Главная / Чамъият / Гулваши Иброхими Наккош

Гулваши Иброхими Наккош

Гулваш донишчуи соли яввали факултети сиёсатшиноси ва муносибатхои байнифархангии Донишгохи давлатии хукук бизнес ва сисёати Точикистон буда, новобаста аз касби нитихобнамудааш ба адабиёт дилбастагии зиёд дорад. Зеро у дар хонадоне ба дунё омадаву ба воя расидааст, ки хамагон ахли сухану адабанд. Падараш Иброхими Наккош шоир, адабиётшинос маншинос, олим ва хаттоти чирадаст буда, муаллифи 70 китоби мунташир аст. Модараш Мусаллама Элназарова омузгори синфхои нбтидои буда ба адабиёт алокаи зиёде дорад. Дар ин хонадон теъдоди фаровони китобхо ва рисолахои нодир махфуз буда, Гулваш аз онхо бахравар мегардад. Ин духтари хуштолеъ бо пайрохаи падари бузургвори хеш кадам ниходааст ва ният кардаасг, ки чун падараш дар густариши фарханги мардум хизматхои пайгирона дошта бошад. У ифтихор аз он мекунад, ки падарашро дар хама кунчу канори кишвари азизаш хосу ом мешиносанд ва эхтироми хангу фтеро нисбати у коиланд. Ин икдоми Гулваш сазовори ташаккур асг.

Китоби Гулваши Иброхими НаккошКитобе, ки  икдоми нахустини Гулваши Иброхими Наккош дар тахияи ашъори шоирони точик буда, ба ситоиши падару модар бахшида шудаасг. Шеърхо на танхо аз китобхо балки аз рузномаву мачаллахо ва хатто аз дастхатхо фарохам оварда шудааид. ки ин аз захматписандии тахиягар дарак медихад. Хонандагони мактабхои мутавасситу донишчуёни макотиби олии чумхури ва умуман хамаи алокамандони адабиёт ба доштани чунин китоб ниёзманданд.

Мо ин икдоми Гулваши Иброхими Наккошро сидкаи муборакбод мегуем ва барояш дар пайрохаи падар кадамхои усгувор таманно менамоем.

Равшани Хамрох, узви

Иттифоки нависандагони Точикистон

1 ноябри соли 2015.

Модарам – омузгори ман

Аз синаи модар чу чудо гашт лаби ман,

Аз чабри фалак ман сари ангушт газидам.

Равшани Хамрох

Модари азизам, ту барои ман хизмати шоистае кардаи. Маро ба ин дунё оварди. Барои ман чи кадар шабхои бехоби кашидаи. Хангоми бемор шуданам шабхои дарозро болои сарам руз кардаи. Хангоми хандиданам хандиди, хангоми гиристанам гиристи.

Хангоми мактабравиам аз дастам гирифта маро ба мактаб бурди. Ту дар хона омузгори ман шуда ба ман сабакхо доди. Дар баробари ин ба ман дарси ростиву накукори ва инсонигари доди. Аз барои ман дар намозхоят чи кадар дуохои иск карди.

Модарам, тибки фармудаи Расули акрам (с) чаннат зери пойи ту карор дорад. Чи кадар кушиш кунам хам, якшаба ранчатро адо карда наметавонам, умре аз ту карздорам.

Модарчонам, маро дуо кун, ман ба дуои ту мухточам. Чунонки устод Равшани Хамрох фармудаанд:

Дуои модарони пир гардонад балохоро,

Мусофирро ризогии падархо зинда медорад.

Модарам, ту чароги тобони хасти ман хасти. Ту умеди май дар ин дунё, ман барои ту зиндаги мекунам. Ту тамоми орзухоятро дар ман мебини. Чунки ту дар хаёт бисёр азоб кашидаи ва намехохи ман хам он азобхои туро кашам.

Ох модарам, ту чи кадар бузург хасти. Васфи туро кардан мушкил аст. Чунки калам барои туро васф кардан очизи мекашад.

Ман ин китоби ба сифати гулчин тахия намудаи худро бо мехру мухаббати хоса ба ту эхдо менамоям.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …