Главная / Ҷамъият / КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОДЕКСИ ШАҲРСОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №12, қ. 1, мод. 998; Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 с., №1348)  Гирифтан (Скачат)

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ.

gradosroitelstvo

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Кодекси мазкур танзим менамояд. 1
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ. 1
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ. 3
Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3
Моддаи 5. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ. 4
Моддаи 6. Манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ. 4
Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ ҳангоми амалӣ намудани. 4
Моддаи 8. Талаботи асосии фаъолияти шаҳрсозӣ. 5
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти.
Моддаи 10. Сервитутҳо ва маҳдуд гардонидани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин ҳангоми амалӣ. 6

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ.. 6

Моддаи 11. Танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ. 6
Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии давлатии. 7
Моддаи 13. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ. 7
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори. 8
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти дигари иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, 9
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори. 10
Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо. 10
Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ. 10
Моддаи 19. Ваколатҳои мақоми давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ. 11
Моддаи 20. Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ. 11

БОБИ 3. ОБЪЕКТ ВА СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ.. 12

Моддаи 21. Объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ. 12
Моддаи 22. Субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ. 12
Моддаи 23. Фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо. 13
Моддаи 24. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо. 13
Моддаи 25. Пудратчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо. 13
Моддаи 26. Истифодабарандагони объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо.

БОБИ 4. КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ШАҲРСОЗӢ ВА МОНИТОРИНГ. 14

Моддаи 27. Кадастри давлатии шаҳрсозӣ. 14
Моддаи 28. Мониторинги шаҳрсозӣ. 15

ФАСЛИ II. ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ.. 15
БОБИ 5. МИНТАҚАБАНДИИ ҲУДУДҲО ВА ИСТИФОДАИ ЛОИҲАҲОИ МАҲАЛҲОИ.. 15

Моддаи 29. Қоидаҳои иморатсозӣ. 15
Моддаи 30. Минтақабандии ҳудудҳо. 15
Моддаи 31. Минтақаҳои худудии маҳалҳои аҳолинишин. 16
Моддаи 32. Минтақаҳои истиқоматӣ. 16
Моддаи 33. Минтақаҳои ҷамъиятию корӣ. 17
Моддаи 34. Минтақаҳои истеҳсолӣ. 17
Моддаи 35. Минтақаҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ ва нақлиётӣ. 17
Моддаи 36. Минтақаҳои истироҳатӣ. 17
Моддаи 37. Заминҳои истифодаи кишоварзӣ. 17
Моддаи 38. Минтақаҳои таъиноти махсус. 18
Моддаи 39. Минтақаҳои объектҳои ҳарбӣ ва дигар ҳудудҳои реҷавӣ. 18
Моддаи 40. Минтақаҳои наздишаҳрӣ. 18
Моддаи 41. Истифодаи ҳудуди минтақаҳои наздишаҳрӣ. 18
Моддаи 42. Талаботи шаҳрсозӣ нисбат ба истифодаи қитъаҳои замин дар маҳалҳои аҳолинишин. 19

БОБИ 6. ҲУҶҶАТҲОИ ШАҲРСОЗӢ.. 19

Моддаи 43. Таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ. 19
Моддаи 44. Таркиби ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ. 19
Моддаи 45. Тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20
Моддаи 46. Тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирии шаҳрсозӣ. 20
Моддаи 47. Тарҳи банақшагирии ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони.
Моддаи 48. Тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. 21
Моддаи 49. Лоиҳаи банақшагирии ноҳия (гурӯҳи ноҳияҳо). 21

БОБИ 7. БАНАҚШАГИРИИ ШАҲРСОЗИИ МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН.. 22

Моддаи 50. Намудҳои маҳалҳои аҳолинишин. 22
Моддаи 51. Нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин. 22
Моддаи 52. Лоиҳаҳои сарҳади шаҳр ва шаҳрак. 23
Моддаи 53. Тарҳҳои соҳавии рушди ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин. 23
Моддаи 54. Нақшаҳои муфассали банақшагирӣ. 23
Моддаи 55. Лоиҳаҳои иморатсозӣ. 24

БОБИ 8. СОХТМОНИ МАНЗИЛИ ШАХСӢ.. 24

Моддаи 56. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони манзили шахсӣ. 24
Моддаи 58. Меъёри масоҳати истиқоматӣ ва умумии манзили истиқоматии шахсии. 24
Моддаи 59. Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони манзилҳои шахсӣ. 25
Моддаи 60. Тартиби оғоз намудани сохтмони манзили шахсӣ. 25
Моддаи 61. Лоиҳаи иморатсозӣ дар қитъаи замин. 25
Моддаи 62. Хизматрасонӣ ва таъмири хонаҳои фонди манзилҳои шахсӣ. 25

БОБИ 9. ТАҲИЯ ВА МУВОФИҚАСОЗИИ ҲУҶҶАТҲОИ ЛОИҲАВӢ, ИҶОЗАТ БА ОҒОЗ. 25

Моддаи 63. Таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони бино ва иншоот. 26
Моддаи 64. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ. 26
Моддаи 65. Экспертизаи ғайридавлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ. 28
Моддаи 66. Иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ. 28

БОБИ 10. НАЗОРАТ ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ДАР СОҲАИ ШАҲРСОЗӢ.. 29

Моддаи 67. Назорат дар соҳаи шаҳрсозӣ. 29
Моддаи 68. Назорати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ. 29
Моддаи 69. Назорати техникӣ. 30
Моддаи 70. Назорати муаллифии сохтмон. 30
Моддаи 71. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти шаҳрсозӣ. 30

БОБИ 11. ҚАБУЛ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОБЪЕКТҲОИ СОХТМОН. МӮҲЛАТИ ИСТИФОДАИ.. 30

Моддаи 72. Қабули объектҳо барои истифода. 30
Моддаи 73. Объекте, ки соҳибмулк метавонад мустақилона ба истифода қабул намояд. 31
Моддаи 74. Комиссияи давлатии қабул. 31
Моддаи 75. Бақайдгирии объектҳои сохтмон. 31
Моддаи 76. Мӯҳлати меъёрии истифодаи объектҳои сохтмон. 32
Моддаи 77. Истифодаи объекти сохтмон дар мӯҳлати кафолат. 32
Моддаи 78. Ӯҳдадориҳои соҳибмулкон ва истифодабарандагон ҳангоми истифодаи объекти. 32

БОБИ 12. БОЗДОШТАН ВА МАВҚУФ ГУЗОШТАНИ СОХТМОН, ТАҶЗИЯ ВА ВАЙРОН.. 33

Моддаи 79. Боздоштан ва мавқуф гузоштани сохтмон. 33
Моддаи 80. Таҷзия ва вайрон намудани бино ва иншоот. 34

БОБИ 13. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ.. 
Моддаи 81. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 35
Моддаи 82. Ҷуброни зарари ба ҳаёт ва саломатии шахсони воқеӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва. 35
Моддаи 83. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи норасоиҳо дар кори вобаста ба таҳқиқоти. 35
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ.. 36
Моддаи 84. Таъминоти молиявии фаъолияти шаҳрсозӣ. 36
Моддаи 85. Дастрасии иттилоот дар соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 36
Моддаи 86. Ҳалли баҳсҳо дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ. 37
Моддаи 87. Муқаррароти хотимавӣ. 37
Моддаи 88. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 37
Моддаи 89. Мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур. 37

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Кодекси мазкур танзим менамояд

  1. Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии муносибатҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии соҳаи шарҳсозиро муайян карда, муносибатҳои ҳуқуқии ба фаъолияти шаҳрсозӣ вобастаро танзим менамояд.
  2. Меъёрҳои Кодекси мазкур асоси фаъолияти шаҳрсозиро ташкил медиҳанд ва риояи онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

шаҳрсозӣ – назарияву амалияи банақшагирӣ, сохтмони бино ва иншоот дар маҳалҳои аҳолинишин, ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишин, ки ба амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоӣ, сохтмонию техникӣ, меъморию бадеӣ, санитарию беҳдоштӣ ва экологӣ равона шудаанд;

фаъолияти шаҳрсозӣ – фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин, муайян кардани намудҳои истифодаи қитъаҳои замин, истеҳсоли мавод ва маснуоти сохтмонӣ, корҳои ҷустуҷӯию муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди биноҳо ва иншоот;

дастурҳои шаҳрсозӣмаҷмӯи қоидаҳои муқарраршудаи сохтмони бино ва иншоот дар маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳо, андоза ва намудҳои истифодаи қитъаҳои замин, бино ва иншооти дигари ғайриманқули маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишин ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ;

кадастри давлатии шаҳрсозӣ – низоми геоиттилоотӣ оид ба ҳисобдорӣ ва ҳифзи иттилооти шаҳрсозӣ, бақайдгирии тартиб ва маҳдудиятҳо, ки дар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо мақсади бақайдгирӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо дар амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ, сохтмонӣ ва заминсозӣ сабт шудаанд;

ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ – ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардидаи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин, сохтмони биноҳо, сохтмон ва таҷдиди объекти мушаххас;

ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – ҳуҷҷатҳое, ки маводро дар шакли матнӣ ва дар намуди харита (нақша) дар бар гирифта, хулосаҳои меъморӣ, функсионалию технологӣ, конструктивӣ ва муҳандисии техникиро барои таъмини сохтмони асосӣ, таҷдиди объектҳои сохтмонӣ, қисмҳои онҳо, таъмири асосӣ, агар ҳангоми гузаронидани он ба хусусиятҳои конструктивӣ, дигар хусусиятҳои боэътимодӣ ва амниятии объекти сохтмони асосӣ таъсир расонида шавад, муайян менамоянд;

минтақабандӣ – тақсими ҳудуд бо таъиноти функсионалӣ ҳангоми банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудуд бо муайян кардани намудҳои истифодаи шаҳрсозӣ ва маҳдудсозӣ барои истифодаи онҳо;

минтақаи функсионалӣ – қисми ҳудуди маҳалли аҳолинишин, ки дар асоси баҳодиҳии воқеии истифодаи амалӣ ва пешгӯии рушди оянда дар лоиҳаҳои шаҳрсозӣ барои ҳар як намуди фаъолият, тартиб ва маҳдудиятҳои дар фаъолияти шаҳрсозӣ татбиқшаванда муқаррар карда шуда, баъдан дар кадастри шаҳрсозии ҳудуд қайд карда мешавад;

маҳалли аҳолинишин ҳудуди муайяни ҷои зисти одамон, ки дар он равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори иҷтимоию демографии аҳолӣ ташаккул меёбанд;

ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишинобъекти фаъолияти шаҳрсозӣ, ки берун аз сарҳади маҳалҳои аҳолинишин дар байни ду ё зиёда маҳалли аҳолинишин ҷойгир мебошад;

тарҳи соҳавии рушди ҳудуд ҳуҷҷатҳои шаҳрсозие, ки самтҳои асосии рушди инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии соҳаҳои иқтисодиро дар ҳудуди дахлдор муайян менамоянд;

тарҳи банақшагирии ҳудуд ҳуҷҷатҳои шаҳрсозие, ки минтақабандии ҳудуд, самтҳои асосии низоми амалисозии ҷойгиркунонӣ, рушди маҳалҳои аҳолинишин, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти байниминтақавӣ, минтақавӣ ва байни маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди дахлдорро муайян менамоянд;

нақшаи генералӣ ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудудии маҳалли аҳолинишин ё ҳудуди муайян, ки ҳуҷҷати асосии шаҳрсозӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳудудҳои шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои алоҳидаи ноҳияҳои маъмурӣ ва ғайраҳо таҳия карда мешавад;

нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин ҳуҷҷати асосии шаҳрсозӣ ва муайянкунандаи самтҳои асосии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳудудии маҳалҳои аҳолинишин ё ҳудуди муайян, ки барои ҳудудҳои шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои алоҳидаи ноҳияҳои маъмурӣ ва ғайраҳо таҳия карда мешавад;

тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки мақсади асосӣ ва роҳҳои рушди низомҳои ҷойгиркунонӣ, истифодаи табиат, рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд, инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии аҳамияти умумидавлатидоштаро муайян менамоянд;

системаи ҷойгиркунонӣ самтҳои асосии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки ботартиб ҷойгиркунонии аҳолиро дар ҳудуди дахлдор бо роҳи рушди маҳалҳои мавҷуда ва бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин муайян мекунанд;

инфрасохтори муҳандисӣ маҷмӯи коммуникатсионии (системавии) объектҳо ва иншоот, ки ба аҳолӣ расонидани захираҳои ҳаётан муҳим (энергия, алоқа, об ва ғайраҳо)-ро таъмин менамоянд;

инфрасохтори нақлиётӣ маҷмӯи системаҳои коммуникатсионӣ ва иншооти нақлиёти шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, инчунин нуқтаҳои фаъолияти онҳо, ки барои таъмини хизматрасонӣ ба аҳолӣ, интиқоли борҳо ва одамон дар ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои наздишаҳрӣ зарур мебошанд;

хати сурх сарҳаде, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои аз ҳам ҷудо кардани ҳудуди биноҳо, маҳаллаҳо ва дигар унсурҳои сохтори банақшагирӣ аз кӯчаҳо, майдонҳо ва хиёбонҳои маҳалҳои аҳолинишин пешбинӣ шудаанд;

хатҳои танзими сохтмонӣ сарҳадҳои сохтмонӣ, ки ҳангоми ҷойгиркунии бино ва иншоот бо фосила аз хатҳои сурх ё аз сарҳади қитъаи замин бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муқаррар карда мешаванд;

хатҳои сарҳади шаҳрӣ ва шаҳрак ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки сарҳади берунаи заминҳои маҳалли аҳолинишини аз категорияи дигари фонди замин ҷудошавандаро муқаррар мекунанд;

бино объекти фаъолияти шаҳрсозӣ ва низоми сохтмоние, ки аз конструксияҳои борбардор, панҷарагирӣ ё якҷояшуда иборат буда, ҳаҷми сарбастаро ба вуҷуд меоранд ва вобаста ба таъиноти вазифавӣ барои зист ва будубоши одамон, иҷрои намудҳои гуногуни равандҳои истеҳсолӣ таъин гардидаанд;

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …