Главная / Гуногун / КОДГУЗОРИИ МАТНХО ВА ТАСВИРХО

КОДГУЗОРИИ МАТНХО ВА ТАСВИРХО

Кодгузории матнхо. Кодгузории матнхо бо ёрии программахои махсуси таблитсахои коди анчом дода мешаванд. Мувофики ин таблитсахо ба хар як символи алифбохои лотини ва руси як адади 8-битаи дуйи мувофик гузошта мешавад, ки онро код ё раками символ мегуянд.

Хангоми пахши ягон тугмаи клавиатура программаи махсус ба протсессор раками он тугмаро равон мекунад. Протсессор ба таблитсаи коди мурочиат намуда, муайян менамояд, ки раками хосилшуда ба коди кадом символ мувофик аст. Баъд коди символ бо ёрии программа ба видеокарта равон карда мешавад. Видеокарта бошад, тасвири нуктавии символро хосил намуда, онро дар экрани монитор нишон медихад.

kodirovanie

Хамин тарик, мувофикати байни тугмахои клавиатура ва тасвири экрании онхо, танхо ва танхо ба таври программави амали гардонида мешавад. Программае, ки ин

мувофикатгузориро таъмин менамояд драйвери клавиатура ва экран ном дорад. Драйвер – ин программаи ёрирасони миёнарави байни тачхизот ва дигар программахо мебошад.

Масалан, мувофики стандарти кодгузории ANSI (Ameкican National Standaкts Institute – Институти стандартхои миллии Америка) барои системаи оператсионии Windows, коди харфи калони русии «Ф» ба адади 212 мувофикат мекунад. Хангоми дар клавиатура пахш намудани тугмаи «Ф», драйвери клавиатура раками он, яъне адади 212-ро ба протсессор равон мекунад. Протсессор мувофики таблитсаи коди муайян месозад, ки он коди харфи «Ф» аст ва онро дар шакли адади дуии 11010100 ба видеокарта мефиристад. Видеокарта бо ёрии драйвери монитор шакли зохирии харфи «Ф»-ро сохта, онро ба монитор мефиристад ва монитор дар навбати худ тасвири харфро ба экран мебарорад.

Кодгузории тасвирхо. Яке аз усулхои аз хама маълуми кодгузории тасвирхо аз он иборат аст, ки тасвирро бо ёрии ягон чадвали турии андозаи ячейкахояш хеле хурд мепушонанд. Агар расм дар тасвири сиёху сафед бошад, он гох ячейкахои ранги сафеддошта бо ёрии 0 ва ячейкахои ранги сиёхдошта бо ёрии 1 ишорат карда мешаванд. Барои тасвирхои ранга бошад, кодгузори бо ёрии нуктахои рангашон гуногун таъмин карда мешавад.

Дар ин маврид хар як нуктаи тасвир дар хотираи компютер на бо ёрии як бит, балки якчанд битхо ифода карда мешавад. Тасвирхое, ки бо ин усулхо кодгузори карда шудаанд,

картахои бити, растрхо ё тасвирхои растри ном доранд. Программаи махсусе, ки ин усули кодгузории тасвирхоро медонад, ин тасвирхоро ба экран мебарорад ё дар когаз чоп менамояд. Тасвирхои растри як камбудии хеле чидди доранд. Онхоро калон ё хурд кардан бисёр хам душвор аст.

Хангоми интихоби масштаби хурд, якчанд нуктахои хамсояи тасвир хамчоя шуда, деталхои хурди тасвир аз назар нонамоён мемонанд. Дар вакти интихоби масштаби калон бошад, андозаи хар як нукта якчанд маротиба меафзояд ва тасвир намуди зинашаклро мегирад.

Барои аз ин камбудихо озод шудан, холо ба чои кодгузории намуди расти, аз кодгузории намуди вектори истифода мебаранд. Мувофики кодгузории вектори он элементхои расм, ки шакли фигурахои геометри ва хатхои качу ростро доранд, дар хотираи компютер дар намуди формулахои математики ва абстрактсияхои геометри – давра, квадрат, эллипс ва гайрахо нигох дошта мешаванд. Масалан, давраи радиусаш 10 вохид ва координатахои марказаш х=1 ва у=1, росткунчаи тарафхояш 5 ва 8 вохиди ва координатахои марказаш х=4 ва у=12 аз кабили чунин мисолхоянд.

Хамин тавр, андоза, качи ва чои ишголнамудаи элементхои расм дар хотира дар намуди коэффитсиентхои адади нигох дошта мешаванд. Бо шарофати ин усул калону хурдкунии андозаи тасвири расмхо ва нусхахои онхо хеле осон гаштаанд. Кифоя аст, ки дар ин маврид кимати параметрхои элементхои графики ба коэффитсиенти масштаби зарб карда шавад. Аз тарзи кодгузории вектори истифода бурда, хатто фикр хам кардан лозим намеояд, ки мо нишонаи миниатурии расм ё транспаранти думетраи онро сохтанием. Дар хар ду холат хам ба таври эътимодбахш бовари дошта метавон, ки тасвирхои табдилдодашуда хамаи сифатхои тасвири асосиро доранд.

Яке аз намунахои кодгузории вектори формати PostScкipt ба шумор меравад. Ин формат дар системаи оператсионии Windows хангоми кодгузории хуруфхои масштаби ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Саволхо:

  1. Матнхо чи гуна кодгузори карда мешаванд? Тасвирхо чи?
  2. Кодгузории растри чист? Кодгузории вектори чи?

 Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Доир ба кодгузории матнхо ва тасвирхо фикратонро дар дафтар баён намоед.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солхои 60-70-ум дар коркарди гушт, ордкунии галла ва маъданистехсолкуни конвейер истифода бурда шуд. …