ҲИКМАТ

Яке аз се нафар тоҷикбаччае, ки дар хизмати сарбозӣ бо ҳам будем, Ҳикмат ном баччаи кӯлобӣ буд ва дар қисми десантӣ (коммандо) хизмат мекард. Ҳикмат қади баланду расо дошт ва ҷисман хеле қавӣ буд. Чашмони калони барроқи сиёҳ дошт, ки нигоҳаш сӯрохкунанда буд. Мӯи сарашро пок тарошида, риши кӯтоҳ мегузошт.

rishБар хилофи оинномаи сарбозӣ, шалвори махсус пӯшида, бо як пироҳани раҳдори маллоҳӣ, дар миёнаш корди Калашниковро ба тасма овехта мегашт. Ин тарзи зоҳирӣ мухолифи оиннома буда, фақат хоси ӯ буд ва агар каси дигаре чунин либос пӯшад ва ё риш гузорад, ҳатман ҷазо медид, вале афсарон ба Ҳикмат эрод намегирифтанд. Мегуфтанд, ки фармондеҳи дивизия шахсан Ҳикматро ҳамчун беҳтарин сарбози десант эътироф мекунад ва аз ин сабаб касе ба ӯ эрод гирифта наметавонад.

Умуман, ӯ «фарри» хоси тарсафкан дошт ва ҳама аз ӯ ме- тарсиданд. Овозаи пархошҷӯияш ба ҳадде буд, ки касе ҷуръат надошт ҳатто ба мо – дигар тоҷикбаччаҳо низ даъво бикунад, зеро медонистанд, ки бо ӯ сарукор хоҳанд дошт.

Чунон ки зикр шуд, дар артиши Шӯравӣ падидае ба номи дедовшина (собиқасолорӣ) доштем, ки тибқи он сарбозони собиқадор ба сарбозони навдаъват кор мефармуданд ва ҳар гуна зулмро раво медиданд. Масалан, сарбози собиқадор ба ошхона нарафта, сарбози ҷавонро мефиристод, то ки аз ошхона барояш хӯрокро ба бошишгоҳ биёрад. Ин гуна муносибатҳо низ хилофи оиннома буд.

Рӯзе як сарбози ҷавон ҳамин гуна аз ошхона бо нону маска берун меояд. Фармондеҳи қисми мо капитан Кузмин, ки афсари навбатдор будааст, нону маскаро аз дасти он сарбоз гирифта ба замин мепартояд ва бо пояш мезанад. Ҳикмат, ки дар он ҷо будааст, инро дида, ба хашм меояд ва бо як зарба Кузминро ба замин парч мекунад.

Чӣ ғавғое бархост! Ин ҳодисаи гӯшношуниде буд! Сарбоз ба афсар даст бардоштааст! Ҳикматро ба боздоштгоҳи сарбозӣ бурданд. Мо хеле нороҳат будем, зеро медонистем, ки ҷазои сангине ба Ҳикмат таҳдид мекунад.

Рӯзи дигар, вақте ки фармондеҳи дивизия аз қазия огоҳ ме- шавад, Ҳикматро талабида шарҳ мепурсад. Хушбахтона, Ҳикмат русиро хуб медонист ва хеле гапдон низ буд. Ӯ ба ҷенерал қадри нон дар Тоҷикистонро мефаҳмонад ва мегӯяд, ки мардуми мо нонро муқаддас медонанд ва агар нонрезаро ҳам дар замин пайдо кунанд, онро бӯсида, ба ҷои тозае мегузоранд. Ғайр аз ин, ӯ нақл мекунад, ки падари деҳқонаш чӣ тавр дар офтоби сӯзон дар даштҳои тафсон гандум мепарварад ва бо чӣ заҳмате нон мерӯёнад.

Ин расми хуби тоҷикӣ ва гапдонии Ҳикмат ҷони ӯро харид. Ҷенерал аз нақли Ҳикмат мутаассир шуда, гуноҳашро бахшид. Баъдан, Ҳикмат дар ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд ва ба таври мармуз кушта шуд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

korea

Муборизаи миллию озодихоҳии халқи Корея

Дар Корея ҳукмрон шудани истилогаронн Ҷопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онҳо мардумро …