Главная / Ҷамъият / Кафани мурда: Қоида – тартиб – меъёр

Кафани мурда: Қоида – тартиб – меъёр

Мардро дар се порча кафан кардан суннат аст: 1) Лифофа. 2) Изор. 3) Пироҳан. Ва занонро дар панҷ порча кафан кардан суннат аст: 1) Лифофа. 2) Изор. 3) Пироҳан. 4) Сарбанд. 5) Синабанд. Ва шарҳи кафан чунин аст[1]:

Ном Дарози Паҳно Андозаи лозима
Лифофа 2-метр 1,10-метр Аз cap то по ва қадре изофа
Изор 2-метр 1,10-метр Аз cap то по бидуни изофа
Пироҳан 2-метр 1,10-метр Аз шона то нисфи соқ
Сарбанд, ё чодар 1-метр тақрибан 30 см Муйи сарро ду ҳисса карда, дар он печанд ва як ҳиссаи онро ба тарафи рости сина ва як тарафи онро ба тарафи чапи сина гузоранд.
Синабанд 1,5-метр тақрибан 70 см Аз зери бағал то ноф.

Агар занро дар панҷ порча кафан накарданд, балки ба се порча иктифо намуданд, ки ин иборат аз лифофа ва сарбанд бошад, ҷоиз аст. Ва аз ин камтар макрӯҳ, аст, магар дар сурати узр.

Кафани суннат барои мард се порча мебошад, агар ба ду порча, ки иборат аз лифофа ва изор кифоят шуд, ҷоиз аст ва аз ин камтар макрӯҳ аст, магар дар сурати узр.

kafan

Тариқи кафан кардани майит ин аст, ки аввал лифофаро паҳн карда шавад ва бар болои он изор ва дар болои изор пироҳан ва баъд аз он майитро бар болои он гузошта шавад. Ва агар майит зан бошад, мӯйи ӯро ду ҳисса карда як ҳиссаи онро ба тарафи рости болои пироҳан ва ҳиссаи дигарро ба тарафи чапи болои пироҳан ва сарбандро болои cap ва мӯйҳо бигузоранд ва набанданд. Баъд аз он тарафи чапи изорро болои он печида, сипас тарафи ростро баъди синабандро бибанданд ва баъд аз бастани синабанду лифофа аввал тарафи чап ва баъд тарафи рост бар майит гардонида шавад.

Баъд аз кафан кардан суннат аст, ки фавран барои намоз ва дафн берун бурда шавад. Чун майитро аз хона берун оранд, аввал сарро берун оранд, пас аз он пойҳоро. Вале агар пойҳоро аввал берун оранд, боке нест. Чун майитро бар тобут ниҳанд, аввал сарро ниҳанд, пас аз он пойҳоро ниҳанд ва агар баръакс бошад ҳам, боке набошад.

Дар болои кафан аҳднома, ё шаҷара ва ё дуоеро гузоштан ҷоиз нест ва ҳамчунин навиштани калимаи таййиба бар сина ва ё навиштани дуои дигар низ ҷоиз нест, албатта, гузоштан аз пардаи хонаи Каъба монеъ нест. Пас ғуслу кафан ва намоз бар он майит хонда шавад ва агар тифле мурда ба дунё омад, пас ғусл дода ва дар порчае печида бидуни ном гузоштан ва намози ҷаноза ӯро дафн кунанд.

Агар ҳамл соқит шуд, бояд таваҷҷуҳ шавад, агар аъзои он дуруст шуда, ҳукми он ҳукми бачаи мурда аст ва агар дуруст нашуда бошад, пас дар порчае печида шавад ва дафн гардад.

Агар сари бача берун омад ва зинда буд ва баъд аз он бимурд, ҳукми бачаи мурдаро дорад. Ва агар аксари он берун омад ва зинда буд ва баъд аз он мурд, ҳукми зинда бар он ҷорӣ мешавад.

Духтари наздик ба балоғат ҳукми занро дорад, ки бояд дар панҷ порча кафан шавад ва духтари хурдсол дар панҷ порча кафан беҳтар аст ва дар ду порча, ки иборат аз лифофаву изор аст, ҷоиз аст.

Майит дар ҳар шаҳру маҳалле, ки вафот намояд, ҳамон ҷо дафн карда шавад ва аз ҷое ба ҷое бурдани он майит хуб нест, магар дар сурати узр.

Агар узве аз аъзо, ё нисфи ҷасад бидуни cap пайдо шуд, бо порчае печида дафн карда шавад. Агар нисфи ҷасад ҳамроҳи cap бошад, ё аз нисф бештар пайдо шавад, пас ба тариқи суннат кафан карда дафн шавад.

Агар қабре вайрон шавад ва ҷасади мурдае урён, бе кафан пайдо шавад, пас воҷиб аст, ки онро бояд кафан карда ба тариқи суннат гӯр карда шавад.

Кафани муроҳиқ[2] ва хуносои мушкил монанди болиғ аст. Кудаке, ки муроҳиқ набошад, ба як ҷома кафан карда мешавад.

Кафани зан бар шавҳар воҷиб аст, агарчи зан молдор бошад. Агар шавҳараш набошад, пас кафанаш ба он кас аст, ки нафақааш ба ӯ воҷиб бувад, агар чунин кас пайдо нашавад, аз байтулмол ба ӯ кафан карда шавад. Агар байтулмол набошад ва ё бошаду ба ин кор сарф кардан набошад, пас микдори як ҷома, ки барои кафани зарурат аст, суол карда шавад. Ба кафан кардан матои сафед беҳтар аст. Занҳоро бо матои рангдор кафан кардан ҷоиз аст.

[1] Ҷадвали мазкур аз китоби «Хулосату-л-масоил», саҳифаи 107 оварда шуд.

[2] Муроҳиқ – писаре, ки наздик ба балоғат бошад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

kitobi-konstitutciya

Кадом давлат конститутсия надорад?

Савол: Кадом давлат дар ҷаҳон конститутция (сарқонун) надорад? Ҷавоб: Иборат аз 7 кишвар дар дунё …