Главная / Ҷамъият / ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ

ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460) 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 168; с. 2008, №10, мод. 814; с. 2013, №12, мод. 899; с. 2015, №11, мод. 977; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1460)

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

Моддаи 1. Мақсади  Қонуни мазкур

 Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро оид ба инҳисороти табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад ва барои ба даст овардани мувозинаи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки  дастрасии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаи ин субъектҳоро ба истеъмолкунандагон ва фаъолияти самараноки субъектҳои инҳисороти табииро таъмин менамояд,  равона шудааст.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур 

Қонуни мазкур   муносибатҳоеро танзим мекунад, ки дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) ба амал омада, бо мавҷудият ва фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ алоқаманд мебошанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Муқаррароти  Қонуни мазкур ба амалҳои (беамалии) субъектҳои инҳисороти табиӣ, муассисони (иштирокчиёни) онҳо, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, низ паҳн мегарданд, агар ин амалҳо (беамалӣ) мухолифи Қонуни мазкур бошанд ва ба истеъмолкунандагони молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) инҳисороти табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида тавонанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Амали  Қонуни мазкур нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти ба соҳаи инҳисори табиӣ тааллуқдоштаро танҳо бо бунёд ва истифодаи объектҳо бо мақсади  таъмини  эҳтиёҷоти худӣ   амалӣ месозанд, татбиқ намегардад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Барои субъекти бозор, ки фаъолияти мутобиқи Қонуни мазкур ба соҳаи инҳисори табиӣ тааллуқдоштаро анҷом медиҳад, танзим ва назорати давлатӣ танҳо нисбати чунин фаъолият татбиқ мегардад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табиӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 4. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар   Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

инҳисори табиӣ ҳолати бозори мол (кор, хизматрасонӣ), ки ҳангоми он ташкил кардани шароити рақобатнок  барои қонеъ гардонидани талабот ба намудҳои муайяни молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ғайриимкон  аст ё ин амал бо  назардошти хусусиятҳои хоси  технологии истеҳсолот  (бинобар хеле кам шудани хароҷот ба воҳиди мол вобаста ба афзоиши  ҳаҷми истеҳсолот) аз нигоҳи иқтисодӣ матлуб  намебошад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

субъекти инҳисори табиӣ субъекти хоҷагидор (шахси ҳуқуқӣ), ки ба истеҳсоли (фурўши) молҳо, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон дар шароити инҳисори табиӣ машғул аст;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

хизматрасонии умумӣистеҳсоли молҳо ва пешниҳод намудани хизматрасонӣ (иҷрои кор)   аз ҷониби субъекти инҳисори табиӣ барои ҳамаи истеъмолкунандагон дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он субъектҳои инҳисори табиӣ  фаъолият бурда, қодиранд молҳоро (корҳо, хизматрасониҳоро)  пешниҳод намоянд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки молҳои (корҳои, хизматрасониҳои)  субъекти инҳисори табииро  харидорӣ менамоянд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

тариф (нарх) ифодаи пулии арзиши молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор тасдиқ гардидааст (минбаъд – тариф);  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

сметаи тариф маълумоти ҷамъбастӣ дар хусуси моддаҳои  даромаду хароҷоти субъекти инҳисори табиӣ, ки ҳар сол бо тартиби муқараргардида тасдиқ карда мешавад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

тарифи муваққатии ҷубронкунанда тарифе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо мақсади ҷуброни зарари ба истеъмолкунандагон расонидаи субъекти инҳисори табиӣ  муқаррар карда мешавад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

коэффитсиенти муваққатии пасткунанда бузургие, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар шуда, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъекти инҳисори табиӣ барои ҳисоби тариф истифода  бурда  мешавад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ташхиси техникии лоиҳаи тарифҳо – таҳлили ҳолати техникии (тавсифи техникии) дороиҳои амалкунандаи субъекти инҳисории табиӣ ва гузаронидани корҳои зарурӣ, ки дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани дороиҳо, самаранокии   раванди технологӣ, аз он ҷумла хароҷоти масолеҳӣ ва меҳнатӣ, технологияи истеҳсолот мутобиқ ба меъёрҳои муқарраргардида, инчунин дараҷаи баамалбарорӣ ва дурустии тақсимоти воситаҳои асосиро аз рӯи намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодгардидаи танзимшаванда таъмин менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ташхиси молиявии лоиҳаи тарифҳо – таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории субъекти инҳисории табиӣ бо мақсади баҳодиҳии иҷрои Қонуни мазкур ва қарорҳои қабулнамудаи мақомоти ваколатдори танзимкунандаи соҳаи инҳисории табиӣ, тақсимкунии даромадҳо, хароҷот ва баамалбарории дороиҳо ба ҳар намуди молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшаванда, ҳамчунин таъсири тарифҳои (нархҳои) амалишаванда ба нишондодҳои молиявии фаъолияти субъекти инҳисории табиӣ, санҷиши (баҳодиҳии) иҷрои сметаи тарифӣ ва риояи сиёсати баҳисобгирӣ, иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузорӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

муҳокимаи оммавӣ расмиёти муҳокимаи лоиҳаи тарифҳо ё сатҳи ниҳоии онҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшавандаи субъекти инҳисори табиӣ бо даъвати намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, истеъмолкунандагон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо, воситаҳои ахбори омма ва субъектҳои инҳисори табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

мақомоти ваколатдор мақомоти давлатие, ки фаъолияти соҳаҳои инҳисори табииро назорат ва танзим менамояд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Мафҳумҳои «мол», «бозори мол», «субъекти хоҷагидор»,  «гурўҳи шахсон» ба маъноҳое истифода бурда мешаванд, ки дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»  зикр гардидаанд.

Моддаи 5. Соҳаи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Қонуни мазкур фаъолияти субъектҳои инҳисори табииро дар соҳаҳои зайл танзим менамояд:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтӣ  тавассути қубурҳои магистралӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1256)

– хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, харид ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва (ё) тақсимкунанда, истифодаи дастгоҳҳои газтақсимкунанда ва қубурҳои газгузаронии ба онҳо вобаста; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1256)

– хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва (ё) тақсими нерўи барқ ва (ё) гармӣ;

– хизматрасонии  ҳамлу нақл  тавассути роҳи оҳан;

– хизматрасонии терминалҳои нақлиёт, фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва аэронавигатсия;

– хизматрасонии  алоқаи барқӣ,  почта  ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ;

– хизматрасонии  хоҷагии об  ва (ё)  системаи канализатсия;

– хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ.

Субъектҳои инҳисороти табиӣ ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки аз бахшҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иборат мебошанд, бо нишондоди намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои)  пешниҳодшавандае, ки дар доираи  танзими Қонуни мазкур қарор доранд,  ворид мегарданд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Тартиби ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ ворид ва аз он хориҷ намудани субъектҳо  аз тарафи мақомоти давлатие, ки  назорат ва танзими давлатиро дар соҳаҳои инҳисороти табиӣ ба амал мебарорад, муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Ба   боздоштани гузариши субъектҳои соҳаҳои инҳисороти табиӣ аз ҳолати инҳисороти табиӣ ба ҳолати бозори рақобатнок дар  мавриди мавҷудияти асоснокии иқтисодии чунин гузариш  иҷозат дода намешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

БОБИ 2.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 6. Усулҳои танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Аз ҷониби мақомоти ваколатдор метавонанд усулҳои зерини танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ истифода шаванд:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– танзими нархе, ки ба воситаи муайян ва тасдиқ намудани тарифҳо ва ё сатҳи ниҳоии онҳо амалӣ мегардад;

– муайян намудани истеъмолкунандагоне, ки хизматрасонӣ ба онҳо ҳатмист ва таъмини  ҳадди ақали хизматрасонӣ ба онҳо дар сурати мавҷуд набудани имконияти қонеъ гардонидани тамоми талабот ба моли (кори, хизматрасонии) аз ҷониби субъектҳои инҳисори табиӣ истеҳсолшаванда (фурўхташаванда) бо назардошти зарурати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Мақомоти ваколатдор қарорро оид ба истифодаи усулҳои дар Қонуни мазкур пешбинишудаи танзим нисбати субъекти мушаххаси инҳисори табиӣ дар асоси таҳлили фаъолияти он, бо назардошти таъсири усули интихобшаванда ҳамчун омил барои баланд бардоштани сифати молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолшаванда (фурўхташаванда) ва ҳамчунин барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот нисбат ба онҳо қабул мекунад ва ҳамзамон, ба асоснокии хароҷот баҳо дода, ҳолатҳои зеринро ба инобат мегирад:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– хароҷоти истеҳсоли (фурўши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), аз  ҷумла музди меҳнат, арзиши ашёи хом ва маҳсулот, хароҷоти иловагӣ;

– андозҳо ва пардохтҳои дигар;

– арзиши воситаҳои асосии истеҳсолӣ, талабот ба сармоягузорӣ барои азнавистеҳсолкунии онҳо зарурбуда ва ҳисобҳои истеҳлокӣ (амортизатсионӣ);

– фоидаи пешбинишаванда дар мавриди фурўши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо)  аз рўи тарифҳои гуногун;

– дурии  гурўҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон аз маҳали истеҳсоли молҳо;

– мутобиқати сифати молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолшаванда (фурўхташаванда) ба талаботи истеъмолкунандагон.

Дар мавриди қабули қарор дар бораи истифодаи усулҳои танзими фаъолияти субъекти мушаххаси инҳисори табиӣ мақомоти ваколатдор ўҳдадор аст, ки иттилооти аз ҷониби шахсони манфиатдор дар бораи фаъолияти субъекти инҳисори табиӣ пешниҳодгардидаро баррасӣ намояд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 7. Тартиби пешниҳоди лоиҳаҳои тарифҳои субъекти инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Ҳангоми зарурати тасдиқи (тағйири) тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшаванда субъекти инҳисори табиӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳоро барои баррасии тарифҳо пешниҳод менамояд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Субъекти инҳисори табиӣ вазифадор аст, ки сметаи тариф ва лоиҳаҳои тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) худро як моҳ пеш аз мўҳлати амалӣ гардидани онҳо пешниҳод созад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Дар ҳолати бо ташаббуси мақомоти ваколатдор аз нав баррасӣ намудани тарифҳо,  субъекти инҳисори табиӣ вазифадор аст, ки дар мўҳлати як моҳ ҳисобҳои аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок ва иттилооти дигарро, ки барои тасдиқи тарифи нав зарур аст, пешниҳод намояд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Лоиҳаҳои тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисори табиӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар мўҳлати як моҳ баррасӣ карда мешаванд, агар ҳисобҳои аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок мутобиқи талаботи моддаи 6 Қонуни мазкур сари вақт  пешниҳод гардида бошанд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 8.  Тартиби баррасии лоиҳаҳои тарифҳои субъектҳои инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Дар сурати ворид шудани пешниҳод оид ба тағйир додани тарифҳои амалкунандаи (ё сатҳи ниҳоии тарифҳои) молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, мақомоти ваколатдор:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ташхиси  иқтисодӣ, молиявӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ташхиси техникии лоиҳаҳои тарифҳоро мегузаронад;

– дар асоси ташхиси лоиҳаи  тарифи пешниҳодшудаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисори табиӣ  қарори пешакӣ мебарорад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Ҳангоми баргузории муҳокимаи оммавӣ мақомоти ваколатдор вазифадор аст, ки  на дертар аз се рўзи пеш аз баргузории муҳокима оид ба сана ва маҳалли доир шудани он дар нашрияҳои чопӣ иттилоот ба табъ расонад. Муҳокимаи оммавӣ дар мўҳлати на дертар  аз даҳ рўзи пеш аз санаи қабули  қарори ниҳоӣ оид ба тасдиқи тарифҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Тартиби баргузории муҳокимаи оммавӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ  карда мешавад.

Моддаи 9.  Тартиби тасдиқи тарифҳои субъектҳои инҳисори табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Қарори ниҳоӣ  дар хусуси тасдиқи  тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисори табиӣ бояд ба субъекти инҳисори табиӣ дар мўҳлати на дертар аз сӣ рўз то лаҳзаи амалӣ гардидани он фиристода шавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Субъекти инҳисори табиӣ вазифадор аст, ки иттилоотро дар хусуси тағйир ёфтани тарифҳо дар мўҳлати на дертар аз бист рўз то лаҳзаи амалӣ гардидани онҳо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Тасдиқи тарифҳо, ба истиснои тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ бо ташаббуси мақомоти ваколатдор тибқи тартиби умумии муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур  анҷом дода мешавад.

Тарифҳои нерўи барқ ва гармӣ юо пешниҳоди мақомоти ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.(ҚҶТ аз 28.12.13с., №1055)

Моддаи 10. Танзими давлатии фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Танзими давлатии фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– тасдиқи тариф;

– тасдиқи сатҳи ниҳоии тариф;

– тасдиқи сметаи тарифӣ;

– тасдиқи коэффитсиенти муваққатии пасткунанда;

– тасдиқи тартиби махсуси ҳисоби хароҷот;

– тасдиқи тартиби пешбурди баҳисобгирии алоҳидаи фоида, хароҷот ва активҳои истифодашуда аз рўи ҳар намуди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва  дар маҷмўъ аз рўи намудҳои дигари  фаъолият;

– тасдиқи ҳадди ниҳоии фоида;

– тасдиқи тарифи муваққатии ҷубронкунанда.

Танзими давлатии фаъолияти субъекти инҳисори табиӣ, ки ба истеҳсоли нерўи гармӣ дар нерўгоҳҳои дорои шакли мухталифи истеҳсол машғул мебошад, бо назардошти ҳамаҷонибаи хусусиятҳои режими технологии истеҳсоли нерўи барқу гармӣ ва ташаккул додани нархи нерўи барқ  дар бозори рақобатнок  анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 11. Назорати давлатӣ дар соҳаҳои инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Бо мақсади пешбурди сиёсати самараноки давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мақомоти ваколатдор назоратро  оид ба амалҳое анҷом медиҳад, ки бо иштирок  ё нисбати субъектҳои инҳисори табиӣ сурат мегиранд ва натиҷаи онҳо боиси поймол гардидани манфиатҳои истеъмолкунандагони молҳое (корҳое, хизматрасониҳое) мешаванд, ки нисбаташон мутобиқи  Қонуни мазкур танзим сурат мегирад ё боиси монеъ шудан ба гузариши аз нигоҳи иқтисодӣ асосноки бозори молии дахлдор аз ҳолати инҳисори табиӣ ба ҳолати бозори рақобатнок мегарданд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Мақомоти ваколатдор назоратро аз болои амалҳои  зерин анҷом медиҳад:

– ҳама гуна аҳдҳое, ки дар натиҷаи он субъекти инҳисори табиӣ ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои асосӣ, ки барои истеҳсоли (фурўши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи Қонуни мазкур танзимшаванда  истифода бурда мешаванд ё  истифода бурда намешаванд, соҳиб мешавад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– сармоягузориҳои субъекти инҳисори табиӣ дар истеҳсоли (фурўши) молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки нисбати онҳо мутобиқи  Қонуни мазкур танзим сурат намегирад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– фурўхтан, иҷора додан ва ё аҳди дигаре, ки дар натиҷаи он субъекти хоҷагӣ ё  субъекти инҳисори табиӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифода ё ҳуқуқи моликиятро ба қисмате аз воситаҳои асосии субъекти инҳисори табиӣ, ки  барои истеҳсоли (фурўши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо)  мутобиқи  Қонуни  мазкур танзимшаванда  истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, пайдо мекунад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъекти инҳисори табиӣ.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Барои иҷрои амалҳои  қисми дуюми моддаи мазкур  субъекти инҳисори табиӣ вазифадор аст, ки ба мақомоти ваколатдор оид ба додани ризоият барои иҷрои чунин амалҳо дархост пешниҳод намояд ва иттилооти барои қабули қарор зарурро  пешниҳод намояд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Мақомоти ваколатдор ҳуқуқи рад намудани дархостро дорад, агар амали дар он зикршуда ба натиҷаҳои манфии дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда оварда расонад, инчунин дар ҳолатҳое, ки аз тарафи дархостдиҳанда ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ пурра пешниҳод нагардидаанд ва ё дар ҷараёни баррасии онҳо муқаррар гардад, ки маълумотҳои дар онҳо ҷойдошта, ки барои қабули қарор аҳамияти муҳим доранд, эътимоднок нестанд.

Мақомоти ваколатдор на дертар аз сӣ рўзи баъди қабули дархост ба дархостдиҳанда ба таври хаттӣ дар бораи қарори худ, яъне розӣ будан ё рад кардан хабар медиҳад. Сабабҳои рад гардидани дархост бояд асоснок бошанд.

Дар сурати барои қабули қарор пайдо шудани зарурияти гирифтани маълумоти иловагӣ, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, ки аз дархосткунанда онро  талаб карда,  мўҳлати баррасии дархостро  то сӣ рўз зиёд намояд, ба шарте, ки ин талабнома дар як вақт бо огоҳинома дар бораи дароз кардани мўҳлати баррасии дархост ба дархосткунанда на дертар аз понздаҳ рўзи баъди қабули дархост  фиристода шавад.

Шахс ва ё гурўҳи шахсоне, ки дар натиҷаи харидории саҳмия дар бозор аз сармояи оинномавии субъекти инҳисори табиӣ ва ё дар натиҷаи аҳдҳои дигар, аз ҷумла аз тариқи шартномаҳои супориш, идораи ба боварӣ асосёфта ва гарав ба бештар аз 0,5 фоизи теъдоди умумии овозҳои ба тамоми саҳмияҳои сармояи оинномавии ба субъектҳои инҳисори табиӣ тааллуқдошта соҳиб гардидаанд, вазифадоранд, ки дар ин бора ва инчунин дар бораи ҳамаи ҳолатҳои тағйири теъдоди овозҳои ба онҳо тааллуқдошта мақомоти ваколатдорро дар мўҳлати се рўзи ба он соҳиб шудан, огоҳ созанд. Ҳамин гуна ўҳдадориро субъекти инҳисори табиие низ дорад, ки  бештар аз 0,5 фоизи шумораи умумии овозҳои ба тамоми саҳмияҳо тааллуқдоштаи субъекти дигари хоҷагидорро соҳиб гардидааст.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 12. Қабули қарор оид ба татбиқ намудан, тағйир додан ё қатъи танзими фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Қарор оид ба ҳамаи масъалаҳои татбиқ намудан, тағйир додан ё қатъи танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, инчунин истифодаи усулҳои танзими пешбининамудаи Қонуни  мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар мўҳлати на дертар аз як моҳ баъд аз ворид гардидани муроҷиати субъекти инҳисори табиӣ  қабул карда мешавад. Рад кардани (қисман рад кардани) қабули  пешниҳоди  воридшуда бояд асоснок карда шавад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

БОБИ 3.

МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ДАР СОҲАИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРОТИ ТАБИӢ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 13. Мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Танзим ва назорати фаъолияти субъектҳои инҳисороти табииро мақомоти давлатии  аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда (минбаъд – мақомоти ваколатдор) анҷом медиҳад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 14. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти ваколатдор

Мақомоти ваколатдор вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунад:

– Феҳристи субъектҳои инҳисороти табииеро, ки нисбаташон танзими давлатӣ ва назорат татбиқ мегарданд,  тартиб  медиҳад  ва пеш мебарад;   (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– усулҳои танзими мутобиқи  Қонуни мазкур пешбинигардидаро, ки нисбати субъекти мушаххаси инҳисори табиӣ истифода мегарданд, муайян месозад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар доираи салоҳияти худ риояи талаботи Қонуни мазкурро назорат менамояд;

– шартномаҳои намунавиро, ки аз ҷониби субъектҳои инҳисороти табиӣ бо истеъмолкунандагон баста мешаванд, таҳия ва тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дастурамали тартиби муайян, тасдиқ ва ҷорӣ намудани тарифҳо ва сметаи тарифии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ, қоидаҳои  ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои инҳисори табииро таҳия ва  тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ пешниҳодҳо  ирсол менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– таҷрибаи татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи инҳисороти табииро ҷамъбаст карда, дар асоси он тавсияҳои методӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Мақомоти ваколатдор ҳуқуқҳои зеринро доро мебошад:

– қарорҳои барои субъектҳои инҳисороти табии иҷроишашон ҳатмиро доир ба ҷорӣ намудан, тағйир  додан ё қатъ кардани танзим, доир ба истифодаи усулҳои танзими мутобиқи Қонуни мазкур  пешбинишуда, аз ҷумла доир ба муқаррар кардани тарифҳо, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ, қабул менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар доираи салоҳияти худ нисбати қонунвайронкунии мавҷудбудаи соҳаи инҳисороти табиӣ оид ба  пешгирии  вайронкунии  Қонуни мазкур  ва бартараф намудани оқибатҳои он қарор  қабул менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои)  танзимшавандаи субъектҳои инҳисороти табиӣ ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо назардошти талабот ба сифати онҳо, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо муқаррар  шудаанд, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., № 1256)  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба субъектҳои инҳисорти табиӣ дар ин хусус амрномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ медиҳад:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

а) доир ба қатъи вайронкунии  Қонуни мазкур, аз ҷумла доир ба бартараф намудани оқибатҳои он;

б) доир ба бастани шартнома бо истеъмолкунандагоне, ки бояд ҳатман ба онҳо хизмат расонида шавад (маҳсулот пешниҳод карда шавад);

в) доир ба ворид намудани тағйирот ба  шартномаҳо;

г) дар бораи ба буҷет гузаронидани тамоми маблағи фоидаи дар натиҷаи амалҳои вайрон кардани  Қонуни мазкур  бадастомада;

– ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бораи бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои қабулнамудаи онҳо, ки ба  Қонуни мазкур  мутобиқат надоранд, амрномаҳои иҷроишашон ҳатмиро равон мекунад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи ба Феҳрист дохил кардани субъекти инҳисороти табиӣ ва  хориҷ кардан аз он  қарор  қабул мекунад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар мавриди тағйири тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъектҳои инҳисороти табиӣ ташаббус зоҳир  менамояд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои хариди анҷомдодаи субъектҳои инҳисороти табиӣ назорат  менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба суд бо ариза  муроҷиат менамояд ва инчунин дар суд ҳангоми баррасии парвандаҳои вобаста ба татбиқ ва вайрон кардани  Қонуни мазкур  иштирок менамояд;

– сметаи тарифии субъекти инҳисороти табииро ҳар сол тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 – иҷро гардидани сметаи тарифиро аз ҷониби субъекти монополиҳои табиӣ  назорат  менамояд;

– дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи фаъолияти нархгузорӣ  тартиб ва шартҳои гузаронидани азнавнархгузории воситаҳои асосии субъекти инҳисороти табииро тасдиқ менамояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– доир ба татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  инҳисороти табиӣ тавзеҳот  медиҳад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд, иҷро менамояд.

Моддаи 15. Ваколати мақомоти ваколатдор оид ба танзими бевоситаи манфиатҳои  моликияти давлатӣ

Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдор мустақиман нисбат  ба манфиатҳои моликияти давлатӣ ҳангоми ба вуқўъ пайвастани  фаъолияти зидди рақобат, сўиистифодаи шароити бозор, мақоми бартариятдошта ё инҳисорӣ татбиқ мегардад. Чунин  истифодаи ҳуқуқ бе дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Дахолати мазкур ҳамчун амале баррасӣ мегардад, ки рақобатро маҳдуд месозад ва муқаррароти  Қонуни мазкурро вайрон мекунад.

Моддаи 16. Ҳуқуқи дарёфти маълумот дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисори табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои  мақомоти ваколатдор  кормандони он ҳуқуқ доранд, ки  дар бораи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, инчунин субъектҳои инҳисороти табиӣ маълумот  талаб намоянд ва бе мамониат аз онҳо истифода баранд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Субъектҳои инҳисороти табиӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ўҳдадоранд, ки бо талаби мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои эътимодбахш, тавзеҳот дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ ва дигар иттилооти заруриро барои амалӣ гардонидани вазифаҳои мутобиқи  Қонуни мазкур пешбинигардида  пешкаш намоянд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Маълумотҳое, ки сирри тиҷоратӣ доранд ва аз тарафи мақомоти ваколатдор дар асоси моддаи мазкур дастрас шудаанд, набояд ошкор гарданд.

Моддаи 17. Додани иттилоот аз тарафи мақомоти ваколатдор дар бораи қарорҳои қабулкардаи он

 

Мақомоти ваколатдор вазифадор аст, ки аз тариқи воситаҳои ахбори умум дар мўҳлати сӣ рўз баъд аз қабули қарори дахлдор иттилооти зеринро  диҳад:

– дар бораи қарорҳои қабулкарда доир ба ҷорӣ намудан, тағйирот ё қатъи танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи ба Феҳристи субъектҳои инҳисороти табиӣ дохил намудан ё хориҷ кардан аз он;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи истифодаи усулҳои танзими фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи нишондиҳандаҳои мушаххас ва талаботе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба субъектҳои инҳисороти табиӣ пешниҳод мегарданд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи ҳамаи ҳолатҳои ба ҷавобгарӣ кашида шудани шахсони масъул барои вайрон намудани  Қонуни мазкур.

БОБИ 4.

ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ВА СУБЪЕКТҲОИ ИНҲИСОРИ ТАБИӢ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои субъекти инҳисори табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Субъекти инҳисори табиӣ ҳуқуқ дорад:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба мақомоти ваколатдор оид ба тасдиқи тарифи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшаванда  ё ҳадди ниҳоии он дархост пешниҳод намояд;

– тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаро дар давраи амали тарифҳо, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ, бо мувофиқаи мақомоти ваколатдор барои ҳама истеъмолкунандагон паст намояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ҳангоми аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабул гардидани қароре, ки ба фаъолият  ва мақоми ҳуқуқии он дахл дорад, пешниҳод  манзур намояд;

– ба суд нисбат ба амали (беамалии) мақомоти ваколатдор, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,  шикоят  кунад;

– ба мақомоти ваколатдор ё суд нисбат ба амали (беамалии) субъектҳои дигар, ки ба фаъолият, даромад, моликият ва мақоми ҳуқуқии он таъсир менамояд, шикоят  кунад;

– аз дигар  ҳуқуқҳое,  ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, истифода барад.

Субъекти инҳисори табиӣ ўҳдадориҳои зеринро дорад:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– қарори мақомоти ваколатдорро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, иҷро кунад;

– хизматрасонии умумии сифатан баланди истеъмолкунандагони молҳоро (корҳоро, хизматрасониҳоро) бо дарназардошти тарифҳои  (нархҳои) муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдор таъмин намояд;

– ба истеъмолкунандагони молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ шароити баробар муҳайё намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки пешниҳоди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) бо назардошти имтиёзоти  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– мутобиқи қонунгузорӣ талаботи техникиеро, ки риоя намудани онҳо барои истеъмолкунандагон ҳатмӣ мебошад, муқаррар намояд;

– хизматрасонии техникиро гузаронад ва тамғазании асбобҳои ҳисобкуниро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмин намояд;

– тибқи талаби мақомоти ваколатдор ҳисоботи молиявӣ ва иттилооти дигари заруриро  пешниҳод намояд;

– усулҳо ва технологияи нисбатан самарабахши истеҳсол ва хизматрасонии инҳисороти табииро бо риояи принсипҳои амнияти ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандон интихоб намояд;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– санҷиши молиявии ҳарсоларо (аудити ҳатмиро) аз ҷониби ташкилотҳои аудиторӣ (аудиторҳо) гузаронида, натиҷаҳои онро дар воситаҳои ахбори умум нашр намояд;

– бо истеъмолкунандагон барои пешниҳоди молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) шартнома  бандад;

– ба вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳангоми бастани шартнома барои пешниҳоди  молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) роҳ надиҳад;

– қабули пардохтҳоро аз истеъмолкунандагон барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшуда ба воситаи кассаҳои худ, инчунин бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ таъмин намояд;

– барои истеъмолкунандагон асбобҳои ҳисобкунии хизматрасониро  насб намояд;

– ба мақомоти ваколатдор сметаи тарифиро барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Субъектҳои инҳисороти табиӣ ўҳдадоранд, ки дастрасии бозори молҳоро муҳайё созанд ва (ё) молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) мутобиқи Қонуни мазкур танзимшавандаро тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ бе истифодаи шартҳои дискриминатсионӣ  пешниҳод намоянд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 19. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои)  субъекти инҳисори табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табиӣ ҳуқуқ дорад:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти инҳисори табииро тибқи тартиб ва тарифҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдор харидорӣ намояд, насби асбобҳои баҳисобгирандаро барои хизматрасонии воқеӣ талаб кунад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба мақомоти ваколатдор дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарор, қабули қарори нав ё бекор кардани қарорҳои амалкунанда бо ариза муроҷиат намояд;

– нисбат ба амали (беамалии) мақомоти  ваколатдор, инчунин қарори қабулнамудаи он  ба  суд  шикоят  кунад;

– ба  мақомоти ваколатдор ва суд нисбат ба амали (беамалии)  субъекти инҳисори табиӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, шикоят  кунад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар муҳокимаи оммавии масъалаҳои  ба  фаъолияти субъектҳои  инҳисороти табиӣ алоқаманд  иштирок кунад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, истифода барад.

Истеъмолкунандаи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои)  субъекти инҳисори табиӣ  ўҳдадор  аст:  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– саривақт ва дар ҳаҷми пурра арзиши молҳоро (корҳоро, хизматрасониҳоро), ки субъектҳои инҳисори табиӣ фароҳам овардаанд, мутобиқи шартҳои шартномаи басташуда  пардозад;  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

– талаботи техникиеро, ки субъекти инҳисори табиӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро кунад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Хусусиятҳои азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии субъекти инҳисори табиӣ

(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Нисбати субъекти инҳисори табиӣ расмиёти азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Бақайдгирии давлатӣ ва қайди баҳисобгирии субъекти инҳисори табиӣ, инчунин бақайдгирии қатъи фаъолияти он аз ҷониби мақомоти бақайдгиранда танҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдор амалӣ гардонида мешаванд.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Нисбати субъекти инҳисороти табиӣ бо мақсади пешгирии таваққуф ё камшавии воқеии ҳаҷми  молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшаванда расмиёти офиятӣ татбиқ шуданаш мумкин аст(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 21. Бо ҚҶТ аз 28.12.13с., №1055 хориҷ карда шуд.

Моддаи 22. Баррасии баҳсҳо

 

Баҳсҳое, ки оиди масъалаҳои муқаррароти Қонуни  мазкур ба  миён  меоянд, аз  тарафи  суд  баррасӣ  карда мешаванд.

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ  барои вайрон  кардани  Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеъӣ  ва  ҳуқуқӣ  барои вайрон  кардани Қонуни  мазкур  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  ҷавобгарӣ  кашида  мешаванд.

Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор соқит кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи монополияҳои табиӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи монополияҳои табиӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 358; соли 2001, № 4, мод. 146)  аз эътибор соқит карда шавад.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э.Раҳмонов

ш. Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 235

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …