Главная / Илм / ГУЛЗАРДи

ГУЛЗАРДи

gulzardiГУЛЗАРДи (Erysimum diffusum), хокшир, гиёхест дусола. Аз 20 то 115 см кад мекашад. Пояаш сершох, баргаш дарозруя, рахдор, баргхои поён думчадароз, гулаш майдаи зард. Май – сент. гулу мева мекунад. Дар алафзори нимсаванна, явшонзор, фаркзор, арчазор, шагалзамин меруяд. Дар к.-куххои Курама, Хисору Дарвоз ва нохияхои Точикистони Шарки пахн шудааст.
Г.-ро барои доруи дар даври гулшукуфт мегундоранд. Дар чои сояи шамолрас хушконида мешавад. Юнониён ва римиёни кадим Г.-ро аз давохои бехтарин барои муоличаи обхура мехисобиданд. Дар Сибир табибони халки онро чун давои пешоброн, мукаввии дил, зидди бемории зангила (синга), сили шуш, обварам, хамчунин дар мавриди захролуди кор мефармоянд. Дар тибби халкии точикон чойи баргу пояи Г. хангоми беморихои дил, дилзани, галаёни хун ва чун воситаи пешоброну исхоловар тавсия дода мешавад. Аз Г. махлули гликозиди эризимин истехсол карда шудааст, ки барои муоличаи иллати дил муфид мебошад. Он хусусан барои табобати беморони гирифтори нукси даричаи дил муфид аст. Г. хамчунин ба таркиби доруи «Кардиовален» дохил аст. Онро хангоми иллатхои тарбодии дил, кардиосклероз, ихтилоли гардиши хун (дарачаи I, II, III) истифода мебаранд (рузе 1 – 2 маротиба 15 – 20 чакраги). Дар тиб хамчунин накеъи обии Г. (1 – 2 кошук алафи онро дар 1 истакон оби чуш андохта, рузе 4 – 5 маротиба яккошуки бо канд меошоманд) барои муоличаи нукси дил кор фармуда мешавад. Дорухои Г.-ро факат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим аст.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …