Главная / Гуногун / Инкилоби соли 1908-и чавонтуркхо

Инкилоби соли 1908-и чавонтуркхо

Иштирокчиёни Конгресси Париж огози баромади инкилобиро ба 33-солагии ба тахти султони нишастани Абдулхамид мувофик кунонданд. Вале рафти вокеахо онхоро водор намуд, ки шуришро барвакттар огоз кунанд. Мохи июни соли 1908 хангоми вохури дар Таллин шохи Англия Эдуарди VII ва императори Русия Николайи II оиди чорахои зидди Австро-Венгрия ва баъзе масъалахои дигар ба тафохум омаданд. Англия ва Русия ба чонибдории “аз германиявикунй” начот додани Македония баромад карда, ба хукумати султон накшаи ислохотро пешниход намуданд. Ин накша ба Македония даровардани артиши 10- 12-хазорнафараи мамлакатхои империалистиро низ дар назар дошт. Максади ин накша аз Туркия чудо кардани Македония ва дар он чо бархам додани маркази асосии чавонтуркхо буд. Барои хамин Кумитаи “Иттиход ва тараккки”-и чавонтуркхо, ки кароргохаш дар Салоника буд, мачбур шуд, ки дар бораи огози бетаъхири шуриш карор кабул кунад…

000113

3 июли соли 1908 коменданти гарнизони шахрчаи Македонии Ресна афсари чавон Ахмад Ниёзбей дастаи инкилобии иборат аз 200 нафараро ташкил намуда, бар зидди режими султон байраки муборизаро баланд бардошт. Ташаббуси уро созмонхои дигари чавонтуркхо дастгири карданд. Дере нагузашта гарнизонхои дар Салоника, Монастир, Скопр ва шахрхои дигари калон мустакарбуда хам ба тарафи шуришчиён гузаштанд ва дар як муддати кутох кисми зиёди мулкхои мустамликавии европавии Туркияро харакати иикилоби фаро гирифт. Ахмад Ниёзбейро дастахои чирикии дар Македония ва Албания амалкунанда ва ахолии махалли дастгири карданд. 23 июл Кумитаи “Иттиход ва таракки” ба султон талаби катъи пешниход кард, ки у аз нав чори карда шудани конститутсияро эълон кунад, вагарна тавассути артиши инкилоби ба Истамбул лашкар мекашад. Вакте маълум гардид, ки шуришгаронро чузъу томхои дар наздикии Истамбул, Измир. Афъон ва Карахисорбуда ва хайати шахсии флоти харби дастгири мекунад. Абдулхамид мачбур шуд, ки шаби 24 июл аз нав баркарор карда шудани конститутсия ва интихобот ба парламентро эълон кунад. Бо шунидани ин хабар дар шахрхои калонтаринн империя намоишхои серодами мухташам баргузор гардиданд. Рухияи инкилобии халк султонро ба гузашткунихои нав мачбур сохт. У афви иштирокчиёни харакати инкилобиро эълон кард, ки он 40 хазор нафар махбусони сиёси ва мухочирони ичбориро дар бар гирифт. Сензура бекор карда шуд. Рузномахои махфи ба фаъолияти ошкоро баромаданд.

Инкилоби чавонтуркхо бе хун галаба кард. Вале онхо бар хилофи карорхои Конгресси Париж Абдулхамидро аз тахти султони нафароварданд. Ба хайати хукумати у дохил хам нашуданд.

Лекин аз вазъияти муносиби сиёси истифода бурда, Кумитаи “Иттиход ва таракки” дар палатаи вакилон барои худ аксариятро таъмин намуд. Раиси палата намояндаи чавонтуркхо Ахмад Ризобей интихоб гардид. Вале дере нагузашта таъсири чавонтуркхо дар артиш суст шуд. Гайр аз артиши 3-юми дар Македония мустакарбуда ягон кисми харби онхоро дастгири намекард. Дар масъалахои гуногун дар байни худи чавонтуркхо чудои хам ба амал омад. Бо хамин сабаб то мохи апрели соли 1909 парламенти Туркия ягон карор ва ё конуни чашмрасро кабул карда натавонист. Ин бошад, ба пастшавии обруй ва эътибори он сабаб шуд Ин холати парламент базаи ичтимоии чавонтуркхоро заиф гардонид. Дар сиёсати хоричии Туркия низ нокомихо мушохида шуданд. Султон хамаи ин камбудихоро ба гардани чавонтуркхо бор карда ба хучум гузашт. 13 апрели соли 1909 бо ризоияти Абдулхамиди II ва бо дастгирии рухониёну сарварони хизби “Ахрор” бар зидди хукумат ва парламент баромади кисмхои гарнизони Истамбул доир гардид. Харбиён талаб карданд, ки палатаи конунгузорро бархам дода, шариат ва хокимияти султон аз нав баркарор карда шавад. Аз хамин лахза дар пойтахт таъкиботи чавонтуркхо ва чонибдорони онхо огоз ёфт.

Дар як муддати кутох Абдулхамиди II сохти мутлакро аз нав баркарор кард. Вале чавонтуркхо тавонистанд, ки исёни аксулинкилобиро зуд пахш кунанд. Бо ёрии кисмхои артиши 3-юм ва дастахои мусаллахи инкилоби, ки дар “артиши амал” муттахид шуда буданд, 26 апрел назорати худро дар пойтахт аз нав баркарор намуданд. Рузи дигар парламент карор кабул кард, ки султон Абдулхамиди II аз тахту точ ва мартабаи халифаи Туркия махрум карда шавад. Ба тахти султонии Туркия Махмади V Рашид (1909 – 1918)-и беирода шинонида мешавад. Ба хайати хукумати нав якчанд арбоби чавонтуркхо низ дохил шуданд. Гайр аз ин чавонтуркхо мансабхои губернаторхо, сафирон, вазифахои зиёдро дар артиш ва дарбор ишгол намуданд. Комитети “Иттиход ва таракки” дар идораи мамлакат макоми халкунанда дошт.

Хамин тарик, дар Туркия хокимият ба дасти чавонтуркхо мегузарад. Онхо дар сиёсати дохили дар мамлакат чори намудани арзишхои демократи ва дар сиёсати хоричи барои аз тобеияти давлатхои хоричи баромадани Туркияро барномаи амалиёт интихоб намуданд. Натачаи фаъолияти онхо буд, ки Туркия ба рохи европаии тараккиёт дохил гардид, харчанд чавонтуркхо дар идораи давлат, яъне демократикунонии чомеа бо катъият амал намекарданд. Аз ин ру, дар байни халк обруи онхо пасг мешуд, ки инро ракибони сиёсиашон истифода мебурданд. Ба хар хол инкилоби чавонтуркхо пешкадам буд. Он Туркияро ба давраи нави таърихи ворид сохт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …