Главная / Илм / Клавиатура (точики)

Клавиатура (точики)

Яке аз кисмхои асосии компютерхои фарди ин клавиатура мебошад, ки ба воситаи он ба компютер фармонхо, амалиётхо, рамзхо, харфхо, матнхо ва гайрахо дохил карда мешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки функсияе, ки мушак ичро мекунад ин функсияи клавиатура мебошад. Мушак факат тезтар корро ичро мекунад.

Расми клавиатура

Холо истифодабарандагони компютерхои фарди     клавиатураи дорои 104 тугмачадорро истифода мебаранд.

Клавиатураи компютерхои фарди кариб ба монанди клавиатураи мошинахои чопи вазифаро ичро менамоянд бо истиснои он, ки дар  клавиатураи компютерхои фарди каме микдори тугмачахо зиёдтар мебошанд. Масалан дар клавиатураи компютери фарди тугмачахои тирча ба чап (¬), ба рост (®), ба боло (­), ба поён (¯), PgUp, PgDn, Nome ва END вучуд доранд, ки ба воситаи онхо дар худудхои барномахо ва файлхо кор карда метавонем. Дар холати пахш намудани яке аз тугмачаи клавиатура мо ба компютер фармонхоро дохил мекунем.

Хамаи тугмахои клавиатурахо ба чор гурухи тугмачахо чудо карда мешаванд:

  1. Гурухи тугмачахои вазифави (функсионали) аз F1 то F12;
  2. Гурухи тугмачахои адади аз 0 то 9;
  3. Гурухи тугмачахои харфи­адади.1.2.3…9,0. А то Я ва А то Z;
  4. Гурухи тугмачахои идоракунии курсор ­,¯,¬,® PgUp, PgDn, Home ва End;

Холо баъзе аз истехсолкунандагони компютерхои фарди клавиатурахои бенокил (бесим)-ро истехсол мекунанд, ки онхо бо воситаи садохои радиои кор мекунанд.

            Боз клавиатурахое хастанд, ки дар он мушак хам чойгир карда шудааст. Микдори тугмачахои чунин клавиатурахо нисбати клаватурахои солхои пешина зиёдтар мебошанд.

 

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …