Видеокарта бошад, тасвири нуқтавии символро ҳосил намуда, онро дар экрани монитор нишон медиҳад.

kodirovanie

Ҳамин тариқ, мувофиқати байни тугмаҳои клавиатура ва тасвири экрании онҳо, танҳо ва танҳо ба таври программавӣ амалӣ гардонида мешавад. Программае, ки ин

мувофиқатгузориро таъмин менамояд драйвери клавиатура ва экран ном дорад. Драйвер – ин программаи ёрирасони миёнарави байни таҷҳизот ва дигар программаҳо мебошад.

Масалан, мувофиқи стандарти кодгузории ANSI (Ameқican National Standaқts Institute – Институти стандартҳои миллии Америка) барои системаи оператсионии Windows, коди ҳарфи калони русии «Ф» ба адади 212 мувофиқат мекунад. Ҳангоми дар клавиатура пахш намудани тугмаи «Ф», драйвери клавиатура рақами он, яъне адади 212-ро ба протсессор равон мекунад. Протсессор мувофиқи таблитсаи кодӣ муайян месозад, ки он коди ҳарфи «Ф» аст ва онро дар шакли адади дуии 11010100 ба видеокарта мефиристад. Видеокарта бо ёрии драйвери монитор шакли зоҳирии ҳарфи «Ф»-ро сохта, онро ба монитор мефиристад ва монитор дар навбати худ тасвири ҳарфро ба экран мебарорад.

Кодгузории тасвирҳо. Яке аз усулҳои аз ҳама маълуми кодгузории тасвирҳо аз он иборат аст, ки тасвирро бо ёрии ягон ҷадвали тўрии андозаи ячейкаҳояш хеле хурд мепўшонанд. Агар расм дар тасвири сиёҳу сафед бошад, он гоҳ ячейкаҳои ранги сафеддошта бо ёрии 0 ва ячейкаҳои ранги сиёҳдошта бо ёрии 1 ишорат карда мешаванд. Барои тасвирҳои ранга бошад, кодгузорӣ бо ёрии нуқтаҳои рангашон гуногун таъмин карда мешавад.

Дар ин маврид ҳар як нуқтаи тасвир дар хотираи компютер на бо ёрии як бит, балки якчанд битҳо ифода карда мешавад. Тасвирҳое, ки бо ин усулҳо кодгузорӣ карда шудаанд,

картаҳои битӣ, растрҳо ё тасвирҳои растрӣ ном доранд. Программаи махсусе, ки ин усули кодгузории тасвирҳоро медонад, ин тасвирҳоро ба экран мебарорад ё дар коғаз чоп менамояд. Тасвирҳои растрӣ як камбудии хеле ҷиддӣ доранд. Онҳоро калон ё хурд кардан бисёр ҳам душвор аст.

Ҳангоми интихоби масштаби хурд, якчанд нуқтаҳои ҳамсояи тасвир ҳамҷоя шуда, деталҳои хурди тасвир аз назар нонамоён мемонанд. Дар вақти интихоби масштаби калон бошад, андозаи ҳар як нуқта якчанд маротиба меафзояд ва тасвир намуди зинашаклро мегирад.

Барои аз ин камбудиҳо озод шудан, ҳоло ба ҷои кодгузории намуди растӣ, аз кодгузории намуди векторӣ истифода мебаранд. Мувофиқи кодгузории векторӣ он элементҳои расм, ки шакли фигураҳои геометрӣ ва хатҳои каҷу ростро доранд, дар хотираи компютер дар намуди формулаҳои математикӣ ва абстрактсияҳои геометрӣ – давра, квадрат, эллипс ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, давраи радиусаш 10 воҳид ва координатаҳои марказаш х=1 ва у=1, росткунҷаи тарафҳояш 5 ва 8 воҳидӣ ва координатаҳои марказаш х=4 ва у=12 аз қабили чунин мисолҳоянд.

Ҳамин тавр, андоза, каҷӣ ва ҷои ишғолнамудаи элементҳои расм дар хотира дар намуди коэффитсиентҳои ададӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бо шарофати ин усул калону хурдкунии андозаи тасвири расмҳо ва нусхаҳои онҳо хеле осон гаштаанд. Кифоя аст, ки дар ин маврид қимати параметрҳои элементҳои графикӣ ба коэффитсиенти масштабӣ зарб карда шавад. Аз тарзи кодгузории векторӣ истифода бурда, ҳатто фикр ҳам кардан лозим намеояд, ки мо нишонаи миниатурии расм ё транспаранти думетраи онро сохтанием. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ба таври эътимодбахш боварӣ дошта метавон, ки тасвирҳои табдилдодашуда ҳамаи сифатҳои тасвири асосиро доранд.

Яке аз намунаҳои кодгузории векторӣ формати PostScқipt ба шумор меравад. Ин формат дар системаи оператсионии Windows ҳангоми кодгузории ҳуруфҳои масштабӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Саволҳо:

  1. Матнҳо чӣ гуна кодгузорӣ карда мешаванд? Тасвирҳо чӣ?
  2. Кодгузории растрӣ чист? Кодгузории векторӣ чӣ?

 Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Доир ба кодгузории матнҳо ва тасвирҳо фикратонро дар дафтар баён намоед.

 

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …