Главная / Гуногун / Фазилати гуфтани калимаи тайиба

Фазилати гуфтани калимаи тайиба

Ҳазрати Исо (а) фармояд, ки: Аъмоли уммати Муҳаммад (с) дар тарозуи маҳшар ба ин хотир аз ҳама сангинтар хоҳанд буд, ки забонашон одӣ ба калимае аст, ки бар умматони пешина сангин буд ва он калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» аст.

Тавзеҳ: Ин як амри везеҳу равшан аст. Он кадар, ки хондани ин калима дар миёни умматони Муҳаммадия (с) маъмул аст, дар миёни ҳеҷ уммате ба ин касрат маъмул набудааст. Теъдоди машоихи сулук ва орифон на ба садҳо ҳазор, балки ба милионҳо нафар мерасад. Ва боз ҳар шайх садҳо мурид дорад, ки тақрибан ҳар яке аз онҳо рӯзона ҳазорон бор ин калимаро зикр месозанд.

taibaДар «Ҷомеу-л-усул» навишта шудааст, ки: Калимаи лафзи «Аллоҳ» ба унвони зикри рӯзона ҳадди камтарин панҷ ҳазор бор дар як рӯз аст ва зиёда аз инро ҳадде нест. Ва барои орифон ҳадди камтарин рӯзона бисту панҷ ҳазор бор аст. Ва дар мавриди зикри «Ло илоҳа иллаллоҳ» навиштааст, ки: «Ҳадди камтаринаш панҷ ҳазор бор дар як рӯз бошад». Ин миқдор бинобар таҷвизу ташхиси машоихи сулук каму зиёд ҳам мешавад. Ҳадафи ман ин аст, ки дар қувват додани қавли Исо (а) миқдори зикри машоихро нишон диҳам, ки ҳар яке рӯзона дар ҳадди камтар ин миқдор зикрро доштааст.

Ҳазрати шоҳ Валийюллоҳ дар «Қавли ҷамил» аз падараш нақл мекунад, ки: «Ман дар ибтидои сулук дар ҳар нафасе дусад бор «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро зикр мекардам».

Шайх Абӯязиди Қуртубӣ мефармояд: Ман шунида будам, ки ҳар кас ҳафтод ҳазор бор «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро бихонад, аз оташи ҷаҳаннам наҷот меёбад. Бо шунидани ин хабар ман як нисоб, яъне ҳафтод ҳазор барои зани худам хондам ва чандин нисоб барои худам хондам ва захира кардам. Наздики мо навҷавоне сукунат дошт, ки ба кашфу каромот машҳур буд. Ба тавре, ки биҳишту дӯзах ҳам барояш кашф мешуд ва ман дар сиҳҳати ин матлаб шак доштам. Боре ҳамин навҷавон бо мо ғазо мехурд, ки ногаҳон фарёде кашид ва нафасаш гирифта шуд ва гуфт: Ба назарам омад, ки модарам дар дӯзах дар ҳоли сӯхтан аст.

Қуртубӣ мегӯяд: Дар ҳамин асно, ки ман тарсу ваҳшати ӯро медидам, ба зеҳнам расид, ки як нисоб аз калимаи тайибаро ба модараш бибахшам, ки дар зимни ин садоқату ростгӯии ин навҷавон ҳам таҷриба мешавад. Чунонки ман як нисобро ба миқдори ҳафтод ҳазор аз нисобҳоям, ки барои худам хонда будам, дар дили худ ба модари ӯ бахшидам ва ба ғайр аз Худои таоло касе хабар надошт. Аммо бефосила он навҷавон гуфт:

  • Эй амӯ, модарам аз азоб наҷот ёфт.

Қуртубӣ мегӯяд: Аз ин воқеа ду фоида бароям ҳосил шуд: Яке таҷрибаи баракате, ки дар хондани ҳафтод ҳазор калимаи тайиба шунида будам. Дигар ин, ки ба садоқати ин навҷавон яқин пайдо кардам.

Ин як воқеае аз воқеоти бешуморе буд, ки дар афроди ин уммат ёфт мешавад.

Дар «Танбеҳу-л-ғофилин» овардааст, ки гуфт Пайғамбар (с): Ҳар кӣ гӯяд «Ло илоҳа иллаллоҳ» бадар ояд аз даҳони вай мурғи сабз, ки бар вай бошад ду боли сафед мурассаъ ба дурру ёқут. Пас бадар ояд ин мурғ бар осмон, пас шунида шавад аз вай овозе паст дар зери Арш мисли овози занбури асал. Пас гуфта шавад ӯро, ки:

  • Сокин шав. Яъне овоз макун.

Гӯяд:

  • Не, то он замон омурзида шавад соҳиби ман.

Пас омурзида шавад соҳиби ӯро. Баъд аз он гардонида шавад барои ин мурғ ҳафтод забон, ки омурзиш гӯяд барои соҳиби худ то рӯзи қиёмат. Ва ҳар гоҳ қиёмат биёяд, ин мурғ биёяд ва бигирад дасти соҳиби худро ва бикашад ӯро ба биҳишт.

Бояд донист, ки ин машрути он аст, ки ҳаққи ғайри мутаатилиқ дар зиммаи ӯ набошад. Ва агар гуфта шавад, ки чун соҳиби он мурғ омурзида шавад, пас чи бошад фоида истиғфори ин мурғ барои соҳиби худ то рӯзи қиёмат. Мегӯям фоидаи истиғфор баъд аз мағфират рафъи дараҷот аст. Чунончи дар «Мишкот» омада аз муснади Имом Аҳмад, ки гуфт Пайғамбар (с), ки: Баланд созад Ҳазрати субҳонаҳу дараҷаро аз барои банда, чунонки бандаи солеҳ дар биҳишт. Пас гӯяд ин банда, ки:

  • Эй Парвардгори ман, аз куҷост маро ин дараҷа?

Пас гӯяд Худои азза ва ҷалла, ки:

  • Ба сабаби истиғфори фарзандони ту.

Пас аз ин ҳадис маълум шуд, ки касе солеҳ ва бегуноҳ бошад, истиғфор кардан дар ҳаққи ӯ сабаби рафъи дараҷаи ӯ мегардад.

Бояд донист, ки фоидаи калимаи тайиба на он аст, ки Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ба тавҳиди мо воҳид гардад, зеро ки ӯ воҳид асту дар зоти Худ муҳтоҷ ба тавҳиди касе нест. Балки фоидаи тавҳид роҷеъ ба банда аст, ки ба гуфтани ин калима муваҳҳиду муъмин мегардад. Бояд донист, ки такрори ин калимаро чандон, ки бигзашт дар фазоили ӯ таъсире азим аст дар сақолат[1] ва туҳури ғайбиёт ва таҷаллии зоти муқаддаси Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки машоихи тариқат (қаддасаллоҳу таоло асроруҳум) ин калимаро ихтиёр кардаанд аз миёни соири азкор ва соликони мутаваҷҷеҳи зоти ақдасро ба такрори ин калима маа шароити маъруфа амр кардаанд, то анвори қалбия ва маорифи яқиния ба зуҳур ояд, чунонки азизе гуфт.

Байт:

Бар тахти вуҷуд ҳар кӣ шоҳаншоҳ аст,

Ӯро сӯйи олами ҳақиқат роҳ аст.

Ҳар нури яқин, ки дар дили огоҳ аст,

Аз гуфтани ло илоҳа иллаллоҳ аст.

Ва аз калимоти тайиботи анфоси зокиёти Ҳазрати муршиди самадонӣ ва он муқтадои ҳақоиқ Ҳазрати Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ (қаддасаллоҳу сирруҳу), ки:

Байт:

Эй он, ки туро ғами ҷамолу ҷоҳ аст,

Андешаи боғу роғу хидматгоҳ аст.

Мо сӯхтагони олами таҷридем,

Моро ғами ло илоҳа иллаллоҳ аст.

Ҳазрати султону-л-мутааҳҳирин ва сулолату-л-мутақаддимин ва он ҳумои ҳумоюнсояи Ҳазрати Шайх Наҷмиддини Доия (қаддаса сирруҳу) фармудаанд.

Байт:

То дил зи баду неки ҷаҳон огоҳ аст,

Дасташ зи баду неки ҷаҳон кӯтоҳ аст.

3-ин пеш буду беҳазор андеша,

Акнун ҳама ло илоҳа иллаллоҳ аст.

Ва дигар бояд донист, ки дӯсттарини азкор назди Ҳазрати Парвардгор ин калима аст, зеро ки аъзам ва бадтарини гуноҳ назди Ҳазрати Аллому-л-ғуюб ҷалла зикруҳу ширк аст ва дар ин калима қатъи ин гуноҳи қабеҳ аст.

Дар хабар аст, ки: Ҳар гоҳ дӯстии Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу бандаро бисёр шавад ӯро ҷудо гардонад аз амволу авлоду азвоҷ. Ва азизе фармуд.

Байт:

Бо фоқаву фақр ҳамнишинам кардӣ,

Бехешу табору беқаринам кардӣ.

Ин мартабаи муқаррабони дари туст,

Ё Раб, ба чӣ хидмат ҳамчунинам кардӣ?

Ва чун калимаи тайиба аз ин асмои нафӣ ширк ва нафӣ муҳаббати ғайр аст, пас такрори ин калима муфиди нуқсони муҳаббати ғайр бошад ва сабаби издиёди муҳаббати Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу. Ва ин муҳаббат зиёда мегардад ба такрори ин калима то ҳадде, ки банда ба дараҷаи муҳаббати зотӣ мерасад ва муҳаббати зотӣ самараи таҷаллии зотӣ мешавад ва ҳақиқати ширк он ҷо мунтафӣ мегардад. Ва муҳаббати Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу бар анвоъ аст. Як навъ он аст, ки аз тарси иқоб аст. Ва дуввум он аст, ки бар тамаъи савоб аст. Ва саввум он аст, ки на аз ҷиҳати хавф ва тамаъ аст ва ин муҳаббатро муҳаббати зотӣ мегӯянд ва ин муҳаббатро сабаби қурби таҷаллии зотӣ доштаанд. Ва аднои маротиби муҳаббат навъи аввал аст ва аълои он навъи охир аст ва муҳаббати орифон ва сиддиқону соликон аст. Ва Ҳамчунин тоати Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу бар ин се навъ аст, чунончи гуфтаанд:

Халқи ҷаҳан, ки хидмати додор мекунанд,

Ҳастанд бар се қисм, ки ин кор мекунанд.

Қисме шуданд аз паи ҷаннат худопараст,

В-ин расму одатест, ки туҷҷор мекунанд.

Қавме дигар кунанд парастиш зи бими Ӯ,

Ин кори бандагон-ст, на иҷбор мекунанд.

Ҷамъе назар аз ин ду ҷиҳат қатъ кардаанд,

Бар кори ҳар ду тоифа инкор мекунанд.

Ин аст роҳи ишқ, ки ин фирқа мераванд,

Сайру сулуки роҳ ба ҳинҷор мекунанд.

Ва гуфтаанд, ки: Мумкин нест, ки банда Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳуро дӯст дорад ва ӯ бандаро дӯст надорад, балки муҳаббати Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ғолиб аст бар муҳаббати банда Ӯро, зеро ки ҳар сифате аз сифоти ӯ бар ваҷҳи камол аст ҳамчу зоти Ӯ. Пас ҳар кӣ хоҳад бидонад, ки Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ӯро дӯст медорад ва ё не, назар бар дили худ кунад, агар дили худро ба муҳаббати Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу меёбад бетараддуд бидонад, ки Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ӯро дӯст медорад ва илло не. Чунонки гуфтаанд:

Ҷӯянда аз онӣ, ки туро ҷӯён аст,

В-ар ҷуёнӣ, дон, ки туро ҷӯён аст.

Маснавӣ:

Ҳеҷ ошиқ худ набошад васлҷӯ,

Гар на маъшуқаш бувад ҷӯёи ӯ.

Майли маъшуқон ниҳон асту сатир,

Майли ошиқ бо дусад таблу нафир.

Лек майли ошиқон лоғар кунад,

Майли маъшуқон хушу бофар кунад.

Лек ишқи ошиқон тан зеҳ кунад,

Майли маъшуқон хушу фарбеҳ кунад.

Майли маъшуқ дӯзахи  афрӯхта,

Майли ошиқ ҷони ӯро сӯхта.

Қаҳрабо ошиқ ба шакли бениёз,

Коҳ мекӯшад дар он роҳи дароз.

Ишқ з-авсофи Худои бениёз,

Ошиқӣ бар ғайри Ӯ бошад маҷоз.

Ҳар кӣ ошиқ диданаш маъшуқ дон,

К-ӯ наясту ҳаст з-ин ду ҳам аз он.

Чун дар ин дил барқи меҳри дӯст ҷаст,

Андар он дил дӯстӣ медон, ки ҳacm.

Дар дили ту меҳри Ҳақ чун шуд дуту,

Ҳаст Ҳақро бегумоне меҳри ту.

Ҳеҷ бонги кафзадап ояд бадар

Аз яке дасти ту бе дасти дигар.

Бедилонро баҳри он ҷуста ба ҷон,

Ҷумла маъшуқон шикори ошиқон.

Ташнагон гар об ҷӯянд аз ҷаҳон,

Об ҷӯяд ҳам ба олам ташнагон.

Ташна менолад, ки: Ку оби гувор?

Об ҳам нолад, ки: Ку он обхор?

Ҷазби об аст ин аташ дар ҷони мо,

Мо аз они ӯву ӯ ҳам з-они мо.

Нолаи саг дар паяш беҷазба нест,

3-он ки ҳар роғиб асири раҳзанест.

Ҳосил он, ки ҳар кӣ ӯ толиб бувад,

Ҷони матлубаш бад-ӯ роғиб бувад.

Дар «Саҳеҳайн» омада аз ривояти Анас ибни Молик (раз), ки ӯ гуфт, ки: Марде гуфт:

  • Ё Расулаллоҳ, (с), қиёмат куҷост?

Гуфт:

  • Вой ба ту, чӣ омода кардаӣ барои қиёмат? Гуфт:
  • Омода накардаам аз барои қиёмат чизе, лекин ин ҳаст, ки дӯст медорам Худойро субҳонаҳу ва Расули ӯро (с).

Гуфт Пайғамбар (с), ки:

  • Ту бо он касӣ, ки дӯст медорӣ ӯро дар охират.

Гуфт Анас (раз): Надидам мусалмонеро, ки шодон шуда бошад баъд аз ислом, ҳамчу шодмонии эшон аз ин башорати Пайғамбар (с).

Назм:

Нориён мар нориёнро ҷозибанд,

Нуриён мар нуриёнро толибанд.

Ҷони Ҳомон ҷониби қибтӣ шуда,

Ҷони Мӯсо ҷониби сибтӣ шуда.

Ҷозибай ҷинсист акнун ту бубин,

Ки ту ҷинси кистӣ аз куфру дин.

Гар ба Ҳомон моилӣ ҳомониӣ,

В-ар ба Мӯсо моилӣ субҳониӣ.

Ва низ дар «Саҳеҳайн» омада, ки марде гуфт:

– Ё Расулаллоҳ (с), чӣ мегуӣ дар ҳаққи касе, ки қавмеро дӯст медорад ва намерасад ба кирдори эшон?

Гуфт:

  • Мард бо касест, ки ӯро дӯст дорад.

Ва низ манқул аст аз Ҳазрати Султон Саид (қаддасаллоҳу сирруҳу) дар «Мақомот»-и эшон, ки гуфт Пайғамбар (с):

  • Ҳар кӣ дӯст дорад қавмеро аз барои аъмоли эшон, барангехта шавад дар ҷамоати эшон ва ҳисоб карда шавад ба ҳисоби эшон, агарчӣ накарда бошад аъмоли эшонро.

[1] Сақолат-сайқалхӯрдагӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …