Главная / Гуногун / Исён ва итоат

Исён ва итоат

Соли чоруми тиҷорати пахта ҳоли мо хеле бад буд. Мо се сол кӯшиш ва итоат карда бошем ҳам, маблағҳои ба хоҷагиҳо додаи мо барнагаштанд ва илова бар он, мо дар назди сармоягузорони хориҷӣ ҳанӯз ҳам қарздор мондем. Ягона роҳи аз қарз сармоягузории муназзам ва кофӣ лозим буд. Сармоягузорони хориҷӣ аз тариқи Бонки миллӣ ва «Агроинвестбонк» бо мо кор мекарданд ва аз сабабҳои мушкилоти байни худашон барномаи аз қабл мувофиқашудаи маблағгузориро на ҳамеша сари вақт иҷро мекарданд. Масалан, он сол, вақте тибқи муҳлати озуқадиҳӣ, колхозҳо шадидан ба нуриҳои минералӣ ниёз доштанд, маблағгузорӣ саривақт анҷом нашуд ва дар натиҷа нуриҳои минералӣ саривақт ба хоҷагиҳо нарасид.

9dega_bИн боис шуд, ки ниҳолҳои пахта шонаҳои аввали худро партофтанд. Ниҳоли пахта аввал дар шохҳои поёнаш шона мебандад ва баъд ба тадриҷ шохҳои болотараш низ гул мекунанд. Гулҳои пахта ба шона монанданд, аз ин сабаб деҳқонони тоҷик гулкунии дарахти пахтаро «шонабандӣ» меноманд. халос шудан, ҳосили хуб ба даст овардан буд.

Агар дар марҳалаи шонабандӣ дар технолоҷии парвариш ихтилоле пеш ояд, гулҳои он қисмати дарахт рехта, холӣ мемо- нанд. Он сол мо бо айби номуназзам будани маблағгузорӣ 10-15 фоизи ҳосилро аз даст додем. Ман дар назди раисони колхозҳо ҳам сархам шудам. Ростӣ, аз назари ман, ки бе ин ҳам, азоби виҷдон мекашидам, ки зомини ризқи он зану бачаҳои пойлуче, ки дар саҳро зери офтоби сӯзону боду борон кор ме- кунанд, ҳастам, талаф кардани ҳосили бо ин заҳмат ба даст омада ҷиноят буд.

Вале он сол нисбат ба маблағи тавофуқшуда ширкати мо маблағи хеле камтар қарз гирифта буд, зеро ман мехостам аз қарз халос шавам. Ман тамоми маблағҳои ширкатро сарф карда, ҳосилро то мавсими пахтачинӣ расонда бошам ҳам, дигар маблағ надоштам, ки харҷи чинишро бидиҳам. Барои чидани пахта маблағгузории зиёд лозим мешуд. Агар дастмузди чинакчиён, хирманчиён, маводи сӯхт ва ғайра саривақт пардохта нашавад, ҳосил талаф мешуд. Агар рӯёндани пахта хеле заҳматдор бошад, ҷамъоварии он бамаротиб масъулиятноктар аст, зеро он, ба истилоҳ, «бардоштани ғалбер аз об» аст.

Тасмим гирифтам, бо раиси ширкати «Данавант», ки тарафи қарордод бо ширкати мо буд, вохӯрам. Ман бо ӯ ду масъаларо баррасӣ ва ҳал кардан мехостам. Якум, назм дар маблағгузорӣ бояд риоя мешуд ва маблағҳо сари вақт пардохт мешуданд. Дувум, ба назари ман, он ширкат бояд дар зиён шарик мегашт, зеро соли аввал мо ва хоҷагиҳо зиёни зиёд дида будем, вале онҳо танҳо фоида дида, ҳеч масъулияте надоштанд. Агар кор ҳамин тавр давом кунад, хатари боз ҳам ба қарз ғӯтидани мо вуҷуд дошт. Воқеан, нақши ширкатҳои хориҷӣ дар ин занҷира аҷиб буд. Кафолати баргашти маблағро давлат медод, барои рӯёндани пахта манобеи кишвар сарф мешуд, вале ширкатҳои хориҷӣ аз ин кор фақат суд мебурданд ва ҳеч ҷавобгарие надо- штанд. Ба андешаи ман, ин ширкатҳо мебоист ё судашонро бо хоҷагиҳо тақсим мекарданд, ё дар ҷуброни зиён саҳим мебуданд.

Ба офиси он ширкат ба шаҳри Мемфиси иёлати Теннесӣ дар Амрико рафтам. Бо Абдулҳаким, ки дар он ҷо хонишашро дар мактаби пахта ба анҷом мерасонд, ба офиси ширкати «Да- навант» рафтем. Ҷаноби Данавант моро дар утоқаш пазируфт. Ман ним соат тамоми вазъи ба вуҷуд омадаро тавзеҳ додам. Фаҳмонда додам, ки тамоми зарфияти тимӣ ва молии шир- кати мо ва хоҷагиҳо барои рӯёндан ва содир кардани пахта ба ширкати ӯ равона карда шудааст. Ҳоли баъдиҷангии кишвар ва ҳоли зори деҳқононро низ нақл кардам ва зарарҳои бо са- баби номуназзам иҷро шудани маблағгузорӣ кашидаи мо ва колхозҳоро якояк баршумурдам.

Ӯ ҳарфи маро гӯш кард ва гуфт:

  • Кор бо Тоҷикистон барои мо суди кам дорад.
  • Чаро? – даступо хӯрдам ман.
  • Ҳошияи байни нархи хариду нархи фурӯш хеле кам аст, – гуфт ӯ. Ва илова кард:
  • Масалан, дар Замбия мо пахтаро хеле арзонтар мехарем.

Кош инро нагуфта буд. Тавзеҳоти пурэҳсоси ман аз як гӯшаш даромада, аз дигараш баромада буд. Ҳоли зори мазлумони африқоӣ дар назарам ба ҷилва омад. Якбора дилам ба ҳоли зану кӯдакони пойлуче, ки дар саҳроҳои Тоҷикистон пахта мечинданд, даҳчанд сӯхт. Ин кас мехост аз онҳо ғуломони африқоӣ дуруст кунад.

Аз утоқи ӯ хеле нороҳат берун омадам. Худро лаънат мекардам, ки гурӯҳи азимеро иборат аз кормандони ширкат ва кулли деҳқонони колхозҳои ҳампаймонам хизматгори хоҷае кардаам, ки мафкураи ғуломдорӣ дорад. Тамоми дороии худро гузоштам, тамоми зарфияти ҳамкоронамро 24 соат истифода кардам, ки аҳдамро иҷро кунам, фикр мекардам, ӯ маро дастгирӣ хоҳад кард, ором-ором вазъ хуб мешавад, кори наҷиберо анҷом медиҳам, ҳоли деҳқононро ба тадриҷ хуб хоҳам кард.

Охир, намояндаи ин ширкат дар назди мо Ҷон буд, ман то ҳол бо он дӯсти азизу меҳрубон кору суҳбат мекардам, ӯ ҳамеша саъй мекард, ки вазъро дар назар бигирад, мушкилоти мову хоҷагиҳоро мефаҳмид. Ҳеч гоҳ инчунин муносибатро ба худаш иҷоза намедод.

Акнун фаҳмидам, ки чаро Ҷон ҳам бо вуҷуди он ҳама дарки вазъ, на ҳамеша метавонистааст ёрӣ кунад. Дар пушти ӯ роҳбараш меистод, ки назараш комилан дигар буд. Раиси шир- кати «Данавант» ба Тоҷикистон омада, аз колхозҳо дидан карда бошад ҳам, хеле тиҷорӣ фикр мекард. Дар он сӯи қарордод ба ғайр аз суд чизеро намедид. Ба тақдири ҳампаймонаш ва зану кӯдакони пойлуч бетафовут буд. Сахт афсурда шудам. Шабу рӯзам бо ин фикрҳо мегузашт. Тамоми роҳи бозгашт аз Амрико Абдулҳаким, ки акнун хонишашро тамом карда, ҳамроҳи ман бармегашт, аз вазъи рӯҳиям нигарон буд.

Хушбахтона, қисми аввали маблағгузории маъракаи чиниш аз сӯи бонки «Кредит Свис» саривақт расид ва ман нафаси сабуке кашидам, вале майнаам дигар оромӣ надошт. Ман бояд роҳи ҳалли масъаларо пайдо мекардам.

Дере нагузашта, як ҳайат аз ширкати «Данавант» ба Тоҷикистон омад. Ман хеле мехостам ба саволоту шубҳаҳои худ аз Ҷон ҷавоб гирам. Вале ин сафар ӯ наомада буд. Ҳайатро Ричард сардорӣ мекард. Ман ба ӯ баъд аз таҳлили вазъ пешниҳод кардам, ки суду зиёни муомила тақсим карда шавад, зеро ҳамаи фоидаро онҳо мебинанд ва мо сол аз сол бештар ба қарз меғӯтем. Дар ҷавоб ӯ хандаи истеҳзоомез ва ҳавобаландонае кард, ки ҳанӯз ҳам аз пеши назарам дур нарафтааст.

Рӯзи дигар ӯ маро ба хӯроки шом даъват кард. Ман Абдул- ҳаким ва Комронро ҳамроҳам бурдам. Тақрибан як соат Ричар- дро гӯш кардам, ҳамааш лофу газоф аз собиқаву ривоҷи кораш мезад. Вақте пурсидам, ки пешниҳоди ман чӣ шуд, фаҳмидам, ки ӯ онро ҳатто дуруст гӯш накарда будааст. Баъде ки корман- донаш ба хотираш оварданд, ӯ бо ҳайрат аз ман пурсид, ки ин пешниҳоди ман ҷиддист? Гӯё мехост гӯяд, ки «ақли ман дар ҷояш ҳаст?»

Ман аз ҷоям бархестам ва гуфтам:

– Ман дигар бо шумо кор намекунам! – Ин тасмими ниҳоии ман буд. Ҳама аз ҷой хестанд. Абдулҳакиму Комрон бо таҳайюр ба ман менигаристанд. Абдулҳаким фикр кард, ки ин тасмими ман аз сари хашм гирифта шудааст, магар, ки хоҳиш мекард, ором шавам ва суҳбатро идома диҳам. Ӯ намедонист, ки барои гирифтани ин тасмим чӣ қадр фикр кардаам. Намедонист, ки пушти ин тасмим ҳайсияту арзишҳои ман истода буд. Наме- донист, ки агар ҳама чиз аз даст равад ҳам, ин тасмим ягона роҳи дуруст аст. Боре, аз ин бардагӣ озод бояд шуд!

Ман аз Абдулҳаким хоҳиш кардам, ки пули шомро пардо- зад ва мизро тарк кардам. Онҳо моту мабҳут монданд. Рӯзи дигар хоҳиши вохӯрияшонро рад кардам ва Комрон бо онҳо вохӯрда, қатъӣ ва ниҳоӣ будани тасмими маро эълон кард. Ба ҳукумат нома навиштанд ва аз чанд роҳ фишор оварданд, ки ҳамкорӣ идома ёбад, вале ман дар тасмимам қатъӣ будам. Ба зудӣ бо ёрии дӯстон қарзи мондаашонро кандам ва ҳамаро аз ғуломӣ озод кардам.

Ин тасмим воқеан исён буд! Ин тасмими ман дар вазъи хеле душвор гирифта шуда буд. Мо дар тангдастӣ қарор доштем ва ин тасмим метавонист оқибати ногуворе пеш орад. Хушбахтона, бахт ёрӣ кард ва мо аз он вазъ саломат берун омадем. Замон нишон дод, ки ин ягона тасмими дуруст буд.

Мо тавонистем дар давоми се сол колхозҳоро ба худкифоӣ расонем, ки онҳо қарзҳои моро пардохтанд ва муомилаи мо бо онҳо ба ҷои маблағгузорӣ, хусусияти харидуфурӯшро касб кард. Ин имкон дод, ки дастҳои ман боз шаванд ва ба тиҷорати пахта дар миқёси байналмилал пардозам.

Дар ниҳояти кор қарзи соҳаи пахтаи кишвар дар назди сармоягузорони хориҷӣ 500 миллион доллар шуда бошад ҳам, бо ифтихор метавонам бигӯям, ки ягон хоҷагии ҳампаймони мо дар он қарз саҳим набуд. Вале ба андешаи ман, дар ин низоми маблағгузорӣ сирқати маблағҳои бузургтар дар байни хоҷагӣ ва ширкатҳо сурат гирифт, ки дар натиҷа ба хоҷагии халқи кишвар зарари бамаротиб зиёдтар расонд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Занони аробакаши Точик

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон занони тоҷик ба аробакашӣ машғул шуда то …