Главная / Ҷамъият / Гулваши Иброҳими Наққош

Гулваши Иброҳими Наққош

Гулваш донишҷӯи соли яввали факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байнифарҳангии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сисёати Тоҷикистон буда, новобаста аз касби нитихобнамудааш ба адабиёт дилбастагии зиёд дорад. Зеро ӯ дар хонадоне ба дунё омадаву ба воя расидааст, ки ҳамагон аҳли сухану адабанд. Падараш Иброҳими Наққош шоир, адабиётшинос маншинос, олим ва хаттоти чирадаст буда, муаллифи 70 китоби мунташир аст. Модараш Мусаллама Элназарова омӯзгори синфҳои нбтидоӣ буда ба адабиёт алоқаи зиёде дорад. Дар ин хонадон теъдоди фаровони китобҳо ва рисолаҳои нодир махфуз буда, Гулваш аз онҳо баҳравар мегардад. Ин духтари хуштолеъ бо пайроҳаи падари бузургвори хеш қадам ниҳодааст ва ният кардаасг, ки чун падараш дар густариши фарҳанги мардум хизматҳои пайгирона дошта бошад. Ӯ ифтихор аз он мекунад, ки падарашро дар ҳама кунҷу канори кишвари азизаш хосу ом мешиносанд ва эҳтироми ҳангу фтеро нисбати ӯ қоиланд. Ин иқдоми Гулваш сазовори ташаккур асг.

Китоби Гулваши Иброҳими НаққошКитобе, ки  иқдоми нахустини Гулваши Иброҳими Наққош дар таҳияи ашъори шоирони тоҷик буда, ба ситоиши падару модар бахшида шудаасг. Шеърҳо на танҳо аз китобҳо балки аз рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳатто аз дастхатҳо фароҳам оварда шудааид. ки ин аз заҳматписандии таҳиягар дарак медиҳад. Хонандагони мактабҳои мутавасситу донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ ва умуман ҳамаи алоқамандони адабиёт ба доштани чунин китоб ниёзманданд.

Мо ин иқдоми Гулваши Иброҳими Наққошро сидқаи муборакбод мегӯем ва барояш дар пайроҳаи падар қадамҳои усгувор таманно менамоем.

Равшани Ҳамроҳ, узви

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

1 ноябри соли 2015.

Модарам – омӯзгори ман

Аз синаи модар чу ҷудо гашт лаби ман,

Аз ҷабри фалак ман сари ангушт газидам.

Равшани Ҳамроҳ

Модари азизам, ту барои ман хизмати шоистае кардаӣ. Маро ба ин дунё овардӣ. Барои ман чи қадар шабҳои бехобӣ кашидаӣ. Ҳангоми бемор шуданам шабҳои дарозро болои сарам рӯз кардаӣ. Ҳангоми хандиданам хандидӣ, ҳангоми гиристанам гиристӣ.

Ҳангоми мактабравиам аз дастам гирифта маро ба мактаб бурдӣ. Ту дар хона омӯзгори ман шуда ба ман сабақҳо додӣ. Дар баробари ин ба ман дарси ростиву накӯкорӣ ва инсонигарӣ додӣ. Аз барои ман дар намозҳоят чи кадар дуоҳои иск кардӣ.

Модарам, тибқи фармудаи Расули акрам (с) ҷаннат зери пойи ту қарор дорад. Чи қадар кӯшиш кунам ҳам, якшаба ранҷатро адо карда наметавонам, умре аз ту қарздорам.

Модарҷонам, маро дуо кун, ман ба дуои ту муҳтоҷам. Чунонки устод Равшани Ҳамроҳ фармудаанд:

Дуои модарони пир гардонад балоҳоро,

Мусофирро ризогии падарҳо зинда медорад.

Модарам, ту чароғи тобони ҳасти ман ҳастӣ. Ту умеди май дар ин дунё, ман барои ту зиндагӣ мекунам. Ту тамоми орзуҳоятро дар ман мебинӣ. Чунки ту дар ҳаёт бисёр азоб кашидаӣ ва намехоҳӣ ман ҳам он азобҳои туро кашам.

Оҳ модарам, ту чи қадар бузург ҳастӣ. Васфи туро кардан мушкил аст. Чунки қалам барои туро васф кардан оҷизӣ мекашад.

Ман ин китоби ба сифати гулчин таҳия намудаи худро бо меҳру муҳаббати хоса ба ту эҳдо менамоям.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …