Главная / Маданият ва санъат / Ҳикоя дар бораи Раис

Ҳикоя дар бораи Раис

Марде буд Раис ном, ки ӯ байъат ба хидмаги Шайх Қутбиддини Бахтиёр дошт (қаддасаллоҳу сирруҳу-л-азиз). Раис шабе дар хоб дид қуббае ва халқе анбӯҳ дар ҳаволии он қубба, марде кӯтоҳболое-(ро) дид, ки ҳар бор даруни қубба мерафт ва берун меомад ва ҷавоб меовард. Ва ин Раис мегӯяд, ки: «Ман пурсидам, ки:

  • Дар ин қубба кист ва он марди кӯтоҳболо, ки дар он меравад ва берун меояд кист?

Гуфтанд, ки:

sharmalsheyx

  • Даруни қубба Расули Худост (с) ва он марди кӯтоҳболо Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) аст, ки берун меояд ва пайғоми халқдарун мебарад ва ҷавоб меоварад».

Раис мегӯяд, ки: «Ман наздики Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) рафтам ва гуфтам, ки:

  • Ба Ҳазрати Рисолат (с) арза дор, ки ман мехоҳам, ки туро бибинам.

Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) дарун рафт ва берун омаду маро гуфт:

  • Расулуллоҳ (с) мефармоянд, ки: «Туро ҳануз аҳлияти он нест, ки маро битавонӣ дид, аммо бирав, саломи ман Бахтиёри Кокиро бирасон ва бигӯ, ки: “Ҳар шаб туҳфаи дуруд, ки бар ман мефиристодӣ, мерасид ва се рӯз аст, ки нарасидааст, монеъ ба хайр буда бошад».

Ин Раис мегӯяд, ки: «Ман бедор шудаму ба хидмати шайху-л-ислом Қутбиддин омадам (наввараллоҳу мазҷааҳу) ва гуфтам, ки:

  • Ҳазрати Рисолат (с) туро салом расонидааст.

Шайх Қутбиддин (қаддасаллоҳу сирруҳу-л-азиз) чун салом бишнид ба таъзим биистод ва гуфт:

  • Пайғамбар (с) чӣ фармудааст?

Гуфтам:

  • Ҳамчунин фармудааст, ки туҳфае, ки ҳар шаб мефиристодӣ, мерасид, магар се шаб нарасидааст.

Шайх Қутбиддин (қаддасаллоҳу сирруҳу-л-азиз) ҳамон замон занеро, ки ба занӣ хоста буд, пеш талабид ва маҳри ӯ бад-ӯ таслим кард ва ӯро бигузошт. Ва он чунон буд, ки Шайх се шаб ба тазвиҷ машғул буд ва он туҳфа ба он Ҳазрат (с) нафиристода буд. Ва баъд аз он Шайх қутбиддин (қаддасаллоҳу сирруҳу-л-азиз) ҳар шаб се ҳазор бор салавот гуфтӣ, он гоҳ бихуфтӣ».[1]

[1] «Фавоиду-л-фуод». Саҳ. 107-108.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …