Главная / Гуногун / Инқилоби соли 1908-и ҷавонтуркҳо

Инқилоби соли 1908-и ҷавонтуркҳо

Иштирокчиёни Конгресси Париж оғози баромади инқилобиро ба 33-солагии ба тахти султонӣ нишастани Абдулҳамид мувофиқ кунонданд. Вале рафти воқеаҳо онҳоро водор намуд, ки шӯришро барвақттар оғоз кунанд. Моҳи июни соли 1908 ҳангоми вохӯрӣ дар Таллин шоҳи Англия Эдуарди VII ва императори Русия Николайи II оиди чораҳои зидди Австро-Венгрия ва баъзе масъалаҳои дигар ба тафоҳум омаданд. Англия ва Русия ба ҷонибдории “аз германиявикунй” наҷот додани Македония баромад карда, ба ҳукумати султон нақшаи ислоҳотро пешниҳод намуданд. Ин нақша ба Македония даровардани артиши 10- 12-ҳазорнафараи мамлакатҳои империалистиро низ дар назар дошт. Мақсади ин нақша аз Туркия ҷудо кардани Македония ва дар он ҷо барҳам додани маркази асосии ҷавонтуркҳо буд. Барои ҳамин Кумитаи “Иттиҳод ва тарақққӣ”-и ҷавонтуркҳо, ки қароргоҳаш дар Салоника буд, маҷбур шуд, ки дар бораи оғози бетаъхири шӯриш қарор қабул кунад…

000113

3 июли соли 1908 коменданти гарнизони шаҳрчаи Македонии Ресна афсари ҷавон Аҳмад Ниёзбей дастаи инқилобии иборат аз 200 нафараро ташкил намуда, бар зидди режими султон байрақи муборизаро баланд бардошт. Ташаббуси ӯро созмонҳои дигари ҷавонтуркҳо дастгирӣ карданд. Дере нагузашта гарнизонҳои дар Салоника, Монастир, Скопр ва шаҳрҳои дигари калон мустақарбуда ҳам ба тарафи шӯришчиён гузаштанд ва дар як муддати кӯтоҳ қисми зиёди мулкҳои мустамликавии европавии Туркияро ҳаракати иикилобӣ фаро гирифт. Аҳмад Ниёзбейро дастаҳои чирикии дар Македония ва Албания амалкунанда ва аҳолии маҳаллӣ дастгирӣ карданд. 23 июл Кумитаи “Иттиҳод ва тараққӣ” ба султон талаби қатъӣ пешниход кард, ки ӯ аз нав чорӣ карда шудани конститутсияро эълон кунад, вагарна тавассути артиши инқилобӣ ба Истамбул лашкар мекашад. Вақте маълум гардид, ки шӯришгаронро чузъу томҳои дар наздикии Истамбул, Измир. Афъон ва Қарахисорбуда ва ҳайати шахсии флоти ҳарбӣ дастгирӣ мекунад. Абдулҳамид маҷбур шуд, ки шаби 24 июл аз нав барқарор карда шудани конститутсия ва интихобот ба парламентро эълон кунад. Бо шунидани ин хабар дар шаҳрҳои калонтаринн империя намоишҳои серодами мӯҳташам баргузор гардиданд. Рӯҳияи инқилобии халқ султонро ба гузашткуниҳои нав маҷбур сохт. Ӯ афви иштирокчиёни ҳаракати инқилобиро эълон кард, ки он 40 ҳазор нафар маҳбусони сиёсӣ ва мухоҷирони ичбориро дар бар гирифт. Сензура бекор карда шуд. Рӯзномаҳои махфӣ ба фаъолияти ошкоро баромаданд.

Инқилоби ҷавонтуркҳо бе хун ғалаба кард. Вале онҳо бар хилофи қарорҳои Конгресси Париж Абдулҳамидро аз тахти султонӣ нафароварданд. Ба ҳайати ҳукумати ӯ дохил ҳам нашуданд.

Лекин аз вазъияти муносиби сиёсӣ истифода бурда, Кумитаи “Иттиҳод ва тараққӣ” дар палатаи вакилон барои худ аксариятро таъмин намуд. Раиси палата намояндаи ҷавонтуркҳо Аҳмад Ризобей интихоб гардид. Вале дере нагузашта таъсири ҷавонтуркҳо дар артиш суст шуд. Ғайр аз артиши 3-юми дар Македония мустақарбуда ягон қисми ҳарбӣ онҳоро дастгирӣ намекард. Дар масъалаҳои гуногун дар байни худи ҷавонтуркҳо ҷудоӣ ҳам ба амал омад. Бо ҳамин сабаб то моҳи апрели соли 1909 парламенти Туркия ягон қарор ва ё қонуни чашмрасро қабул карда натавонист. Ин бошад, ба пастшавии обрӯй ва эътибори он сабаб шуд Ин ҳолати парламент базаи иҷтимоии ҷавонтуркҳоро заиф гардонид. Дар сиёсати хориҷии Туркия низ нокомиҳо мушоҳида шуданд. Султон ҳамаи ин камбудиҳоро ба гардани ҷавонтуркҳо бор карда ба ҳуҷум гузашт. 13 апрели соли 1909 бо ризоияти Абдулҳамиди II ва бо дастгирии рӯҳониёну сарварони ҳизби “Аҳрор” бар зидди ҳукумат ва парламент баромади қисмҳои гарнизони Истамбул доир гардид. Ҳарбиён талаб карданд, ки палатаи қонунгузорро барҳам дода, шариат ва ҳокимияти султон аз нав барқарор карда шавад. Аз ҳамин лаҳза дар пойтахт таъқиботи ҷавонтуркҳо ва ҷонибдорони онҳо оғоз ёфт.

Дар як муддати кӯтоҳ Абдулҳамиди II сохти мутлақро аз нав барқарор кард. Вале ҷавонтуркҳо тавонистанд, ки исёни ақсулинқилобиро зуд пахш кунанд. Бо ёрии қисмҳои артиши 3-юм ва дастаҳои мусаллаҳи инқилобӣ, ки дар “артиши амал” муттаҳид шуда буданд, 26 апрел назорати худро дар пойтахт аз нав барқарор намуданд. Рӯзи дигар парламент қарор қабул кард, ки султон Абдулҳамиди II аз тахту тоҷ ва мартабаи халифаи Туркия маҳрум карда шавад. Ба тахти султонии Туркия Маҳмади V Рашид (1909 – 1918)-и беирода шинонида мешавад. Ба ҳайати ҳукумати нав якчанд арбоби ҷавонтуркҳо низ дохил шуданд. Ғайр аз ин ҷавонтуркҳо мансабҳои губернаторҳо, сафирон, вазифаҳои зиёдро дар артиш ва дарбор ишғол намуданд. Комитети “Иттиҳод ва тараққӣ” дар идораи мамлакат мақоми халқунанда дошт.

Ҳамин тариқ, дар Туркия ҳокимият ба дасти ҷавонтуркҳо мегузарад. Онҳо дар сиёсати дохилӣ дар мамлакат ҷорӣ намудани арзишҳои демократӣ ва дар сиёсати хориҷӣ барои аз тобеияти давлатҳои хориҷӣ баромадани Туркияро барномаи амалиёт интихоб намуданд. Натаҷаи фаъолияти онҳо буд, ки Туркия ба роҳи европаии тараққиёт дохил гардид, ҳарчанд ҷавонтуркҳо дар идораи давлат, яъне демократикунонии ҷомеа бо қатъият амал намекарданд. Аз ин рӯ, дар байни халқ обрӯи онҳо пасг мешуд, ки инро рақибони сиёсиашон истифода мебурданд. Ба ҳар ҳол инқилоби ҷавонтуркҳо пешқадам буд. Он Туркияро ба давраи нави таърихӣ ворид сохт.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. …