ХИКМАТ

Яке аз се нафар точикбаччае, ки дар хизмати сарбози бо хам будем, Хикмат ном баччаи кулоби буд ва дар кисми десанти (коммандо) хизмат мекард. Хикмат кади баланду расо дошт ва чисман хеле кави буд. Чашмони калони барроки сиёх дошт, ки нигохаш сурохкунанда буд. Муи сарашро пок тарошида, риши кутох мегузошт.

rishБар хилофи оинномаи сарбози, шалвори махсус пушида, бо як пирохани рахдори маллохи, дар миёнаш корди Калашниковро ба тасма овехта мегашт. Ин тарзи зохири мухолифи оиннома буда, факат хоси у буд ва агар каси дигаре чунин либос пушад ва ё риш гузорад, хатман чазо медид, вале афсарон ба Хикмат эрод намегирифтанд. Мегуфтанд, ки фармондехи дивизия шахсан Хикматро хамчун бехтарин сарбози десант эътироф мекунад ва аз ин сабаб касе ба у эрод гирифта наметавонад.

Умуман, у «фарри» хоси тарсафкан дошт ва хама аз у ме- тарсиданд. Овозаи пархошчуияш ба хадде буд, ки касе чуръат надошт хатто ба мо – дигар точикбаччахо низ даъво бикунад, зеро медонистанд, ки бо у сарукор хоханд дошт.

Чунон ки зикр шуд, дар артиши Шурави падидае ба номи дедовшина (собикасолори) доштем, ки тибки он сарбозони собикадор ба сарбозони навдаъват кор мефармуданд ва хар гуна зулмро раво медиданд. Масалан, сарбози собикадор ба ошхона нарафта, сарбози чавонро мефиристод, то ки аз ошхона барояш хурокро ба бошишгох биёрад. Ин гуна муносибатхо низ хилофи оиннома буд.

Рузе як сарбози чавон хамин гуна аз ошхона бо нону маска берун меояд. Фармондехи кисми мо капитан Кузмин, ки афсари навбатдор будааст, нону маскаро аз дасти он сарбоз гирифта ба замин мепартояд ва бо пояш мезанад. Хикмат, ки дар он чо будааст, инро дида, ба хашм меояд ва бо як зарба Кузминро ба замин парч мекунад.

Чи гавгое бархост! Ин ходисаи гушношуниде буд! Сарбоз ба афсар даст бардоштааст! Хикматро ба боздоштгохи сарбози бурданд. Мо хеле норохат будем, зеро медонистем, ки чазои сангине ба Хикмат тахдид мекунад.

Рузи дигар, вакте ки фармондехи дивизия аз казия огох ме- шавад, Хикматро талабида шарх мепурсад. Хушбахтона, Хикмат русиро хуб медонист ва хеле гапдон низ буд. У ба ченерал кадри нон дар Точикистонро мефахмонад ва мегуяд, ки мардуми мо нонро мукаддас медонанд ва агар нонрезаро хам дар замин пайдо кунанд, онро бусида, ба чои тозае мегузоранд. Гайр аз ин, у накл мекунад, ки падари дехконаш чи тавр дар офтоби сузон дар даштхои тафсон гандум мепарварад ва бо чи захмате нон меруёнад.

Ин расми хуби точики ва гапдонии Хикмат чони уро харид. Ченерал аз накли Хикмат мутаассир шуда, гунохашро бахшид. Баъдан, Хикмат дар чанги шахрванди яке аз фармондехони Фронти халки буд ва ба таври мармуз кушта шуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …