Главная / Гуногун / ГУЛВОЖАҲОИ ЗИМИСТОНӢ

ГУЛВОЖАҲОИ ЗИМИСТОНӢ

Китоби нависанда муҳаббати дил ва ганҷҳои қалби ўст. Беҳуда Фирдавсии бузург ба эътимод наовардааст:

               Сухан монад аз мо ҳама ёдгор,

               Ту бо ганҷ сухан баробар мадор.

Китобро ба даст гирифта, нахуст фол мекушоям. Ва мехонам: “Худо нишон надиҳад, ки кас дар хонааш китоб надошта бошад”. Шукр мекунам, ки дар китобхонаи ман боз як китоб илова шуд. Ин китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ба унвони “Зимистони умр”. Китоб аз “Ҳасрат” ва “Дўсти ман Бароталӣ” ном қиссаҳо, як силсила ҳикояҳои марғуб, сатрҳои алоҳида ба унвони “Фонуси хаёл” ва андешаҳои бавусъати суханвар доир ба адабиёт, сиёсат ва ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии замон, сўҳбатҳо бо журналистону адибон ба унвони “Садои дузарби ҳастӣ” ба тартиб омадааст.

shutterstock_1352203610-630x387Китобро мутолиа намуда, аз мағзу маънии асарҳое ки дар он гирд омадаанд, ба ваҷд омада, як ҷаҳон лаззат бурдам. Ва ба вуҷудам як эҳсоси шодмонӣ давид. Зеро адиби чирадаст дар асараҳояш як олами нотакрори рангину батаъсир ва манзараҳои муассирро муҳайё сохтааст.

Баъзеҳо – танҳо баъзеҳо! – онҳое ки аз рўй шонаю аз пушт фона мезананд, ба оҳанги истеҳзо “фу-у-уҳ!” гуфтанд. Ин шояд бад ҳам набуд. Зеро худи адиб ба ин басо хуб равшанӣ меандозад: “Вақте ки шаробро азиз дониста, ба ҷону дил менўшему боз “фу-у-уҳ!” мегўем, ман асли баъзе ноодамиҳоро бештар дарк мекунам”.

Зимнан қобили зикр аст, ки “Зимистони умр” на танҳо ба хонанда, балки ба ҳамқаламон низ сахт таъсир расонд, дилу ҷони онҳоро ба шўр овард. Чаро “Зимистони умр”? Магар Саттор Турсун аз зиндагиву адабиёт дилхунук шудааст?

Не, албатта!

Ва ҳаргиз!

Ин унвон ҳушдор медиҳад, ки умри инсон ҳам чун табиат чор фасл дорад. Дар чор фасли сол мубориза барои зиндагӣ ва аз нав шукуфтану эҳё шудан оғоз мегардад. Алқисса, табиат аз чанд имтиҳон мегузарад, имтиҳонҳои сахту шадид. Одамизод ҳам ба мисли табиат аст, бояд имтиҳонҳои зиёди зиндагиро паси сар кунад ва аз баландиву пастӣ, бурду бохт, муроду номуродӣ, шодиву ғами зиндагӣ рўҳафтода нашуда, роҳи худро ба сўи мақсад пайгирона идома диҳад.

Бале, чунин аст маънии зиндагӣ!

Ва ин аст қиммати умр ва лаззати ҳаёт!

Саттор Турсун ба майдони адабиёт бо “Дили гарм” ворид гардид, бо орзуҳои баландпарвоз роҳи дуру дароз ва пурмашаққатро гузар карда, ба шоҳроҳи матлаб баромад.

Аз тарафи дигар, ин унвон одамро ҳушёр мекунад, хаёлашро ба гузарон будани дунё мебарад. Ва рубоии Умари Хайём ба ёд меояд:

          Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,

          Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.

          В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид –

          Рафтанду равему боз оянду раванд.

Бале, оне ки ба ин дунё омадааст, ҳатман меравад. Пас чӣ мемонад ў пас аз худ? Ба ин савол худи муаллиф посух медиҳад: “…аз фарзанди одамизод аввало номи неку кори нек мемонад”.

Оре, дар ин офоқи бекарона басо чиз, ки фониста. Аммо номи нек бефаност. Чунон ки Абулқосим Фирдавсӣ аз номи Рустами Достон мегўяд:

          Ба номи накў гар бимирам, равост,

          Маро ном бояд, ки тан маргрост!.

Албатта, расидан ба ин гуна эътибор чандон осон нест. Номи нек тавассути нангу номус ва заҳмати беғаразу миёншикан ба даст меояд. Шахсе ки ҳамин ҳақиқатро дарк намуда, ба хидмати халқу ватан камар мебандад, ҳатман гули сари сабади ҷамиъият гардида, лоиқи қадр ва эҳтиром мегардад.

Дар ин ҷода адибон ҳам истисно нестанд. Ва Саттор Турсун қатъӣ изҳор мекунад: “Танҳо инсони некбин ва тинаташ пок метавонад асари хуб нависад. Кас агар дилсиёҳ бошад, беҳтар аст ҳаргиз ба даст қалам нагирад”. Ва боз ба ҷавонон хушдор медиҳад: “Бисёр мехоҳам, ки эҷодкор ба худ роҳи осон наҷўяд. Нотарс бошад, ба ҳарфу ҳиҷо садоқат парварад”.

Ва ў ба ин ҳама гуфтааш ҷавобгў ва содиқ мебошад. Аз ин рў дар нисбати худ хеле сахтгир аст. Боэътимод мегўяд, ки: “китоби дар мавзўи замон таълифгардида низ, агар ба дарди ҳамзамонон кора накунад, ба талаботи адабиёти ҳақиқӣ ҷавоб дода натавонад, аз буданаш, албатта, набуданаш беҳтар”.

Саттор Турсун дар як навиштааш хулоса мекунад, ки сифати ҳамқаламро аз ҳамқалам бояд шунид. Чунки хислатҳои умда, неку бади ў ба чашми ғайр зудтар мерасад. Аз ин нигоҳ мақолаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо унвони “Умре гирифтори сухан”, ки дар китоб ба ҷои пешгуфтор омадааст, хеле муҳим аст. Як сухани ҳақ, хоса аз забони шахси шарифе ба кас болу пар мебахшад. Вале баъзан бисёр одамон, махсусан онҳое ки аз рўи мақом ва вазифа қарздоранд, ҳатто ба як сухани нек забонашон намегардад.

 Абдулҳамид Самад бо тарзу шеваи ба худ хос роҷеъ ба фазилатҳою хислатҳои неки Саттор Турсун ва эҷодиёти ў андешаҳои ҷолибе ба қалам додааст. Дар мақолаи худ доир ба мавқеи Саттор Турсун дар адабиёти тоҷик бо эҳтиром сухан меронад. Аз рўзгори ў ҷолибтарин лаҳзаҳоро ба тарозуи андеша гузошта, ба ақлу заковат ва имону иродаи ў тан медиҳад, ки ба шарофати ҳамин гуна адибони асил боғи адабиёт обод аст. Ба гуфтаҳои Абдулҳамид Самад, хонанда заррае шубҳа намекунад. Зеро чунон ки худи Саттор Турсун иқрор мешавад, Абдулҳамид Самад “…агар чизе мегўяд, огоҳона мегўяд…” Ва пас эътирофи Саттор Турсун аз тарафи Абдулҳамид Самад аз истеъдод, ору номус ва сатҳи эҷодиёти вай реша гирифтааст.

Барҳақ, эътирофи ҳунар ҳам ҳунар аст!

Ин олами беҳудуд хеле куҳан аст ва асрори зиёде дорад. Ва яке аз онҳо талоши некиву бадӣ мебошад. Ин талош мисли занҷири беохирест. Ва ҳеҷ гоҳ некӣ бар бадӣ ғолиб наомадааст. Таносуби онҳо вобаста ба замон тағир меёбаду халос. Ва адиби дардошно ҳам орзу мекунад: “…кош фарзанди одам аз қайди ташвишҳои гоҳо вазнин ва нодаркор берун рафта, бештар дар бари хушиву хурсандиҳо рўз мегузаронд. Вале чӣ илоҷ, ки ҳаёт пасту баланди зиёд дорад”. Аслан зиндагӣ аз рўзи азал ҳамин тавр идома дорад. Ва талоши некиву бадӣ мавзуи ҷовидонаи адабиёт гаштааст. Вазифаи суханвар инъикоси ана ҳамин ҳақиқати зиндагист. Вале, ба қавли ў, худро ба ин кор маҷбур кардан мушт ба дирафш заданро мемонад. Вай ҳамон вақт қалам ба даст мегирад, ки дигар нанавишта наметавонад. Ва дар роҳи иҷрои ин амали савоб аз паи ҳақиқат меравад.

Чун ба дидаи ибрат чакидаҳои қалами Саттор Турсунро қиёс кунем, пас мебинем, ки адиб чун Хайёми бузург бар сари “чархи фалак” мушт намебардорад:

          Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст!

          Бедодгарӣ пешаи деринаи туст!.

Ва боз чун Хаёми бузург панд намедиҳад:

          Хуш бош кунун, умр барбод мадеҳ.

Адиби чирадаст роҳи осонгузар наҷуста, аз паи воқиа мустақим меравад. Ва дар ин роҳ пеш аз ҳама ба сидқу имон такя мекунад. Сидқу имонро неъмати воло медонад. Ва менигорад: “…дар ҷое ки садоқат ва имон ҳаст, чирадастӣ низ ҳувайдост”.

Ин аст, ки қаҳрамони асарҳои ў якрангу дурусткор нестанд. Гўё аз рўи гуфтаи Шекспир амал кардааст; оинаро муқобили табиат гузошта, камбудиву нуқсонҳоро нишон додааст. Аз ин рў ҳар як офаридаи ў исён дорад, зиддият дорад, шубҳа дорад. Дар ин ҳам олами ботинии қаҳрамони асар ба ҷилва меояд. Покӣ ва самимияти дили адиб эҳсос мегардад. Ва ин ҳама ноҳамворӣ ва мураккабиҳои зиндагӣ хонандаро ба ҳаяҷон оварда, ба гирдоби андеша мекашад.

Хонанда аз моҳияти ҳастӣ, мақоми инсон дар зиндагӣ ва паҳлуҳои мутазоди табиату ҷамъият дафъатан ҷиддан фикр хоҳад кард. Ва дар ин бора ки худи адиб хеле хуб менависад: “Яъне ў худ кист, чаро ба ин дунёи равшан омадааст, баъд аз сараш мардум дар ҳаққи вай чӣ мегўянд, ба фарзандонаш маънии аслии ҳастиро фаҳмондааст ё не… Ва ниҳоят, барои чӣ дар зиндагӣ некиро ситоиш мекунаду бадиро – маҳкум?”

Шоистаи таваҷҷўҳ аст, ки Саттор Турсун ҳамеша ба ҳаёт ва адабиёт муносибати ҷиддӣ дошта, дар ҷустуҷўй пайгирона мебошад. Аз ин рў бо бозёфти воситаҳои тозаи тасвир, дар тадқиқи воқиан бадеии ҳодисоти рўзгори мараккаб хонандагони худро хушнуд мегардонад. Ва ба ин гуфта қиссаи “Ҳасрат” далел шуда метавонад. Олими ҷавон Мисбоҳиддини Нарзиқул менависад: “Қиссаи “Ҳасрат”-и Саттор Турсун аз нигоҳи банду баст ва тарзи баёни воқеа андар воқеа ба жанри қиссаи суннатӣ наздикӣ дошта, хусусиятҳои тасвири бадеӣ, шахсиятсозӣ, манзаранигории ҷолиб ва пайгирии андешаҳою диди таҳлилии мусанниф ба он зам гардидааст. Аз ин нигоҳ, ба назари мо, қиссаи “Ҳасрат”-ро метавон ҳамчун намунаи боризи қиссаҳои солҳои охири адабиёти тоҷикӣ ба шумор овард ва ба ҳунари офарандагии нависандаи соҳибзавқ Саттор Турсун арҷ гузошт”.

Воситаи тасвир, сабки баён, ҳунари адиб пеш аз ҳама ба мазмуну мундариҷа, ба мақсаду ҳадаф тобеъ гаштааст. Ин аст, ки мавзўъ ва мундараҷаи ғоявии асар хеле баланд аст. Ба ҳамин маънӣ Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ба маврид гуфтааст:

            Агар хушмандӣ, ба маънӣ гирой,

            Ки маънӣ бимонад, на сурат ба ҷой!.

Ва аз ҳама муҳимаш набзу нафаси ҳаётро дар ҳамбастагӣ бо дардҳои табобатталаби ҷомиаи муосир бо чашми дил дидаву санҷида, дар мизони ақл баркашида, дақиқ ва аниқ тадқиқ намуда, ба вай оҳанги умумиинсонӣ мебахшад. Ва ин ҳама дар доираи ҳадшиносиву нозуксанҷии адиб қарор дорад. Ин аст, ки сарнавишту симоҳо равшан ба назар мерасанд ва дили хонандаро ба даст меоранд.

Қаҳрамонҳои қисса Хуросон, Исроил, Баҳодур ҳарчанд дур аз зодгоҳи худ ҳастанд, бо одобу ахлоқ ва анъанаҳои неки падару бобоён умр ба сар мебаранд. Аммо ба ноҳаққӣ асло муросо намекунанд. Вақте ки қаҳру ғазаб ба умқи пайкар мераваду Хуросон баҳри дифои ноҳаққӣ муқобили иғвогари гузаро – Сафаралӣ бармехезад, хонанда ба ҳаяҷон омада, нафасро зиндонӣ намуда, мегўяд: “Тамом, ўро зада маҷақ мекунад!” Бале, ў метавонист ба як мушт Сафаралиро маҷақ кунад. Вале ҳадде ҳаст, ки аз он намегузарад. Ва “Астағфируллоҳ!” гўён гардани шайтонро мешиканад. Дар аввал ин хонандаро ба ғазаб меорад ва баъдан ўро чунин ҳолате рух медиҳад, ки ҳафт пушташро андеша карда, ба фикри оянда меафтад.

Қисса ба сўҳбати ду зани деҳотӣ – Бибирухсора ва Суҳайло занҷирбанд мегардад, ки ин ҳам бозёфти эдодии адиб мебошад. Сўҳбати ин ду зан басо ҷолиб ва ширадору дилпазир аст. Зеро муомилаву муколамаи онҳо оҳанге аз латофату зарофати халқиро дорост. Ва ширу шакар кардани сухан дар қисса онро басо намакин кардааст.

Қаҳрамони қисса то дараҷае ибратомўз аст, ки дар охир Суҳайло бо ҳавас орзу мекунад:

“ – Кошкӣ Сўҳроби мо, бадбахт, монанди ту мебуд!”.

Қисса-эссеи “Дўсти ман Бароталӣ” ҳам хеле марғубу хонданӣ баромадааст. Таҷрибаи бои қаламкашӣ ва ҳаётӣ, мушоҳидаҳои амиқи нависанда ба ў имкон додааст, ки характеру образҳои мушаххас офарад. Садоқат ба халқу ватан, пос доштани хотири гузаштагон ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ғояи асосии қиссаро ташкил медиҳанд. Муаллиф симои Бароталӣ Олимовро хеле боварибахш ва басо рангину шево офаридааст, ки шоёни аҳсану офарин мебошад.

Дар ҳаёт бисёриҳо нақши шахсиятро рад мекунанд. Аммо муаллифи қисса инро ҳазён шуморида, бо мисолҳои мушаххас нақши шахсиятро исбот менамояд.

Яке аз ин нуқтаҳо муносибат ба мероси ниёгон ва вафодорӣ ба поси хотири бузургон мебошад.  Инсони оқилу дурандеш айёми мозиро фаромўш насохта, бештар ба пайванди наслҳо эътибор медиҳад.

Барҳақ, имрўз бе гузашта, фардо бе имрўз вуҷуд надорад!

“…Ку ҳоло худат ба мулоҳиза гир – аслан хотираи ниёгон ба мо лозим, ё ба онҳо?

– Албатта ба мо, – гуфтам ман. – Ёди рафтагон аст, ки ба қадри зиндагӣ расида, аз гузарон будани дунё вндеша меронем. Ва то метавонем, некиро пешаи худ қарор дода, аз мардумозорӣ ҳазар мекунем. Ҳарчанд инашро ҳам гуфтан лозим аст, ки дар дунё ҳар хел одамон ҳастанд. Яке мефаҳмад, дигаре намефаҳмад, ё умуман фаҳмидан намехоҳад. Мувофиқи тамизаш, дилу нияташ…”

Дар қисса таъкид мешавад, ки инсон худашро худаш месозад. Роҳи рост ё роҳи каҷ – худаш интихоб мекунад. Албатта, мувофиқи ахлоқ ва дилу нияташ. Аз ин рў яке дар ғами ободӣ бошад, дигаре вайронӣ мехоҳад. Яке агар ба фитодае даст диҳад, дигаре фитодаро лагад мезанад. Ва инҳо ҳатман мукофоти амал хоҳанд гирифт. Беҳуда халқ нагуфтааст: “Ҳар кас кунад, ба худ кунад, хоҳ нек кунад, хоҳ бад кунад”.

Бешубҳа, зиндагиномаи Бароталӣ Олимов ба хонанда дарси ибрат мегардад. Чунон ки Мирзо Бедил гуфта:

           То чашм ба ибрат накушодаст касе,

           Гардан ба итоат наниҳодаст касе.

Дар маҷмўъа панҷ ҳикояи адиб ҷой дода шудааст. Ҳикояҳо аз ҷиҳати мавзўъ мухталиф бошанд ҳам, дар онҳо паҳлуҳо ва ҷиҳатҳои муҳимму номаълум, тазодҳои зиндагӣ ва ҳодисаву воқеаҳои муассир инъикос ёфтаанд. Адиб мавзўъҳои тоза ва бархўрди замонро аз равзани масъалагузорӣ ҷолиб интихоб намуда, дар банду баст назаррас ва хушобуранг ба тасвир меорад.

Барои тақвияти ин ақида бигирем, масалан, ҳикояи “Ноомади кор”-ро. Дар назари аввал ҳикоя сода менамояд. Вале адиб дар ҷамъбасти ҳикоя чунин гардишеро ба амал овардааст, ки хонандаро такон медиҳад. Ва ба андеша водор месозад. Зеро ў сухани ростро менависад. Сафар ва ошноии худро ба ин неругоҳи азим иҷмолӣ, ҳатто як ноомади кор, як бебарорӣ мешуморад. Ин иқрор мардона буда, шоистаи таҳсин аст. Воқиан ҳам асар бояд гардишҳои ногаҳон дошта бошад. Агар не, он ҳолате ки адиб ба тасвир меорад, фақат гапи хушку холӣ хоҳад буд.

Саттор Турсун адибест дорои ғурури ҳунарӣ, ки мо онро дар “Фонуси хаёд” – сатрҳои гаҳу ногаҳ бармало мебинем.  Аммо мо бояд ин сатрҳои ўро ба худбинии ў ҳамл накунем. Зеро замон ҳаминро талаб менамояд. Ва ин амал аз ҷониби адибе чун Саттор Турсун, ки дорои табъи воло мебошад, чун як амри воқеӣ ҷилвагар мешавад. Худи ў ба ин нуқта равшанӣ андохта, менависад: “Иззатталабӣ хислати хуб нест. Лекин дифоъ аз шарафи инсонӣ ва иззати нафси худ шарт аст”.

Агар гўем, ки дар ҳар як сатр таҷрибаи рўзгори кори ў нуҳуфтааст, зиёдаравӣ нахоҳем кард. Афкорашро дар мизони сухан малеҳ, ба ғановату фасеҳ ба қалам медиҳад. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: “Айби сухан дарозии он аст”. Ё дар ҳадиси дигар таъкид намудаанд: “Зебоии сухан ба кўтаҳӣ ва ихтисор аст”. Кўтаҳбаёнӣ ҳусни сухани Саттор Турсунро афзудааст. Саъдии бузург мегўяд:

                  Сухан бисёр дону андаке гўй,

                  Якеро сад магў, садро яке гўй.

Ва мақоли русӣ ҳам ҳаст: “Краткост – сестра таланта”.

Саттор Турсун дар аввали “Фонуси хаёл” чунин андеша меронад: “Дар шаҳру деҳоти Гурҷистон, ба хусус дар нишастҳои дўстона, зуд-зуд ба забон меоранд, ки Парвардигор, агар парвоз медиҳӣ, парвози уқобона бидеҳ; агар марг медиҳӣ, марги мардона бидеҳ; агар дўст медиҳӣ, дўсти вафодор бидеҳ; агар душман медиҳӣ, душмани росткор бидеҳ! Муҳиммаш, ба зиёда такрор ёфтан низ дар бади кас намезанад ин суханҳо. Ва гумон мебарам минбаъд ҳам давра ба давра дархури ҳаёти инсонҳо мемонад. Зеро Худо накунад, ки фарзанди одамизод гирифтори банди зиллат, тарсу таҳлика ва разолат гардад. Ё бадтар аз ин, асири доми пинҳон ва заҳрогини душмани занмизоҷ бошад. Охир, кам ё беш, ба ҳар ҳол… ман дар зиндагии ноҳамвори худ ба якта-нимта махлуқони хапгир рў ба рў омада, ҳосили макру хиёнати онҳоро ба ду чашми сар дидаам!”

Ба андешаи Саттор Турсун: “Таърих модари ҳақиқат аст” наметавон розӣ нашуд. Воқеан, яке аз мавзўъҳои мавриди андешаи адиб масъалаи ҳақиқат мебошад. Ў ҳакимона панд медиҳад: “Адиб агар аз паи ҳақиқат намеравад, ё ҳамон нимчамуллост, ё умуман вуҷуд надорад”.

Бояд эътироф кунем, ки сатрҳои гаҳу ногаҳ пур аз ҳикмат буда, ба хонанда як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшанд.

“Миллате ки насри аъло надорад, ба мисли давлатест белашкар, беиқтисод, бесаноат…”.

“Баъзан зоғи бадмур дар назари ҷумиа мурғи салтанат метобад”

“Одами тинаташ нопок ҳар қадар донишманд бошад, ҳамон қадар хавфнок аст”.

“Шубҳа муҳимтарин маҳак аст дар кашфи ҳақиқат”.

“Миллатчигӣ айни таҷовуз аст”.

“Бадӣ ба асои некӣ мегардад”.

Яке аз фазилатҳои дигари Саттор Турсун ин баёни андешаҳои хеш мебошад, ки мақоми адиб дар муҳаббат ба Ватан равшан мегардад. Ва дар ин ҷода аз доираи инсоф берун намебарояд. Худи ў мегўяд: “Ниҳоят бояд донист – дар ҳама кор инсоф мебояд”. Шояд аз дили касе гузарад, ки ин кор чӣ душворӣ дорад. Гўё ин ҳама равшану возеҳ аст. Танҳо остинро барзада аз паи кор шудан лозим. Тамом вассалом! Не, хато мекунанд. Ин кори он қадар осон нест. Аввалан, фаросати модарзодӣ лозим. Сониян, дар мавқеъ ва маслаки хеш пайваста устувор бояд буд. Солисан, дилу нияти соф мебояд. Ва ахиран, барои ҳақгўю ҳақҷў будан каму беш ҷасорат даркор. Ин аст, ки Саттор Турсун менигорад: “Пайваста кўшиш ба кор бар, ки гирифтори тарс нашавӣ. Ҳеҷ гоҳ, бигузор дар сангинтарин ҳолатҳо… натарс. Сараввал ҳазрати Алиро ба ёд ор. Бузургтарин бало тарс аст, – мегўяд ў. Ва рост мегўяд…”

Саттор Турсун метавонист аз душвориҳои ҳаёт умуман нанависад. Аммо пайваста менависад. Худи ў менигорад: “Оё хуб нест, ки фақат беҳтарин хислатҳои худро намоиш диҳӣ? Аз душвориҳои зиндагиат ҳарфе ба забон наорӣ…

Не, самимият ва дилсофӣ силоҳи пурқувват буда, аз печидагиҳо рўирост сухан гуфтан… баръакс – нишона аз тавонгарии шахсият аст, далел аз эътимод ва ғановати вуҷуди ўст”.

Бо итминон ва сипос гуфтан мебояд, ки ў ба оянда ба чашми умеду эътимод менигарад ва амин аст, ки минбаъд кишвари худро ободу зеботар ва мардуми онро дар ниҳояти беҳрўзӣ хоҳад дид.

Вай гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки пос доштани арзишҳои инсонӣ аз масоиле нестанд, ки кўчаку беэътибораш шуморем. Баръакс, рух додани беэҳтиромӣ ва нописандӣ аз ҷониби шахси ҷоҳил метавонад боиси марги эшон гардад. Дигар ин ки, созандагӣ, ободӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан мисли ишқ, муҳаббат, меҳри модар, қимати инсон ва дигар падидаҳои неки инсонӣ азалиянд ва ба иваз шудани сохти ҷомеа ва ё ба сари қудрат омадани ҳизбеву гурўҳе қимати худро гум намекунанд. Зеро новобаста аз ягон сохти ҷомеа инсон Ватанашро дўст медорад, ошиқ мешавад, гузаштагони худро пос медорад ва ҳамеша ёду хаёли кўдакӣ ҳамроҳи ўст.

Баъзеҳо мегўянд, ки ман ба сиёсат коре надорам. Инро фикри ботил мешуморад нависанда ва менигорад: “Шумо агар аз сиёсат бохабар набошед, сиёсат аз шумо хабардор хоҳад буд”. Ақидаҳои сиёсии Саттор Турсун хеле бақувватанд. Ва онҳо дар қисми публитситикаи китоб фароҳам омадаанд.  Саттор Турсун солҳои навадум ба ин жанр бештар рўй овард. Зеро вазъи ноҷўри иҷтимоӣ дар кишвар ҳаминро тақозо мекард. Чунон ки худи ў менависад: “…мехостам ба дарди ҷомиа аз таҳти дил шарик бошам, доир ба ин ё он масъалаи доғ андешаҳои худро баён дорам”.

Саттор Турсун ба мавзўи муносибатҳои миллӣ хеле нозукона муносиба мекунад. зеро медонад, ки саҳлгириву сатҳкорӣ дар ин масъала норавост. Ва ба ҳисси ватандўстӣ бештар диққат дода, миллатчигиро маҳкум менамояд. Онро бадтарин зуҳурот дар муносибатҳои инсонӣ мешуморад. Ин дағдаға бало меорад, боиси ҷангу ҷидол ва шўрбахтиҳо мегардад. Аз ҳама бадаш, ба алоқаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳо футур меравад. Ба худи мардуми миллатчӣ низ зарбаҳои фалокатбор мерасад.

Саттор Турсун дар андешаҳои хеш умри тезгузар ва чӣ қудрати бузург доштани умедро таъкид месозад. Ва боз бо сўзи дил менависад: “Моро беғамӣ мекушад, дар муносибат ба навиштаҳои  якдигар бетафовут будан мекушад”.

Адиби мо ҳар чӣ навиштааст, ба фармони дил ва аз мағзи ҷигар навиштааст. Аз ин рў офаридаҳояш аз умқи дилаш бисёр муассир таровида, ба зеҳни ҳазорон хонанда раҳ ёфта, дили онҳоро ба даст меорад. Ва онҳоро ба олами инсондўстиву нафосат, дарду ормонҳои баланд, вусъати ҳиссу ҳаяҷон ва андешаи амиқ мебарад. Табъу идроки онҳро дар олами ҳастӣ вусъат мебахшад, ба бедории тафаккури онҳо ғизо медиҳад ва бешубҳа онҳо бештар рў ба некиву накўкорӣ меоранд.

5 августи соли 2007

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …