Главная / Чамъият / ИНХИСОРОТИ ТАБИИ

ИНХИСОРОТИ ТАБИИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ ИНХИСОРОТИ ТАБИИ

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460) 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2007, №3, мод. 168; с. 2008, №10, мод. 814; с. 2013, №12, мод. 899; с. 2015, №11, мод. 977; Конуни ЧТ аз 18.07.2017 с., №1460)

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Максади  Конуни мазкур

 Конуни мазкур асосхои хукукии сиёсати давлатиро оид ба инхисороти табии дар Чумхурии Точикистон муайян месозад ва барои ба даст овардани мувозинаи манфиатхои истеъмолкунандагон ва субъектхои инхисороти табии, ки  дастрасии молхои (корхои, хизматрасонихои) пешниходшавандаи ин субъектхоро ба истеъмолкунандагон ва фаъолияти самараноки субъектхои инхисороти табииро таъмин менамояд,  равона шудааст.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 2. Доираи амали Конуни мазкур 

Конуни мазкур   муносибатхоеро танзим мекунад, ки дар бозори мол (кор, хизматрасони) ба амал омада, бо мавчудият ва фаъолияти субъектхои инхисороти табии алокаманд мебошанд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Мукаррароти  Конуни мазкур ба амалхои (беамалии) субъектхои инхисороти табии, муассисони (иштирокчиёни) онхо, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон анчом дода мешаванд, низ пахн мегарданд, агар ин амалхо (беамали) мухолифи Конуни мазкур бошанд ва ба истеъмолкунандагони молхои (корхои, хизматрасонихои) инхисороти табиии Чумхурии Точикистон зарар расонида тавонанд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Амали  Конуни мазкур нисбати сохибкорони инфироди ва шахсони хукукие, ки фаъолияти ба сохаи инхисори табии тааллукдоштаро танхо бо бунёд ва истифодаи объектхо бо максади  таъмини  эхтиёчоти худи   амали месозанд, татбик намегардад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Барои субъекти бозор, ки фаъолияти мутобики Конуни мазкур ба сохаи инхисори табии тааллукдоштаро анчом медихад, танзим ва назорати давлати танхо нисбати чунин фаъолият татбик мегардад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи инхисороти табии ба Конститутсияи  Чумхурии Точикистон  асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон иборат мебошад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 4. Мафхумхои асоси

 

Дар   Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

инхисори табии холати бозори мол (кор, хизматрасони), ки хангоми он ташкил кардани шароити ракобатнок  барои конеъ гардонидани талабот ба намудхои муайяни молхо (корхо, хизматрасонихо) гайриимкон  аст ё ин амал бо  назардошти хусусиятхои хоси  технологии истехсолот  (бинобар хеле кам шудани харочот ба вохиди мол вобаста ба афзоиши  хачми истехсолот) аз нигохи иктисоди матлуб  намебошад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

субъекти инхисори табии субъекти хочагидор (шахси хукуки), ки ба истехсоли (фуруши) молхо, ичрои кор ва (ё) хизматрасони ба истеъмолкунандагон дар шароити инхисори табии машгул аст;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

хизматрасонии умумиистехсоли молхо ва пешниход намудани хизматрасони (ичрои кор)   аз чониби субъекти инхисори табии барои хамаи истеъмолкунандагон дар худуди муайяни Чумхурии Точикистон, ки дар он субъектхои инхисори табии  фаъолият бурда, кодиранд молхоро (корхо, хизматрасонихоро)  пешниход намоянд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

истеъмолкунандаи молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табии шахсони вокеи ё хукуки, ки молхои (корхои, хизматрасонихои)  субъекти инхисори табииро  харидори менамоянд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

тариф (нарх) ифодаи пулии арзиши молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табии, ки аз чониби макомоти ваколатдор тасдик гардидааст (минбаъд – тариф);  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

сметаи тариф маълумоти чамъбасти дар хусуси моддахои  даромаду харочоти субъекти инхисори табии, ки хар сол бо тартиби мукараргардида тасдик карда мешавад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

тарифи муваккатии чубронкунанда тарифе, ки аз чониби макомоти ваколатдор бо максади чуброни зарари ба истеъмолкунандагон расонидаи субъекти инхисори табии  мукаррар карда мешавад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

коэффитсиенти муваккатии пасткунанда бузургие, ки аз чониби макомоти ваколатдор мукаррар шуда, бо максади химояи манфиатхои истеъмолкунандагон ва субъекти инхисори табии барои хисоби тариф истифода  бурда  мешавад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ташхиси техникии лоихаи тарифхо – тахлили холати техникии (тавсифи техникии) дороихои амалкунандаи субъекти инхисории табии ва гузаронидани корхои зарури, ки дар холати коршоями нигох доштани дороихо, самаранокии   раванди технологи, аз он чумла харочоти масолехи ва мехнати, технологияи истехсолот мутобик ба меъёрхои мукарраргардида, инчунин дарачаи баамалбарори ва дурустии таксимоти воситахои асосиро аз руи намудхои молхои (корхои, хизматрасонихои) пешниходгардидаи танзимшаванда таъмин менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ташхиси молиявии лоихаи тарифхо – тахлили фаъолияти молиявию хочагидории субъекти инхисории табии бо максади баходихии ичрои Конуни мазкур ва карорхои кабулнамудаи макомоти ваколатдори танзимкунандаи сохаи инхисории табии, таксимкунии даромадхо, харочот ва баамалбарории дороихо ба хар намуди молхои (корхои, хизматрасонихои) танзимшаванда, хамчунин таъсири тарифхои (нарххои) амалишаванда ба нишондодхои молиявии фаъолияти субъекти инхисории табии, санчиши (баходихии) ичрои сметаи тарифи ва риояи сиёсати бахисобгири, ичрои барномахои сармоягузори ва (ё) лоихахои сармоягузори;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

мухокимаи оммави расмиёти мухокимаи лоихаи тарифхо ё сатхи нихоии онхо барои молхои (корхои, хизматрасонихои) танзимшавандаи субъекти инхисори табии бо даъвати намояндагони макомоти хокимияти давлати, истеъмолкунандагон ва иттиходияхои чамъиятии онхо, воситахои ахбори омма ва субъектхои инхисори табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

макомоти ваколатдор макомоти давлатие, ки фаъолияти сохахои инхисори табииро назорат ва танзим менамояд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Мафхумхои «мол», «бозори мол», «субъекти хочагидор»,  «гурухи шахсон» ба маънохое истифода бурда мешаванд, ки дар моддаи 3 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол»  зикр гардидаанд.

Моддаи 5. Сохаи фаъолияти субъектхои инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Конуни мазкур фаъолияти субъектхои инхисори табииро дар сохахои зайл танзим менамояд:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– хизматрасони дар мавриди истехсол, хамлу накли нафт ва махсулоти нафти  тавассути кубурхои магистрали; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1256)

– хизматрасони дар мавриди истехсол, харид ва интиколи гази табии тавассути кубурхои магистрали ва (ё) таксимкунанда, истифодаи дастгоххои газтаксимкунанда ва кубурхои газгузаронии ба онхо вобаста; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1256)

– хизматрасони дар мавриди истехсол, интикол ва (ё) таксими неруи барк ва (ё) гарми;

– хизматрасонии  хамлу накл  тавассути рохи охан;

– хизматрасонии терминалхои наклиёт, фурудгоххои хавои ва аэронавигатсия;

– хизматрасонии  алокаи барки,  почта  ва телекоммуникатсия бо истифодаи хатхои шабакахои махалли;

– хизматрасонии  хочагии об  ва (ё)  системаи канализатсия;

– хизматрасонии хамлу накл тавассути роххои хавои дар самтхои махалли.

Субъектхои инхисороти табии ба Фехристи субъектхои инхисороти табии, ки аз бахшхои чумхурияви ва махалли иборат мебошанд, бо нишондоди намудхои молхои (корхои, хизматрасонихои)  пешниходшавандае, ки дар доираи  танзими Конуни мазкур карор доранд,  ворид мегарданд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Тартиби ба Фехристи субъектхои инхисороти табии ворид ва аз он хорич намудани субъектхо  аз тарафи макомоти давлатие, ки  назорат ва танзими давлатиро дар сохахои инхисороти табии ба амал мебарорад, мукаррар карда мешавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Ба   боздоштани гузариши субъектхои сохахои инхисороти табии аз холати инхисороти табии ба холати бозори ракобатнок дар  мавриди мавчудияти асоснокии иктисодии чунин гузариш  ичозат дода намешавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

БОБИ 2.

НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИНХИСОРОТИ ТАБИИ

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 6. Усулхои танзими фаъолияти субъектхои инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Аз чониби макомоти ваколатдор метавонанд усулхои зерини танзими фаъолияти субъектхои инхисороти табии истифода шаванд:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– танзими нархе, ки ба воситаи муайян ва тасдик намудани тарифхо ва ё сатхи нихоии онхо амали мегардад;

– муайян намудани истеъмолкунандагоне, ки хизматрасони ба онхо хатмист ва таъмини  хадди акали хизматрасони ба онхо дар сурати мавчуд набудани имконияти конеъ гардонидани тамоми талабот ба моли (кори, хизматрасонии) аз чониби субъектхои инхисори табии истехсолшаванда (фурухташаванда) бо назардошти зарурати хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Макомоти ваколатдор карорро оид ба истифодаи усулхои дар Конуни мазкур пешбинишудаи танзим нисбати субъекти мушаххаси инхисори табии дар асоси тахлили фаъолияти он, бо назардошти таъсири усули интихобшаванда хамчун омил барои баланд бардоштани сифати молхои (корхои, хизматрасонихои) истехсолшаванда (фурухташаванда) ва хамчунин барои конеъ гардонидани эхтиёчот нисбат ба онхо кабул мекунад ва хамзамон, ба асоснокии харочот бахо дода, холатхои зеринро ба инобат мегирад:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– харочоти истехсоли (фуруши) молхо (корхо, хизматрасонихо), аз  чумла музди мехнат, арзиши ашёи хом ва махсулот, харочоти иловаги;

– андозхо ва пардохтхои дигар;

– арзиши воситахои асосии истехсоли, талабот ба сармоягузори барои азнавистехсолкунии онхо зарурбуда ва хисобхои истехлоки (амортизатсиони);

– фоидаи пешбинишаванда дар мавриди фуруши молхо (корхо, хизматрасонихо)  аз руи тарифхои гуногун;

– дурии  гуруххои гуногуни истеъмолкунандагон аз махали истехсоли молхо;

– мутобикати сифати молхои (корхои, хизматрасонихои) истехсолшаванда (фурухташаванда) ба талаботи истеъмолкунандагон.

Дар мавриди кабули карор дар бораи истифодаи усулхои танзими фаъолияти субъекти мушаххаси инхисори табии макомоти ваколатдор ухдадор аст, ки иттилооти аз чониби шахсони манфиатдор дар бораи фаъолияти субъекти инхисори табии пешниходгардидаро барраси намояд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 7. Тартиби пешниходи лоихахои тарифхои субъекти инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Хангоми зарурати тасдики (тагйири) тарифхои молхои (корхои, хизматрасонихои) пешниходшаванда субъекти инхисори табии ба макомоти ваколатдор хуччатхоро барои баррасии тарифхо пешниход менамояд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Субъекти инхисори табии вазифадор аст, ки сметаи тариф ва лоихахои тарифхои молхои (корхои, хизматрасонихои) худро як мох пеш аз мухлати амали гардидани онхо пешниход созад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Дар холати бо ташаббуси макомоти ваколатдор аз нав барраси намудани тарифхо,  субъекти инхисори табии вазифадор аст, ки дар мухлати як мох хисобхои аз нигохи иктисоди асоснок ва иттилооти дигарро, ки барои тасдики тарифи нав зарур аст, пешниход намояд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Лоихахои тарифхои молхои (корхои, хизматрасонихои) субъектхои инхисори табии аз чониби макомоти ваколатдор дар мухлати як мох барраси карда мешаванд, агар хисобхои аз нигохи иктисоди асоснок мутобики талаботи моддаи 6 Конуни мазкур сари вакт  пешниход гардида бошанд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 8.  Тартиби баррасии лоихахои тарифхои субъектхои инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Дар сурати ворид шудани пешниход оид ба тагйир додани тарифхои амалкунандаи (ё сатхи нихоии тарифхои) молхои (корхои, хизматрасонихои) субъектхои инхисороти табии, макомоти ваколатдор:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ташхиси  иктисоди, молияви ва дар холатхои зарури ташхиси техникии лоихахои тарифхоро мегузаронад;

– дар асоси ташхиси лоихаи  тарифи пешниходшудаи молхои (корхои, хизматрасонихои) субъектхои инхисори табии  карори пешаки мебарорад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Хангоми баргузории мухокимаи оммави макомоти ваколатдор вазифадор аст, ки  на дертар аз се рузи пеш аз баргузории мухокима оид ба сана ва махалли доир шудани он дар нашрияхои чопи иттилоот ба табъ расонад. Мухокимаи оммави дар мухлати на дертар  аз дах рузи пеш аз санаи кабули  карори нихои оид ба тасдики тарифхо барои молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табии гузаронида мешавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Тартиби баргузории мухокимаи оммави аз тарафи макомоти ваколатдор тасдик  карда мешавад.

Моддаи 9.  Тартиби тасдики тарифхои субъектхои инхисори табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Карори нихои  дар хусуси тасдики  тарифхои молхои (корхои, хизматрасонихои) субъектхои инхисори табии бояд ба субъекти инхисори табии дар мухлати на дертар аз си руз то лахзаи амали гардидани он фиристода шавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Субъекти инхисори табии вазифадор аст, ки иттилоотро дар хусуси тагйир ёфтани тарифхо дар мухлати на дертар аз бист руз то лахзаи амали гардидани онхо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Тасдики тарифхо, ба истиснои тарифхои неруи барк ва гарми бо ташаббуси макомоти ваколатдор тибки тартиби умумии мукаррарнамудаи  Конуни мазкур  анчом дода мешавад.

Тарифхои неруи барк ва гарми юо пешниходи макомоти ваколатдор аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.(КЧТ аз 28.12.13с., №1055)

Моддаи 10. Танзими давлатии фаъолияти субъектхои инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Танзими давлатии фаъолияти субъектхои инхисороти табии бо роххои зерин сурат мегирад:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– тасдики тариф;

– тасдики сатхи нихоии тариф;

– тасдики сметаи тарифи;

– тасдики коэффитсиенти муваккатии пасткунанда;

– тасдики тартиби махсуси хисоби харочот;

– тасдики тартиби пешбурди бахисобгирии алохидаи фоида, харочот ва активхои истифодашуда аз руи хар намуди молхо (корхо, хизматрасонихо) ва  дар мачмуъ аз руи намудхои дигари  фаъолият;

– тасдики хадди нихоии фоида;

– тасдики тарифи муваккатии чубронкунанда.

Танзими давлатии фаъолияти субъекти инхисори табии, ки ба истехсоли неруи гарми дар неругоххои дорои шакли мухталифи истехсол машгул мебошад, бо назардошти хамачонибаи хусусиятхои режими технологии истехсоли неруи барку гарми ва ташаккул додани нархи неруи барк  дар бозори ракобатнок  анчом дода мешавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 11. Назорати давлати дар сохахои инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Бо максади пешбурди сиёсати самараноки давлати дар сохахои фаъолияти субъектхои инхисороти табии макомоти ваколатдор назоратро  оид ба амалхое анчом медихад, ки бо иштирок  ё нисбати субъектхои инхисори табии сурат мегиранд ва натичаи онхо боиси поймол гардидани манфиатхои истеъмолкунандагони молхое (корхое, хизматрасонихое) мешаванд, ки нисбаташон мутобики  Конуни мазкур танзим сурат мегирад ё боиси монеъ шудан ба гузариши аз нигохи иктисоди асосноки бозори молии дахлдор аз холати инхисори табии ба холати бозори ракобатнок мегарданд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Макомоти ваколатдор назоратро аз болои амалхои  зерин анчом медихад:

– хама гуна ахдхое, ки дар натичаи он субъекти инхисори табии хукуки моликиятро ба воситахои асоси, ки барои истехсоли (фуруши) молхои (корхо, хизматрасонихо) мутобики Конуни мазкур танзимшаванда  истифода бурда мешаванд ё  истифода бурда намешаванд, сохиб мешавад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– сармоягузорихои субъекти инхисори табии дар истехсоли (фуруши) молхое (корхое, хизматрасонихое), ки нисбати онхо мутобики  Конуни мазкур танзим сурат намегирад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– фурухтан, ичора додан ва ё ахди дигаре, ки дар натичаи он субъекти хочаги ё  субъекти инхисори табии хукуки ихтиёрдори ва истифода ё хукуки моликиятро ба кисмате аз воситахои асосии субъекти инхисори табии, ки  барои истехсоли (фуруши) молхои (корхо, хизматрасонихо)  мутобики  Конуни  мазкур танзимшаванда  истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, пайдо мекунад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– азнавташкилдихи ва бархамдихии субъекти инхисори табии.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Барои ичрои амалхои  кисми дуюми моддаи мазкур  субъекти инхисори табии вазифадор аст, ки ба макомоти ваколатдор оид ба додани ризоият барои ичрои чунин амалхо дархост пешниход намояд ва иттилооти барои кабули карор зарурро  пешниход намояд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Макомоти ваколатдор хукуки рад намудани дархостро дорад, агар амали дар он зикршуда ба натичахои манфии дар кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда оварда расонад, инчунин дар холатхое, ки аз тарафи дархостдиханда хамаи хуччатхои зарури пурра пешниход нагардидаанд ва ё дар чараёни баррасии онхо мукаррар гардад, ки маълумотхои дар онхо чойдошта, ки барои кабули карор ахамияти мухим доранд, эътимоднок нестанд.

Макомоти ваколатдор на дертар аз си рузи баъди кабули дархост ба дархостдиханда ба таври хатти дар бораи карори худ, яъне рози будан ё рад кардан хабар медихад. Сабабхои рад гардидани дархост бояд асоснок бошанд.

Дар сурати барои кабули карор пайдо шудани зарурияти гирифтани маълумоти иловаги, макомоти ваколатдор хукук дорад, ки аз дархосткунанда онро  талаб карда,  мухлати баррасии дархостро  то си руз зиёд намояд, ба шарте, ки ин талабнома дар як вакт бо огохинома дар бораи дароз кардани мухлати баррасии дархост ба дархосткунанда на дертар аз понздах рузи баъди кабули дархост  фиристода шавад.

Шахс ва ё гурухи шахсоне, ки дар натичаи харидории сахмия дар бозор аз сармояи оинномавии субъекти инхисори табии ва ё дар натичаи ахдхои дигар, аз чумла аз тарики шартномахои супориш, идораи ба бовари асосёфта ва гарав ба бештар аз 0,5 фоизи теъдоди умумии овозхои ба тамоми сахмияхои сармояи оинномавии ба субъектхои инхисори табии тааллукдошта сохиб гардидаанд, вазифадоранд, ки дар ин бора ва инчунин дар бораи хамаи холатхои тагйири теъдоди овозхои ба онхо тааллукдошта макомоти ваколатдорро дар мухлати се рузи ба он сохиб шудан, огох созанд. Хамин гуна ухдадориро субъекти инхисори табиие низ дорад, ки  бештар аз 0,5 фоизи шумораи умумии овозхои ба тамоми сахмияхо тааллукдоштаи субъекти дигари хочагидорро сохиб гардидааст.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 12. Кабули карор оид ба татбик намудан, тагйир додан ё катъи танзими фаъолияти субъектхои инхисори табии аз чониби макомоти ваколатдор

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Карор оид ба хамаи масъалахои татбик намудан, тагйир додан ё катъи танзими фаъолияти субъектхои инхисороти табии, инчунин истифодаи усулхои танзими пешбининамудаи Конуни  мазкур аз чониби макомоти ваколатдор дар мухлати на дертар аз як мох баъд аз ворид гардидани мурочиати субъекти инхисори табии  кабул карда мешавад. Рад кардани (кисман рад кардани) кабули  пешниходи  воридшуда бояд асоснок карда шавад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

БОБИ 3.

МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОР ДАР СОХАИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИНХИСОРОТИ ТАБИИ

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Моддаи 13. Макомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти субъектхои инхисороти табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Танзим ва назорати фаъолияти субъектхои инхисороти табииро макомоти давлатии  аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдоршуда (минбаъд – макомоти ваколатдор) анчом медихад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 14. Вазифахо ва хукукхои макомоти ваколатдор

Макомоти ваколатдор вазифахои асосии зеринро ичро мекунад:

– Фехристи субъектхои инхисороти табииеро, ки нисбаташон танзими давлати ва назорат татбик мегарданд,  тартиб  медихад  ва пеш мебарад;   (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– усулхои танзими мутобики  Конуни мазкур пешбинигардидаро, ки нисбати субъекти мушаххаси инхисори табии истифода мегарданд, муайян месозад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар доираи салохияти худ риояи талаботи Конуни мазкурро назорат менамояд;

– шартномахои намунавиро, ки аз чониби субъектхои инхисороти табии бо истеъмолкунандагон баста мешаванд, тахия ва тасдик менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дастурамали тартиби муайян, тасдик ва чори намудани тарифхо ва сметаи тарифии молхои (корхои, хизматрасонихои) субъектхои инхисороти табии, коидахои  ташаккул ва пешбурди Фехристи субъектхои инхисори табииро тахия ва  тасдик менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– мувофики тартиби мукарраргардида оид ба такмил додани конунгузори дар бораи инхисороти табии пешниходхо  ирсол менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– тачрибаи татбики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи инхисороти табииро чамъбаст карда, дар асоси он тавсияхои методи тахия ва тасдик менамояд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Макомоти ваколатдор хукукхои зеринро доро мебошад:

– карорхои барои субъектхои инхисороти табии ичроишашон хатмиро доир ба чори намудан, тагйир  додан ё катъ кардани танзим, доир ба истифодаи усулхои танзими мутобики Конуни мазкур  пешбинишуда, аз чумла доир ба мукаррар кардани тарифхо, ба истиснои тарифхои неруи барк ва гарми, кабул менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар доираи салохияти худ нисбати конунвайронкунии мавчудбудаи сохаи инхисороти табии оид ба  пешгирии  вайронкунии  Конуни мазкур  ва бартараф намудани окибатхои он карор  кабул менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– тарифхои молхои (корхои, хизматрасонихои)  танзимшавандаи субъектхои инхисороти табии ё хадди нихоии онхоро бо назардошти талабот ба сифати онхо, ки аз чониби макомоти давлати дар доираи салохияти онхо мукаррар  шудаанд, ба истиснои тарифхои неруи барк ва гарми тасдик менамояд; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1256)  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба субъектхои инхисорти табии дар ин хусус амрномахои ичрояшон хатми медихад:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

а) доир ба катъи вайронкунии  Конуни мазкур, аз чумла доир ба бартараф намудани окибатхои он;

б) доир ба бастани шартнома бо истеъмолкунандагоне, ки бояд хатман ба онхо хизмат расонида шавад (махсулот пешниход карда шавад);

в) доир ба ворид намудани тагйирот ба  шартномахо;

г) дар бораи ба бучет гузаронидани тамоми маблаги фоидаи дар натичаи амалхои вайрон кардани  Конуни мазкур  бадастомада;

– ба макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии махалли дар бораи бекор кардан ё тагйир додани карорхои кабулнамудаи онхо, ки ба  Конуни мазкур  мутобикат надоранд, амрномахои ичроишашон хатмиро равон мекунад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи ба Фехрист дохил кардани субъекти инхисороти табии ва  хорич кардан аз он  карор  кабул мекунад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар мавриди тагйири тарифхои молхои (корхои, хизматрасонихои) субъектхои инхисороти табии ташаббус зохир  менамояд; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз болои хариди анчомдодаи субъектхои инхисороти табии назорат  менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба суд бо ариза  мурочиат менамояд ва инчунин дар суд хангоми баррасии парвандахои вобаста ба татбик ва вайрон кардани  Конуни мазкур  иштирок менамояд;

– сметаи тарифии субъекти инхисороти табииро хар сол тасдик менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 – ичро гардидани сметаи тарифиро аз чониби субъекти монополихои табии  назорат  менамояд;

– дар мувофика бо макомоти ваколатдор дар сохаи фаъолияти нархгузори  тартиб ва шартхои гузаронидани азнавнархгузории воситахои асосии субъекти инхисороти табииро тасдик менамояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– доир ба татбики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  инхисороти табии тавзехот  медихад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ваколатхои дигареро, ки санадхои меъёрии хукуки мукаррар кардаанд, ичро менамояд.

Моддаи 15. Ваколати макомоти ваколатдор оид ба танзими бевоситаи манфиатхои  моликияти давлати

Конуни мазкур аз чониби макомоти ваколатдор мустакиман нисбат  ба манфиатхои моликияти давлати хангоми ба вукуъ пайвастани  фаъолияти зидди ракобат, суиистифодаи шароити бозор, макоми бартариятдошта ё инхисори татбик мегардад. Чунин  истифодаи хукук бе дахолати макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидораи махалли анчом дода мешавад. Дахолати мазкур хамчун амале барраси мегардад, ки ракобатро махдуд месозад ва мукаррароти  Конуни мазкурро вайрон мекунад.

Моддаи 16. Хукуки дарёфти маълумот дар бораи фаъолияти субъектхои инхисори табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Бо максади ичрои вазифахои  макомоти ваколатдор  кормандони он хукук доранд, ки  дар бораи фаъолияти субъектхои инхисороти табии, аз макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти  давлати, макомоти худидораи махалли, инчунин субъектхои инхисороти табии маълумот  талаб намоянд ва бе мамониат аз онхо истифода баранд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Субъектхои инхисороти табии, макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидораи махалли ухдадоранд, ки бо талаби макомоти ваколатдор хуччатхои эътимодбахш, тавзехот дар шакли хатти ё шифохи ва дигар иттилооти заруриро барои амали гардонидани вазифахои мутобики  Конуни мазкур пешбинигардида  пешкаш намоянд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Маълумотхое, ки сирри тичорати доранд ва аз тарафи макомоти ваколатдор дар асоси моддаи мазкур дастрас шудаанд, набояд ошкор гарданд.

Моддаи 17. Додани иттилоот аз тарафи макомоти ваколатдор дар бораи карорхои кабулкардаи он

 

Макомоти ваколатдор вазифадор аст, ки аз тарики воситахои ахбори умум дар мухлати си руз баъд аз кабули карори дахлдор иттилооти зеринро  дихад:

– дар бораи карорхои кабулкарда доир ба чори намудан, тагйирот ё катъи танзими фаъолияти субъектхои инхисороти табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи ба Фехристи субъектхои инхисороти табии дохил намудан ё хорич кардан аз он;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи истифодаи усулхои танзими фаъолияти субъектхои инхисороти табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи нишондихандахои мушаххас ва талаботе, ки аз чониби макомоти ваколатдор ба субъектхои инхисороти табии пешниход мегарданд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар бораи хамаи холатхои ба чавобгари кашида шудани шахсони масъул барои вайрон намудани  Конуни мазкур.

БОБИ 4.

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ВА СУБЪЕКТХОИ ИНХИСОРИ ТАБИИ

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 18. Хукук ва ухдадорихои субъекти инхисори табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Субъекти инхисори табии хукук дорад:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба макомоти ваколатдор оид ба тасдики тарифи молхои (корхои, хизматрасонихои) танзимшаванда  ё хадди нихоии он дархост пешниход намояд;

– тарифхои молхои (корхои, хизматрасонихои) пешниходшавандаро дар давраи амали тарифхо, ба истиснои тарифхои неруи барк ва гарми, бо мувофикаи макомоти ваколатдор барои хама истеъмолкунандагон паст намояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– хангоми аз чониби макомоти ваколатдор кабул гардидани кароре, ки ба фаъолият  ва макоми хукукии он дахл дорад, пешниход  манзур намояд;

– ба суд нисбат ба амали (беамалии) макомоти ваколатдор, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон мебошад,  шикоят  кунад;

– ба макомоти ваколатдор ё суд нисбат ба амали (беамалии) субъектхои дигар, ки ба фаъолият, даромад, моликият ва макоми хукукии он таъсир менамояд, шикоят  кунад;

– аз дигар  хукукхое,  ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, истифода барад.

Субъекти инхисори табии ухдадорихои зеринро дорад:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– карори макомоти ваколатдорро, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон намебошад, ичро кунад;

– хизматрасонии умумии сифатан баланди истеъмолкунандагони молхоро (корхоро, хизматрасонихоро) бо дарназардошти тарифхои  (нарххои) мукаррарнамудаи макомоти ваколатдор таъмин намояд;

– ба истеъмолкунандагони молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табии шароити баробар мухайё намояд, ба истиснои холатхое, ки пешниходи молхо (корхо, хизматрасонихо) бо назардошти имтиёзоти  мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардидаанд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– мутобики конунгузори талаботи техникиеро, ки риоя намудани онхо барои истеъмолкунандагон хатми мебошад, мукаррар намояд;

– хизматрасонии техникиро гузаронад ва тамгазании асбобхои хисобкуниро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  таъмин намояд;

– тибки талаби макомоти ваколатдор хисоботи молияви ва иттилооти дигари заруриро  пешниход намояд;

– усулхо ва технологияи нисбатан самарабахши истехсол ва хизматрасонии инхисороти табииро бо риояи принсипхои амнияти чамъияти ва бехатарии шахрвандон интихоб намояд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– санчиши молиявии харсоларо (аудити хатмиро) аз чониби ташкилотхои аудитори (аудиторхо) гузаронида, натичахои онро дар воситахои ахбори умум нашр намояд;

– бо истеъмолкунандагон барои пешниходи молхо (корхо, хизматрасони) шартнома  бандад;

– ба вайронкунии хукуки истеъмолкунандагон хангоми бастани шартнома барои пешниходи  молхо (корхо, хизматрасонихо) рох надихад;

– кабули пардохтхоро аз истеъмолкунандагон барои молхои (корхои, хизматрасонихои) пешниходшуда ба воситаи кассахои худ, инчунин бонкхо ва дигар ташкилотхои молияви таъмин намояд;

– барои истеъмолкунандагон асбобхои хисобкунии хизматрасониро  насб намояд;

– ба макомоти ваколатдор сметаи тарифиро барои тасдик пешниход намояд.

Субъектхои инхисороти табии ухдадоранд, ки дастрасии бозори молхоро мухайё созанд ва (ё) молхои (корхои, хизматрасонихои) мутобики Конуни мазкур танзимшавандаро тибки талаботи конунгузории зиддиинхисори бе истифодаи шартхои дискриминатсиони  пешниход намоянд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 19. Хукук ва ухдадорихои истеъмолкунандаи молхои (корхои, хизматрасонихои)  субъекти инхисори табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Истеъмолкунандаи молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табии хукук дорад:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– молхои (корхои, хизматрасонихои) субъекти инхисори табииро тибки тартиб ва тарифхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти ваколатдор харидори намояд, насби асбобхои бахисобгирандаро барои хизматрасонии вокеи талаб кунад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– ба макомоти ваколатдор дар хусуси ворид намудани тагйиру иловахо ба карор, кабули карори нав ё бекор кардани карорхои амалкунанда бо ариза мурочиат намояд;

– нисбат ба амали (беамалии) макомоти  ваколатдор, инчунин карори кабулнамудаи он  ба  суд  шикоят  кунад;

– ба  макомоти ваколатдор ва суд нисбат ба амали (беамалии)  субъекти инхисори табии, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон аст, шикоят  кунад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– дар мухокимаи оммавии масъалахои  ба  фаъолияти субъектхои  инхисороти табии алокаманд  иштирок кунад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– аз дигар хукукхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, истифода барад.

Истеъмолкунандаи молхои (корхои, хизматрасонихои)  субъекти инхисори табии  ухдадор  аст:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– саривакт ва дар хачми пурра арзиши молхоро (корхоро, хизматрасонихоро), ки субъектхои инхисори табии фарохам овардаанд, мутобики шартхои шартномаи басташуда  пардозад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

– талаботи техникиеро, ки субъекти инхисори табии мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, ичро кунад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 20. Хусусиятхои азнавташкилкуни ва бархамдихии субъекти инхисори табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

 

Нисбати субъекти инхисори табии расмиёти азнавташкилкуни ва бархамдихи мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон татбик мегарданд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Бакайдгирии давлати ва кайди бахисобгирии субъекти инхисори табии, инчунин бакайдгирии катъи фаъолияти он аз чониби макомоти бакайдгиранда танхо бо мувофикаи макомоти ваколатдор амали гардонида мешаванд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Нисбати субъекти инхисороти табии бо максади пешгирии таваккуф ё камшавии вокеии хачми  молхои (корхои, хизматрасонихои) пешниходшаванда расмиёти офияти татбик шуданаш мумкин аст(КЧТ аз 18.07.17 с., №1460)

Моддаи 21. Бо КЧТ аз 28.12.13с., №1055 хорич карда шуд.

Моддаи 22. Баррасии бахсхо

 

Бахсхое, ки оиди масъалахои мукаррароти Конуни  мазкур ба  миён  меоянд, аз  тарафи  суд  барраси  карда мешаванд.

Моддаи 23. Чавобгари  барои вайрон  кардани  Конуни мазкур

 

Шахсони вокеъи  ва  хукуки  барои вайрон  кардани Конуни  мазкур  мутобики  конунгузории Чумхурии Точикистон  ба  чавобгари  кашида  мешаванд.

Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор сокит кардани Конуни Чумхурии Точикистон

                      «Дар бораи монополияхои табии»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи монополияхои табии» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 358; соли 2001, № 4, мод. 146)  аз эътибор сокит карда шавад.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                 Э.Рахмонов

ш. Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 235

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …