Главная / Маданият ва санъат / Хикоя дар бораи Раис

Хикоя дар бораи Раис

Марде буд Раис ном, ки у байъат ба хидмаги Шайх Кутбиддини Бахтиёр дошт (каддасаллоху сирруху-л-азиз). Раис шабе дар хоб дид куббае ва халке анбух дар хаволии он кубба, марде кутохболое-(ро) дид, ки хар бор даруни кубба мерафт ва берун меомад ва чавоб меовард. Ва ин Раис мегуяд, ки: «Ман пурсидам, ки:

  • Дар ин кубба кист ва он марди кутохболо, ки дар он меравад ва берун меояд кист?

Гуфтанд, ки:

sharmalsheyx

  • Даруни кубба Расули Худост (с) ва он марди кутохболо Абдуллох ибни Масъуд (раз) аст, ки берун меояд ва пайгоми халкдарун мебарад ва чавоб меоварад».

Раис мегуяд, ки: «Ман наздики Абдуллох ибни Масъуд (раз) рафтам ва гуфтам, ки:

  • Ба Хазрати Рисолат (с) арза дор, ки ман мехохам, ки туро бибинам.

Абдуллох ибни Масъуд (раз) дарун рафт ва берун омаду маро гуфт:

  • Расулуллох (с) мефармоянд, ки: «Туро хануз ахлияти он нест, ки маро битавони дид, аммо бирав, саломи ман Бахтиёри Кокиро бирасон ва бигу, ки: “Хар шаб тухфаи дуруд, ки бар ман мефиристоди, мерасид ва се руз аст, ки нарасидааст, монеъ ба хайр буда бошад».

Ин Раис мегуяд, ки: «Ман бедор шудаму ба хидмати шайху-л-ислом Кутбиддин омадам (наввараллоху мазчааху) ва гуфтам, ки:

  • Хазрати Рисолат (с) туро салом расонидааст.

Шайх Кутбиддин (каддасаллоху сирруху-л-азиз) чун салом бишнид ба таъзим биистод ва гуфт:

  • Пайгамбар (с) чи фармудааст?

Гуфтам:

  • Хамчунин фармудааст, ки тухфае, ки хар шаб мефиристоди, мерасид, магар се шаб нарасидааст.

Шайх Кутбиддин (каддасаллоху сирруху-л-азиз) хамон замон занеро, ки ба зани хоста буд, пеш талабид ва махри у бад-у таслим кард ва уро бигузошт. Ва он чунон буд, ки Шайх се шаб ба тазвич машгул буд ва он тухфа ба он Хазрат (с) нафиристода буд. Ва баъд аз он Шайх кутбиддин (каддасаллоху сирруху-л-азиз) хар шаб се хазор бор салавот гуфти, он гох бихуфти».[1]

[1] «Фавоиду-л-фуод». Сах. 107-108.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …