Главная / Гуногун / ИНСОН АЗ НУКТАИ НАЗАРИ ИМОН

ИНСОН АЗ НУКТАИ НАЗАРИ ИМОН

Инсонхо аз нуктаю назари имон ба се гурух чудо мешаванд: мусулмонон, мунофикон ва кофирон.

Мусалмон ин одамест, ки дар дил бо бовари ва бо сухан имони худро ба Худои Ягона Аллох ва ба Паёмбари у, Мухаммад (с) тасдик мекунад. Мусулмон бовари дорад, ки хар чиро Паёмбар Мухаммад (с) расонидааст, хак аст.

Мунофик одамест, ки худро мусулмон муаррифи мекунад (масалан, калимаи “Шаходат”-ро бо забон меоварад, вале дар дил ба Ислом бовари надорад, зеро, ки у кофир мебошад.

Кофир одамест, ки бо дилу забон Исломро инкор мекунад.

Имон ба  инсон оромию осоиш осоиш ва Хушбахти ато мекунад

Инсон ин вучудест иборат аз тану чон. Тан ба ризку рузи ва чон бошад ба изои рухи эхтиёч дорад.

Аз хама мухимтарин изо барои рух ин эътикоди дуруст ва хаккони мебошад. Шахси ба Аллох Таъоло имоноварда ва таввакулкунанда ба у изо ва куввати рухи мегирад. Дарки ин чиз мухим хаст, ки калиди оромию осоиш ва эътимод, имон ба мачудияти Аллох Таъоло ба хисоб меравад.

Имон инсонро аз танхои ва сабуксари начот мебахшад. Имон изои рух ва нури дили мо мебошад. Дар хаёт инсон ба мушкилоти зиёде дучор мегардад. Дар чунин лахзахо одамони дар дил ба Аллох Таъоло имон оварда, ба ноумеди намеафтанд.

Онхо бо Халккунандаи Азим ба василаи мухаббат ва иззату икром, беандоза назик шуда, хамаи мушкилихоро паси cap намуда, билохир хушбахт мегарданд. Одамоне, ки дар онхо нури имон нест, ба ноумедй афтода, хамеша дар холати изтироб ва биму тахлука умр ба cap мебаранд.

Ба хотири начоти худ ва баромадан аз ин вазъияти сангину мушкил, онхо оромию осоишро дар истеъмоли машрубот ва нашъаю афюн мечуянд, вале ин амалашон онхоро боз ба фалокати дашатангезтаре ру ба ру мегардонад. Ба хамин минвол, онхо хушбахтро хам дар ин Дунё ва хам дар Охират аз даст медиханд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …