Главная / Илм / КАДКАШИИ ОДАМ

КАДКАШИИ ОДАМ

kadkashii-odamКАДКАШИИ ОДАМ, калон шудани часомади умумии организм ё бофтаю узвхои чудогонаи он. Рушд (инкишоф) хосияти материяи зинда буда, бештар ба организми чавон хос аст. Вале хама гуна калоншавии часомади бадан кадкаши махсуб намешавад. Мас., гуншавии чарб боиси калон шудани чусса гардад хам, вале рушди организм нест. Меъёри рушд кад, вазн ва дарозии кисмхои гуногуни чуссаи одам мебошад.
Ба рушди одам бисёр омилхои даруни ва беруни таъсир мерасонанд. Ба омилхои даруни – омилхои генетики (ирси) мансубанд, ки онхо ба бофтахо бевосита ё тавассути системаи эндокрини ва асаб таъсир меоранд. Омилхои беруние, ки ба рушду инкишофи бачагон асар доранд, инхоанд: шароити зиндаги, сифати хурок, беморихо, машгулиятхои варзиши ва г.
Рушд се дарача – афзоиш, ороми ва таназзул дорад. Дарачаи афзоиши рушд давраи батнии тифл ва баъди таваллуд, такрибан то 20-солагиро дарбар мегирад. Рушди занон то 16 – 18-солаги, мардон то 18 – 20-солаги давом мекунад. Минбаъд он дар холати устувории нисби (ороми) карор гирифта, кади одам баъд аз 50-солаги торафт (такр. дар хар 10 сол 1 см) паст мешавад. Паст шудани кад дар натичаи кутох гаштани сутунмухра (бинобар кач шудани он), кохиши чандирии тагояки гирдаи байни мухрахо ва хамвор шудани онхо ба вучуд меояд. Кудак дар солхои аввали хаёт хеле кад кашида, минбаъд ин суръат суст мегардад ва дар давраи балогат аз нав меафзояд.
Дар бисёр давлатхо дар тули дахсолахо меъёри миёнаи кади одамро барои мардон 165 см, барои занон 154 см кабул карда буданд. Вале бинобар акселератсия ин ракам солхои охир барои мардон то ба 167 – 168 см, барои занон 156 – 157 см-ро ташкил медихад. Барои баёни сабаби акселератсия назарияхои зиёде пешниход шудааст, вале хеч кадоме аз онхо ин ходисаи мураккаби биологиро шарх дода наметавонад. Тагйири сифати хурок, истеъмоли зиёди сафедаю равганро сабаби асоси мехисобанд. Дар а. 19 ва авв. а. 20 дар тамоми кишвархо афзудани К.о. аз он шаходат медихад, ки эхтимол акселератсия бо мачмуи омилхои гуногуне, ки дар тахрики рушду инкишофи организм (бехтар шудани дарачаи зиндаги, сифати хурок, кам гаштани бемори ва г.) иштирок мекунанд, вобаста бошад.
Дарозии кади халкхои чудогона ба хисоби миёна мумкин аст аз хамдигар кадре фарк кунад. Мас., кади сокинони мамлакатхои Скандинавия нисбат ба кади сокинони Италия ё Франсия 10 – 15 см баландтар аст.
Ба К. о. гормони сабзиш, ки гипофиз чудо мекунад, таъсири калон мерасонад. Ин гормон синтези сафедахоро метезонад, инчунин намакхои фасфор, калсий ва натрийро, ки барои бунёди устухон ва диг. бофтахо заруранд, дар организм нигох медорад. Гормони мазкур то охири умр чудо мешавад. Норасоии он дар синни кудаки боиси аз сабзиш мондани организм, яъне паканаги мегардад, агар гормон барзиёд чудо шавад, гигантизм руй дода, кади одам ба 240 – 250 см мерасад. Дар сурати дар одами калонсол аз эътидол зиёд хосил шудани гормони сабзиш андозаи ангуштони дасту по, панча, кафи по, бини, чоги поён калон мешаванд (ниг. Акромегалия).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …