Главная / Илм / КАРНИЯ

КАРНИЯ

karniyaКАРНИЯ, кисми пеши пардаи берунии чашм, ки шаффоф аст. К. чашмро аз иллатёби ва гарду чанг хифз мекунад. К. аз 5 кабат иборат аст: 1) эпителияи пеш; 2) гишои асосии пеш ё пардаи Боумен; 3) моддахои хоси К. ё танаи бофтаи пайванди; 4) гишои акиб ё дессемет (кабати дохилии марзии К); 5) эндотелияи дессемет. Эпителияи К. серкабат аст (дар одам 8 – 10 кабат; гафсии умумиашон то 50 мкм); он бо мембранаи чандир фаро гирифта шудааст. Мембрана ба моддахои хоси К., ки аз торхои коллагени ташкил ёфтаанд, мегузарад; моддахои байнихучайравии ин кабат аз мукополисахаридхо, хондроитинсулфат, хондроитин ва сератосулфат иборат мебошанд. Дарачаи шаффофии К. ба тартиби молекулахои кисми бехучайрави моддахои асоси ва дарачаи камобии онхо вобаста аст. Бофтахои К. раги хун надоранд. К.-и одам аз 70 – 80 танаи асабхои радиали иборат аст. Ба беморихои К. бленнорея, сератит, стафилома ва г. мансубанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …