Главная / Гуногун / Ҳикояти ба сафари ҳаҷ рафтани Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (paҳ)

Ҳикояти ба сафари ҳаҷ рафтани Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (paҳ)

Муаллифи китоби «Фазоилу-л-аъмол» Ҳазрати шайху-л- ҳадис Мавлоно Муҳаммадзакариё (paҳ) дар рисолаи «Аҳамият ва фазилати дуруд ва салом» чунин менигорад, ки: «Дар даврони навиштани ин рисолаи фазоил баъзе аз авқот[1] худи банда ва баъзе авқот дигар аҳбоб ва дӯстон хобҳо ва башороте дидем. Дар рӯзҳое, ки ин рисолаи «Фазоили дуруд»-ро менавиштам, як шаб хоб дидам, ки ба ман дастур дода шуд, ки дар ин рисола ҳатман қасидаеро бинависам, вале қасида таъйин нашуд, ки кадом аст.

arab-aspАлбатта, дар зеҳни банда дар хоб ва ё бедорӣ ва ё байни ду хоб (зеро, ки дар ҳамон ҳангом хоби дигаре аз ин қабил дидам) ин тасаввур пеш омад, ки мисдоқи ин қасида наъти маъруфи аллома Ҷомӣ (paҳ), ки дар китоби «Юсуф ва Зулайхо» дар васфи Расули акрам (с) сурудааст мебошад. Замоне, ки даҳ- ёздаҳсола будам, дар шаҳри Гангуҳ ин китобро назди падари бузургвори худ хонда будам ва дар ҳамон замон дар бораи ин қасида достоне аз падарам шунида будам ва ҳамин достон ангезаи мунтақил шудани зеҳн ба сӯйи он қасидаи дар хоб шуд. Достон чунин аст: «Баъд аз сурудани ин наът Мавлоно Ҷомӣ (paҳ) ба қасди зиёрати хонаи Худо озими сафари ҳаҷ шуд ва тасмим дошт, ки дар канори равзаи атҳари[2] он Ҳазрат (с) ин наътро бихонад. Вақте баъд аз зиёрати хонаи Худо озими Мадинаи мунаввара шуд. Амири Макка дар хоб Паёмбари акрам (с)-ро зиёрат кард, ки он Ҳазрат (с) ба вай фармуданд: «Ба ин шахс (Мавлоно Ҷомӣ) иҷозати вуруд[3] ба Мадинаро мадеҳ». Амири Макка ӯро аз сафари ба Мадииа боздошт, вале шавқу завқи зиёрати равзаи атҳар чунон бар вай ғолиб буд, ки махфиёна равонаи Мадина шуд. Бори дигар амири Макка дар хоб Расули акрам (с)-ро зиёрат кард ва он Ҳазрат (с) фармуданд: «Ин шахс ворид меояд, ба ӯ иҷозат мадеҳ». Амири Макка ду нафарро ба таъқиби вай фиристод ва аз миёни роҳ ӯро дастгир карда, бозгардониданд ва амир ӯро равонаи зиндон кард. Бори саввум Паёмбари акрам (с)-ро дар хоб зиёрат кард ва он Ҳазрат (с) фармуданд: «Ин шахс муҷрим[4] нест, балки ашъоре суруда ва қасд дошт, ки онҳоро бар сари марқади ман бихонад, ки агар чунин мешуд, ман дасти худро аз қабр барои мусофаҳа бо вай берун мекардам ва эҳтимоли фитна вуҷуд дошт». Баъд аз ин ӯро аз зиндон хориҷ кард ва мавриди эъзозу икроми бисёр қарор дод».

Дар шунидан ва ҳифзи ин достон ҳеҷ шак ва тардиде надорам, аммо акнун бар асари заъфи биноӣ ва вуҷуди бемориву касолат аз муроҷиати ба кутуб ва таҳқиқ дар ин бора маъзурам. Ва чунончи хонандагони муҳтарам дар замони ҳаёти банда муваффақ ба ёфтани ин достон дар китобе шуданд, бандаро аз он огоҳ созанд ва агар баъд аз вафоти ман дастрасӣ пайдо карданд ба унвони поварақе дар ҳамин ҷо изофа кунанд. Ба хотири ҳамин достон зеҳни банда ба тарафи ин қасида мунтақил шуд ва то ба ҳол низ ҳамин қасида дар зеҳн ба унвони мисдоқи хоб мавҷуд аст ва ҳеҷ тардиде низ дар он надорам».[5]

Наъти[6] Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (paҳ)

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Зи маҳҷурӣ баромад ҷони олам,

Тараҳҳам, ё Набийюллоҳ, тараҳҳам[7].

На охир раҳматан ли-л-оламинӣ,

Зи маҳрумон чаро ғофил нишинӣ?

Зи хок, эй лолаи сероб, бархез,

Чу наргис хоб чанд, аз хоб бархез.

Бурун овар cap аз бурди ямонӣ,

Ки рӯйи туст субҳи зиндагонӣ.

Шаби андӯҳи моро рӯз гардон,

Зи рӯят рӯзи мо фирӯз гардон.

Ба тан дарпӯш анбарбӯй ҷома,

Ба cap барбанд кофурӣ амома[8].

Фуруд овез аз cap гесувонро,

Фикан соя ба по сарви равонро.

Адими тоифӣ[9] наълайни по кун,

Широк[10] аз риштаи ҷонҳои мо кун.

Ҷаҳоне дида карда фарши роҳанд,

Чу фарш иқболи побӯси ту хоҳанд.

Зи ҳуҷра пой дар саҳни Ҳарам неҳ

Ба фарқи хоки раҳбусон қадам неҳ.

Бидеҳ дасте зи поафтодагонро,

Бикун дилдорие дилдодагонро.

Агарчи ғарки дарёи гуноҳам,

Фитода хушклаб бар хоки роҳам.

Ту абри раҳматӣ, он беҳ ки гоҳе

Кунӣ бар ҳоли лабхушкон нигоҳе.

Хушо, к-аз гарди paҳ сӯят расидем,

Ба дида гард аз кӯят кашидем.

Ба масҷид саҷдаи шукрона кардем,

Чароғатро зи ҷон парвона кардем.

Ба гирди равзаат гаштем густох,

Дилам чун панҷара сӯрох-сӯрох.

Задем аз ашки абри чашми бехоб

Ҳарими остони равзаат об.

Гаҳе рӯфтем з-он соҳат[11] ғуборе,

Гаҳе чидем з-ӯ хошоку хоре.

Аз он нури саводи дида додем

В-аз ин бар реши дил марҳам ниҳодем.

Ба сӯйи минбарат paҳ баргирифтем,

Зи чеҳра пояаш дар зар гирифтем.

Зи меҳробат ба саҷда ком ҷустем,

Қадамгоҳат ба хуни дида шустем.

Ба пойи ҳар сутун қад рост кардем.

Мақоми ростон дархост кардем.

Зи доғи орзуят бо дили х(в)аш,

Задем аз дил ба ҳар қандил оташ.

Кунун гар тан на хоки ин ҳарим аст,

Биҳамдиллаҳ ки ҷон он ҷо муқим аст.

Ба худ дармондаам аз нафси худрой,

Бибин дармондае чандин, бибахшой.

Агар набвад чу лутфат дастёре,

Зи дасти мо наёяд ҳеҷ коре.

Қазо[12] меафканад аз роҳ моро,

Худоро, аз Худо дархоҳ моро.

Ки бахшад аз яқин аввал ҳаёте,

Диҳад он гаҳ ба кори дин суботе.

Чу ҳавли рӯзи растохез хезад,

Ба оташ обрӯи мо нарезад.

Кунад бо ин ҳама гумроҳии мо,

Туро изни шафоатхоҳии мо.

Чу чавгон cap фиканда оварӣ рӯй,

Ба майдони шафоат «умматӣ»-гӯй.

Ба ҳусни эҳтимомат кори Ҷомӣ

Туфайли дигарон ёбад тамомӣ.[13]

[1] Авқот — вақтҳо.

[2] Атҳар – пок.

[3] Вуруд — даромадан.

[4] Муҷрим – гунаҳгор.

[5] «Фазоилу-л-аъмол». Саҳ. 592-593.

[6] Наът – таъриф ва васф кардан, агарчи лафзи наът ба маънии васф аст, лекин аксар барои истеъмоли санову ситоиши Расулуллоҳ (с) омадааст.

[7] Тараҳҳам – сиғаи амр ба маънии раҳм фармо, тараҳҳум гуфтан ғалат аст, чаро ки қофия дуруст намешавад.

[8] Кофурӣ амома – саллаи сафед, кофурӣ – ҳар чизи сафедро гӯянд.

[9] Адими тоифӣ – адим – пусти хушбӯро гӯянд, ки онро булғор хонанд. Тоиф – номи шаҳре чанд, ки дар тӯфон бар об мегардиданд, ё Ҷабраил (а) инҳоро гирифта гирди хонаи Худо тавоф намуда буданд.

[10] Широк – банди кафш.

[11] Соҳат – майдон.

[12] Қазо — ҳукми илоҳӣ.

[13] «Юсуф ва Зулайхо». Саҳ. 17-19.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …