Главная / Илм / Клавиатура (тоҷикӣ)

Клавиатура (тоҷикӣ)

Яке аз қисмҳои асосии компютерҳои фардӣ ин клавиатура мебошад, ки ба воситаи он ба компютер фармонҳо, амалиётҳо, рамзҳо, ҳарфҳо, матнҳо ва ғайраҳо дохил карда мешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки функсияе, ки мушак иҷро мекунад ин функсияи клавиатура мебошад. Мушак фақат тезтар корро иҷро мекунад.

Расми клавиатура

Ҳоло истифодабарандагони компютерҳои фардӣ     клавиатураи дорои 104 тугмачадорро истифода мебаранд.

Клавиатураи компютерҳои фардӣ қариб ба монанди клавиатураи мошинаҳои чопӣ вазифаро иҷро менамоянд бо истиснои он, ки дар  клавиатураи компютерҳои фардӣ каме миқдори тугмачаҳо зиёдтар мебошанд. Масалан дар клавиатураи компютери фардӣ тугмачаҳои тирча ба чап (¬), ба рост (®), ба боло (­), ба поён (¯), PgUp, PgDn, Nome ва END вуҷуд доранд, ки ба воситаи онҳо дар ҳудудҳои барномаҳо ва файлҳо кор карда метавонем. Дар ҳолати пахш намудани яке аз тугмачаи клавиатура мо ба компютер фармонҳоро дохил мекунем.

Ҳамаи тугмаҳои клавиатураҳо ба чор гурўҳи тугмачаҳо ҷудо карда мешаванд:

  1. Гурўҳи тугмачаҳои вазифавӣ (функсионалӣ) аз F1 то F12;
  2. Гурўҳи тугмачаҳои ададӣ аз 0 то 9;
  3. Гурўҳи тугмачаҳои ҳарфи­ададӣ.1.2.3…9,0. А то Я ва А то Z;
  4. Гурўҳи тугмачаҳои идоракунии курсор ­,¯,¬,® PgUp, PgDn, Home ва End;

Ҳоло баъзе аз истеҳсолкунандагони компютерҳои фардӣ клавиатураҳои беноқил (бесим)-ро истеҳсол мекунанд, ки онҳо бо воситаи садоҳои радиоӣ кор мекунанд.

            Боз клавиатураҳое ҳастанд, ки дар он мушак ҳам ҷойгир карда шудааст. Миқдори тугмачаҳои чунин клавиатураҳо нисбати клаватураҳои солҳои пешина зиёдтар мебошанд.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sayora-olim

Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею

Савол: Барои чи диққати олимони аврупоиро, дар ҷустуҷўи ҳаёт дар дигар сайёраҳо нею маҳз Титан …