Главная / Илм / ИНТЕРФЕРОН

ИНТЕРФЕРОН

interferonИНТЕРФЕРОН, сафедаи мухофизе, ки хучайрахои ширхорон ва паррандахо хангоми ба онхо рох ёфтани микроорганизмхои гуногун, пеш аз хама вирусхо, инчунин дар сурати ба хучайраи организм таъсир кардани баъзе моддахои табии (мас., эндотоксинхо) ва сунъи (мас., хосилахои кислотаи нуклеат), ки индукторхои интерферон ном гирифтаанд, хосил мекунанд. И. омили номахсуси иммунитети зиддивируси аст.
Дахсолахо пеш аз ин олимон ба чунин ходисаи фавкулодда диккат доданд: агар ба хучайра ягон хел вирус дохил шуда бошад, баъди ин дар он вируси дигар («бегона») афзоиш ёфта наметавонад. Мохияти ин ходиса солхои зиёд номафхум буд. Факат с. 1957 муайян шуд, ки дар хучайра ба афзоиши вируси «бегона» моддаи сафеда – интерферон рох намедихад. Хамчунин ошкор гашт, ки И.-ро хосил кардани хучайра раванди табии буда, онро хромосомахо танзим мекунанд.
Бар хилофи подтанхо (ниг. Иммунитет) чисмхои музодди И. омили мухофизи универсалии организм мебошанд. Ба И. кариб хамаи вирусхои маълум хассосияти баланд доранд. И. афзоиши онхоро зуд пешгири карда, ба шифои одаму хайвонот мусоидат менамояд. Вале хамин ки ангезандахои бемори ба организм якбора дарафтанд, микдори И. дар муборизаи зидди онхо ками мекунад. Вирусологхо дар лаборатория тарики аз лейкоситхои хуни донорхо гирифтани И. – ро омухтаанд. Агар дорухои бо ин рох хосилшудаи И. мунтазам ба организм гузаронда шаванд, бисёр беморихои вирусиро пешгири кардан мумкин аст.
Холо мутахассисон барои бо рохи инженерияи генетики хосил кардани И. – и «арзонтар» ва дарёфти индукторхои нави хеле фаъол, ки ба чудо гаштани И. мусоидат мекунанд, чидду чахд доранд. Дар амалияи тиб И. барои пешгири ва табобати беморихои вируси истифода мешавад. Хангоми бо И. муолича кардани баъзе беморихои хавфнок натичахои назаррас ба даст меоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …