Главная / Гуногун / ИНСОН АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ИМОН

ИНСОН АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ИМОН

Инсонҳо аз нуқтаю назари имон ба се гурӯҳ чудо мешаванд: мусулмонон, мунофиқон ва кофирон.

Мусалмон ин одамест, ки дар дил бо боварӣ ва бо сухан имони худро ба Худои Ягона Аллоҳ ва ба Паёмбари у, Муҳаммад (с) тасдиқ мекунад. Мусулмон боварӣ дорад, ки ҳар чиро Паёмбар Муҳаммад (с) расонидааст, ҳақ аст.

Мунофиқ одамест, ки худро мусулмон муаррифӣ мекунад (масалан, калимаи “Шаҳодат”-ро бо забон меоварад, вале дар дил ба Ислом боварӣ надорад, зеро, ки у кофир мебошад.

Кофир одамест, ки бо дилу забон Исломро инкор мекунад.

Имон ба  инсон оромию осоиш осоиш ва Хушбахтӣ ато мекунад

Инсон ин вуҷудест иборат аз тану ҷон. Тан ба ризқу рузӣ ва ҷон бошад ба изои руҳӣ эҳтиёҷ дорад.

Аз ҳама муҳимтарин изо барои руҳ ин эътиқоди дуруст ва ҳаққонӣ мебошад. Шахси ба Аллоҳ Таъоло имоноварда ва таввакулкунанда ба у изо ва қуввати руҳӣ мегирад. Дарки ин чиз муҳим ҳаст, ки калиди оромию осоиш ва эътимод, имон ба мачудияти Аллоҳ Таъоло ба ҳисоб меравад.

Имон инсонро аз танҳоӣ ва сабуксарӣ наҷот мебахшад. Имон изои руҳ ва нури дили мо мебошад. Дар ҳаёт инсон ба мушкилоти зиёде дучор мегардад. Дар чунин лаҳзаҳо одамони дар дил ба Аллоҳ Таъоло имон оварда, ба ноумедӣ намеафтанд.

Онҳо бо Халқкунандаи Азим ба василаи муҳаббат ва иззату икром, беандоза назик шуда, ҳамаи мушкилиҳоро паси cap намуда, билохир хушбахт мегарданд. Одамоне, ки дар онҳо нури имон нест, ба ноумедй афтода, ҳамеша дар ҳолати изтироб ва биму таҳлука умр ба cap мебаранд.

Ба хотири наҷоти худ ва баромадан аз ин вазъияти сангину мушкил, онҳо оромию осоишро дар истеъмоли машрубот ва нашъаю афюн меҷуянд, вале ин амалашон онҳоро боз ба фалокати дашатангезтаре ру ба ру мегардонад. Ба ҳамин минвол, онҳо хушбахтро ҳам дар ин Дунё ва ҳам дар Охират аз даст медиҳанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

korea

Муборизаи миллию озодихоҳии халқи Корея

Дар Корея ҳукмрон шудани истилогаронн Ҷопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онҳо мардумро …