Главная / Гуногун / Исён ва итоат

Исён ва итоат

Соли чоруми тичорати пахта холи мо хеле бад буд. Мо се сол кушиш ва итоат карда бошем хам, маблагхои ба хочагихо додаи мо барнагаштанд ва илова бар он, мо дар назди сармоягузорони хоричи хануз хам карздор мондем. Ягона рохи аз карз сармоягузории муназзам ва кофи лозим буд. Сармоягузорони хоричи аз тарики Бонки милли ва «Агроинвестбонк» бо мо кор мекарданд ва аз сабабхои мушкилоти байни худашон барномаи аз кабл мувофикашудаи маблаггузориро на хамеша сари вакт ичро мекарданд. Масалан, он сол, вакте тибки мухлати озукадихи, колхозхо шадидан ба нурихои минерали ниёз доштанд, маблаггузори саривакт анчом нашуд ва дар натича нурихои минерали саривакт ба хочагихо нарасид.

9dega_bИн боис шуд, ки нихолхои пахта шонахои аввали худро партофтанд. Нихоли пахта аввал дар шоххои поёнаш шона мебандад ва баъд ба тадрич шоххои болотараш низ гул мекунанд. Гулхои пахта ба шона монанданд, аз ин сабаб дехконони точик гулкунии дарахти пахтаро «шонабанди» меноманд. халос шудан, хосили хуб ба даст овардан буд.

Агар дар мархалаи шонабанди дар технолочии парвариш ихтилоле пеш ояд, гулхои он кисмати дарахт рехта, холи мемо- нанд. Он сол мо бо айби номуназзам будани маблаггузори 10-15 фоизи хосилро аз даст додем. Ман дар назди раисони колхозхо хам сархам шудам. Рости, аз назари ман, ки бе ин хам, азоби вичдон мекашидам, ки зомини ризки он зану бачахои пойлуче, ки дар сахро зери офтоби сузону боду борон кор ме- кунанд, хастам, талаф кардани хосили бо ин захмат ба даст омада чиноят буд.

Вале он сол нисбат ба маблаги тавофукшуда ширкати мо маблаги хеле камтар карз гирифта буд, зеро ман мехостам аз карз халос шавам. Ман тамоми маблагхои ширкатро сарф карда, хосилро то мавсими пахтачини расонда бошам хам, дигар маблаг надоштам, ки харчи чинишро бидихам. Барои чидани пахта маблаггузории зиёд лозим мешуд. Агар дастмузди чинакчиён, хирманчиён, маводи сухт ва гайра саривакт пардохта нашавад, хосил талаф мешуд. Агар руёндани пахта хеле захматдор бошад, чамъоварии он бамаротиб масъулиятноктар аст, зеро он, ба истилох, «бардоштани галбер аз об» аст.

Тасмим гирифтам, бо раиси ширкати «Данавант», ки тарафи карордод бо ширкати мо буд, вохурам. Ман бо у ду масъаларо барраси ва хал кардан мехостам. Якум, назм дар маблаггузори бояд риоя мешуд ва маблагхо сари вакт пардохт мешуданд. Дувум, ба назари ман, он ширкат бояд дар зиён шарик мегашт, зеро соли аввал мо ва хочагихо зиёни зиёд дида будем, вале онхо танхо фоида дида, хеч масъулияте надоштанд. Агар кор хамин тавр давом кунад, хатари боз хам ба карз гутидани мо вучуд дошт. Вокеан, накши ширкатхои хоричи дар ин занчира ачиб буд. Кафолати баргашти маблагро давлат медод, барои руёндани пахта манобеи кишвар сарф мешуд, вале ширкатхои хоричи аз ин кор факат суд мебурданд ва хеч чавобгарие надо- штанд. Ба андешаи ман, ин ширкатхо мебоист ё судашонро бо хочагихо таксим мекарданд, ё дар чуброни зиён сахим мебуданд.

Ба офиси он ширкат ба шахри Мемфиси иёлати Теннеси дар Амрико рафтам. Бо Абдулхаким, ки дар он чо хонишашро дар мактаби пахта ба анчом мерасонд, ба офиси ширкати «Да- навант» рафтем. Чаноби Данавант моро дар утокаш пазируфт. Ман ним соат тамоми вазъи ба вучуд омадаро тавзех додам. Фахмонда додам, ки тамоми зарфияти тими ва молии шир- кати мо ва хочагихо барои руёндан ва содир кардани пахта ба ширкати у равона карда шудааст. Холи баъдичангии кишвар ва холи зори дехкононро низ накл кардам ва зарархои бо са- баби номуназзам ичро шудани маблаггузори кашидаи мо ва колхозхоро якояк баршумурдам.

У харфи маро гуш кард ва гуфт:

  • Кор бо Точикистон барои мо суди кам дорад.
  • Чаро? – даступо хурдам ман.
  • Хошияи байни нархи хариду нархи фуруш хеле кам аст, – гуфт у. Ва илова кард:
  • Масалан, дар Замбия мо пахтаро хеле арзонтар мехарем.

Кош инро нагуфта буд. Тавзехоти пурэхсоси ман аз як гушаш даромада, аз дигараш баромада буд. Холи зори мазлумони африкои дар назарам ба чилва омад. Якбора дилам ба холи зану кудакони пойлуче, ки дар сахрохои Точикистон пахта мечинданд, дахчанд сухт. Ин кас мехост аз онхо гуломони африкои дуруст кунад.

Аз утоки у хеле норохат берун омадам. Худро лаънат мекардам, ки гурухи азимеро иборат аз кормандони ширкат ва кулли дехконони колхозхои хампаймонам хизматгори хочае кардаам, ки мафкураи гуломдори дорад. Тамоми дороии худро гузоштам, тамоми зарфияти хамкоронамро 24 соат истифода кардам, ки ахдамро ичро кунам, фикр мекардам, у маро дастгири хохад кард, ором-ором вазъ хуб мешавад, кори начиберо анчом медихам, холи дехкононро ба тадрич хуб хохам кард.

Охир, намояндаи ин ширкат дар назди мо Чон буд, ман то хол бо он дусти азизу мехрубон кору сухбат мекардам, у хамеша саъй мекард, ки вазъро дар назар бигирад, мушкилоти мову хочагихоро мефахмид. Хеч гох инчунин муносибатро ба худаш ичоза намедод.

Акнун фахмидам, ки чаро Чон хам бо вучуди он хама дарки вазъ, на хамеша метавонистааст ёри кунад. Дар пушти у рохбараш меистод, ки назараш комилан дигар буд. Раиси шир- кати «Данавант» ба Точикистон омада, аз колхозхо дидан карда бошад хам, хеле тичори фикр мекард. Дар он суи карордод ба гайр аз суд чизеро намедид. Ба такдири хампаймонаш ва зану кудакони пойлуч бетафовут буд. Сахт афсурда шудам. Шабу рузам бо ин фикрхо мегузашт. Тамоми рохи бозгашт аз Амрико Абдулхаким, ки акнун хонишашро тамом карда, хамрохи ман бармегашт, аз вазъи рухиям нигарон буд.

Хушбахтона, кисми аввали маблаггузории маъракаи чиниш аз суи бонки «Кредит Свис» саривакт расид ва ман нафаси сабуке кашидам, вале майнаам дигар ороми надошт. Ман бояд рохи халли масъаларо пайдо мекардам.

Дере нагузашта, як хайат аз ширкати «Данавант» ба Точикистон омад. Ман хеле мехостам ба саволоту шубхахои худ аз Чон чавоб гирам. Вале ин сафар у наомада буд. Хайатро Ричард сардори мекард. Ман ба у баъд аз тахлили вазъ пешниход кардам, ки суду зиёни муомила таксим карда шавад, зеро хамаи фоидаро онхо мебинанд ва мо сол аз сол бештар ба карз мегутем. Дар чавоб у хандаи истехзоомез ва хавобаландонае кард, ки хануз хам аз пеши назарам дур нарафтааст.

Рузи дигар у маро ба хуроки шом даъват кард. Ман Абдул- хаким ва Комронро хамрохам бурдам. Такрибан як соат Ричар- дро гуш кардам, хамааш лофу газоф аз собикаву ривочи кораш мезад. Вакте пурсидам, ки пешниходи ман чи шуд, фахмидам, ки у онро хатто дуруст гуш накарда будааст. Баъде ки корман- донаш ба хотираш оварданд, у бо хайрат аз ман пурсид, ки ин пешниходи ман чиддист? Гуё мехост гуяд, ки «акли ман дар чояш хаст?»

Ман аз чоям бархестам ва гуфтам:

– Ман дигар бо шумо кор намекунам! – Ин тасмими нихоии ман буд. Хама аз чой хестанд. Абдулхакиму Комрон бо тахайюр ба ман менигаристанд. Абдулхаким фикр кард, ки ин тасмими ман аз сари хашм гирифта шудааст, магар, ки хохиш мекард, ором шавам ва сухбатро идома дихам. У намедонист, ки барои гирифтани ин тасмим чи кадр фикр кардаам. Намедонист, ки пушти ин тасмим хайсияту арзишхои ман истода буд. Наме- донист, ки агар хама чиз аз даст равад хам, ин тасмим ягона рохи дуруст аст. Боре, аз ин бардаги озод бояд шуд!

Ман аз Абдулхаким хохиш кардам, ки пули шомро пардо- зад ва мизро тарк кардам. Онхо моту мабхут монданд. Рузи дигар хохиши вохурияшонро рад кардам ва Комрон бо онхо вохурда, катъи ва нихои будани тасмими маро эълон кард. Ба хукумат нома навиштанд ва аз чанд рох фишор оварданд, ки хамкори идома ёбад, вале ман дар тасмимам катъи будам. Ба зуди бо ёрии дустон карзи мондаашонро кандам ва хамаро аз гуломи озод кардам.

Ин тасмим вокеан исён буд! Ин тасмими ман дар вазъи хеле душвор гирифта шуда буд. Мо дар тангдасти карор доштем ва ин тасмим метавонист окибати ногуворе пеш орад. Хушбахтона, бахт ёри кард ва мо аз он вазъ саломат берун омадем. Замон нишон дод, ки ин ягона тасмими дуруст буд.

Мо тавонистем дар давоми се сол колхозхоро ба худкифои расонем, ки онхо карзхои моро пардохтанд ва муомилаи мо бо онхо ба чои маблаггузори, хусусияти харидуфурушро касб кард. Ин имкон дод, ки дастхои ман боз шаванд ва ба тичорати пахта дар микёси байналмилал пардозам.

Дар нихояти кор карзи сохаи пахтаи кишвар дар назди сармоягузорони хоричи 500 миллион доллар шуда бошад хам, бо ифтихор метавонам бигуям, ки ягон хочагии хампаймони мо дар он карз сахим набуд. Вале ба андешаи ман, дар ин низоми маблаггузори сиркати маблагхои бузургтар дар байни хочаги ва ширкатхо сурат гирифт, ки дар натича ба хочагии халки кишвар зарари бамаротиб зиёдтар расонд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …