Главная / Маданият ва санъат / Хикояи Хазрати Сайиду-с-содот

Хикояи Хазрати Сайиду-с-содот

Овардаанд, ки марде буд, ки бар Хазрати Сайиду-с-содот (с) дар салавот кохили мекард ва эхтимом дар он боб наменамуд. Шабе он Хазрат (с)-ро ба хоб дид. Он Хазрат (с) ба вай илтифот нанамуданд ва аз хар чониб, ки меомад он Хазрат (с) аз вай эъроз менамуд. Он бечора гуфт:

  • Эй Расулаллох (с), магар аз ман дар газаби?

Фармуд, ки:

-Не.

Гуфт:

  • Чаро ба холи ман илтифот наменамои?

Фармуд, ки:

  • Туро намешиносам, чи илтифот кунам?

Гуфт, ки:

  • Ман яке аз умматони туам ва аз уламо чунин шунидаам, ки ту умматони худро аз фарзанд шиносотари.

Фармуд, ки:

  • Чунин аст, аммо ту маро ба салавот ёд намекуни ва маърифати ман ба уммати ман ба кадри салавоти эшон аст бар ман.

Чун он мард бедор шуд, хар руз сад бор бар он Хазрат (с) салавот мефиристод. Ва баъд аз он он Хазрат (с)-ро дар хоб дид, ки вайро гуфт:

  • Акнун туро мешиносам ва ба шафоати ту дар рузи киёмат киём менамоям, аммо ту дуруди худро тарк макун.[1]

[1] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 129-130.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …