Главная / Ҷамъият / ИМОН БА ХУДО

ИМОН БА ХУДО

ҲИКОЯ – Худо Моро мебинад.

Солеҳ аз бобояш пурсид:

– Бобо, чаро мо Худоро намебинем? Бобо ба вай ҷавоб дод:

– Зеро чашмон ончунон сохта шудаанд, ки мо наметавонем Худоро бибинем.

– Чаро ин тавр аст, бобо?

– Оё ту бо суратгирак ҳама чизро акс гирифта метавонӣ?

– Оре, метавонам.

– Шушу дилатро ҳам метавонӣ?

– Не, онҳоро танҳо бо ҷиҳози рентгенӣ акс гирифтан мумкин аст.

– Ана мебинӣ, ҳарчанд ки ҳар ду ҷиҳоз барои аск гирифтан хизмат мекунанд, вале суратгирак наметавонад он чизеро акс гирад, ҷиҳози рентгенӣ гирифта метавонад. Ин аз он сабаб аст, ки онҳо сохторҳои гуногун доранд. Ва чашмони моро ҳам Худо ончуноне сохтааст, ки Ўро дида наметавонем.

– Пас Ў моро мебинад?

– Албатта, Ў Моро ҳатто дар торикии шаб дар хонаи бебарқ, агар либоси сиёҳ пўшида бошем ҳам, мебинад.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

shafran

Духтурон аз Ҳинудстон ба ш. Душанбе санаи 29-уми октябр меоянд

Барои аксари ҳамватанон табобат дар хориҷа монанди парвоз ба кайҳон  аст, яъне. чизе аз доираи хаёлот. …